Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хатмкардагон

Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад.
Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон омодасозии мутахассисон дар зинаи магистратура аз рӯи 10 ихтисос ба роҳ монда шудааст:


- “Молия ва қарз”;
- “Молия ва қарз дар ФИБ”;
- “Технология  ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт”;
- “Аудит ва ревизия”;
- “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит”;
- “Хадамоти гумрук”;
- “Кори бонкӣ”;
- “Андоз ва андозбандӣ”;
- “Менеҷмент”;
- “Ҳуқуқи иқтисодӣ”.     

Магистратураи Донишкадаи молия ва иқтисодро соли 2015 51 нафар аз рӯи 4-ихтисос, с.2016 116 нафар аз рӯи 7-ихтисос, бо дараҷаи магистри соҳаи иқтисодиётро аз хатм намуданд.
Айни замон магистрантони хатмкарда дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолияти корӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла:



1. БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
2. ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
3. ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
4. БДА ҶТ АМОНАТБОНК
5. ҶСК ТОҶИКСОДИРОТБОНК
6. ҶСК АГРОИНВЕСТБОНК
7. ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН
8. ТАШКИЛОТИ ҚАРЗИИ ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ
9. ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
10. ДОНИШКАДАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН