Маросимҳо
Муҳтарам Бегмурод Раҷабов!
Шуморо ба муносибати 40-умин солгарди мавлуди фирӯзатон табрику таҳният гуфта, бароятон умри дарозу ризқи фароз ва тансиҳативу сарбаландиро аз даргоҳи Худованд таманно дорем. Бигзор ҳамеша чун офтоб нурбахши дилҳои пайвандонатон ва азизи ҳамагон бошед!
Мо, ҳама аҳли кормандон ва ҳамкоронатон, таманнои онро дорем, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо болои саратон нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинед.
Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем,
Дар хонаи ту файзи фаровон бинем.
Дар дил ба ҳар умед, ки дорӣ, бирасӣ,
Мо шодию бахти хеш дар он бинем.
Ҳамкорон ва ҳайати эҷодии рӯзномаи «Молия ва иқтисод»