Маълумот

Парки технолгии ДДМИТ- маркази муосири рушду густариши инноватсия ва технологияи иттилоотӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистони мебошад ки аз соли 2018 инљониб дар асоси шањодатномаи № 0410027090 дар назди донишгоҳ фаъолият менамояд.

Ҳадафи асосии мо – мусоидат ба рушди иқтисоди рақамӣ, таъмини шароити мусоид ва фароҳамсозии муҳити эҷодӣ барои мутахассисони ҷавон мебошад.

Мақсади асосии Парки технологии ДДМИТ-рушди инноватсия, гузариши технологияҳои нав, истеҳсоли маҳсулоти технологӣ. Вазифаи асосии он бошад коркарди илмӣ, саноат, ҳамкори бо донишгоҳҳо, марказҳои тадқиқотӣ.

Басти вазифавӣ, Парки технолгии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ё шахсони калидӣ: директор, сармуҳосиб, мутахассис.

Парк дар асоси Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Парки технологӣ ба  сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, фаъолият менамояд.

Парк дар сохтор ва ҳудуди донишгоҳ ҷойгир буда, субъекти асосии донишгоҳ мебошад ва дар бинои алоҳида ҷойгир аст, бо интернети баландсуръати замонавӣ пайваст мебошад.

Айни змон, Парки технологӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо як лоиҳаи байни Ширкати "Shandong Lingsheng International Education Consulting Co., Ltd."-и Ҷумҳурии мардумии Чин фаъолият намуда истодааст, ки мақсади асоси рушди инноватсия, гузариши технологияҳои нав, истеҳсоли маҳсулоти технологӣ мебошад. Дар оянда низ мақсад дорем бо ҷалби лоиҳаҳо аз хориҷи кишвар ба ҳамкориҳои беруна дар ин самт тақвият бахшем.


Кормандон