НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛИШАВИИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР
Дар ҷаҳони муосир масъалаи рушди устувор ҳамчун як самти калидӣ барои таъмини зиндагии шоистаи инсон ва ҳифзи сайёра ба миён омадааст.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалишавии Ҳадафҳои рушди устувор пайваста тадбирҳои дахлдорро роҳандозӣ менамояд.
Боиси тазаккур аст, ки моҳи сентябри соли 2015 дар ҷаласаи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Ҳадафҳои рушди устувор дар шакли «Нақша барои ноил шудан ба ояндаи беҳтар ва устувории бештар барои ҳама» ба ҷойи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола (солҳои 2000-2015) ба тасвиб расид.
Дар ҷаласаи мазкур ҳуҷҷати номбурда аз ҷониби намояндагони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда шуд, ки 17 ҳадаф ва 169 вазифаи ба онҳо марбутро дар бар мегирад. Диққати асосӣ дар ҳадафҳои мазкур ба консепсияи рушди устувори инсон нигаронида шуда, вазифаҳои калидии он пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсол, инчунин, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд.
Дар Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷати стратегии марбут ба ноилгардӣ ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар ва Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардида, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Ҳадафҳои рушди устуворро ба пуррагӣ фаро мегирад.
Стратегияи 2030, инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад [1].
Бояд иброз намуд, ки ҷиҳати амалишавии нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаҳои Ҳадафҳои рушди устувор, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ диққати махсус зоҳир менамояд.
Омӯзиши паёмҳо ва суханрониҳои Сарвари давлат дар минбарҳои сатҳи баланди миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳон нишон дод, ки дар баробари дигар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба масъалаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқворӣ, тарзи ҳаёти солим, рушди маориф, илм ва фарҳанг, ҳимояи ҳуқуқ ва ташаккули мавқеи занон дар ҷомеа, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, шуғли пурраи аҳолӣ, саноатикунонии босуръат, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон диққати махсус зоҳир гардида, тадбирҳои созанда амалӣ шуда истодааст [2].
Ҳамзамон, амалишавии иқдомҳои пайгиронаи Ҳукумати кишвар баҳри татбиқи ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар заминаи амалӣ гардидани тадбирҳои ислоҳотӣ дар самтҳо ва соҳаҳои муҳими давлатӣ, бахусус идоракунӣ, молия, фаъолияти бонкӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути таҳия ва татбиқи як қатор барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалисозии тадбирҳои муассир барои ҳаматарафа рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид гузошт.
Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2016-2022 дар амалишавии ҲРУ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ин давра, аз рӯи баҳогузориҳо бештари нишондиҳандаҳои ҳадафҳоро иҷро намудааст.
Новобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта, таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, шиддат гирифтани таҳримҳои иқтисодӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои дахлдор дар самти амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини нишондиҳандаҳои стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади аҳолӣ 2,1 баробар, музди миёнаи меҳнат 1,5 баробар афзоиш ёфтанд [3].
Шоистаи таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду даҳсолаи ахир ҳамчун яке аз пешсафони ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти мудирияти устувори захираҳои об ва мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст. Дар партави ин раванд, кишвар тавонист модели мустақили дипломатияи обро ташаккул дода, тавассути он саҳми муассир ва ташаккулдиҳандаи худро дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ ироа намояд.
Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт хусусияти стратегии баланд дошта, ташаббусҳои пайдарпайи Ӯ дар арсаи байналмилалӣ аз эҳтиром ва дастгирии васеъ бархӯрдор шудаанд. Аз ҷумла, пешниҳоди панҷуми ҷониби Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъин намудани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо пуштибонии ҳамаҷонибаи давлатҳои узв ба таври якдилона дар Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Ин иқдом ба мисли ташаббусҳои қаблии марбут ба даҳсолаҳое, ки таҳти унвонҳои “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” роҳандозӣ гардида буданд, ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар самти таъмини амнияти об ва ҳифзи муҳити зист ташкил медиҳад. Ҳамзамон, ин ташаббусҳо ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва иқлим такони ҷиддӣ бахшида, обрӯи геосиёсии кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳким мебахшанд.
Масъалаи рушди илму маориф, таъмини таҳсилоти боадолатонаи босифат ва фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои илму донишомӯзии наврасону ҷавонон зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта, дар ин радиф, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди кишвар 3420 муассисаи таълимӣ ва 2827 муассисаи тиббӣ сохта шуд, ки дастрасиро ба таҳсилоти босифат ва тандурустӣ ба таври назаррас беҳтар гардонида истодааст.
Ҳамзамон, дар ин давра, ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, таъмини тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба некуаҳволии мардум низ диққати махсус зоҳир гардида, ҳазорҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Инчунин, Тоҷикистон бо талошҳои созандаи Сарвари давлат тавонист, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 2000 МВт иқтидори иловагии барқӣ сохта ба истифода дода, дастрасии аҳолии деҳотро ба неруи барқ то 98 фоиз дар соли 2022 расонида, камбизоатии энергетикиро коҳиш диҳад. Имрӯзҳо Тоҷикистонро бо кӯшишҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мешиносанд. Ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Ҳамчунин, бо мақсади рушди босуботи соҳаи энергетика дар ин давра, дар кишвар иншооти гидроэнергетикӣ ба монанди як қатор неругоҳҳои хурду бузурги барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба истифода дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки айни замон масъалаҳои суръатбахшии рушди соҳаи саноату нақлиёт, дигаргунсозии куллии сохторӣ, таъсиси корхонаҳои хусусӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ, ҷорӣ намудани навовариҳои техникию технологӣ дар истеҳсолоти саноатӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор гирифта, давоми соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини саноатикунонии босуръат ва рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар 2400 км роҳ, 326 пул, 6 нақби автомобилгард, 219 км роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, ба масъалаҳои маданияти заминдорӣ, бахусус, ба кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста ба кишоварзон ва масъулини соҳа дастуру тавсияҳои судманд медиҳанд. Дар натиҷаи ин тадбирҳо ва тавсияҳо дар панҷ соли охир майдони кишти заминҳои такрорӣ аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расид. Тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.
Амалӣ гардонидани чунин тадбирҳо имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 31 фоизи дар соли 2015 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.
Тоҷикистон дар ин давра, таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ пешбинишуда қадамҳои устувор гузошта, андешидани чунин тадбирҳоро идома дода истодааст.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаи хориҷии худ ҳамеша ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ буда, дар ҷаласаҳо ва форумҳои сатҳи баланд бо пешниҳоди ташаббусҳо ва иштироки фаъол мавқеи Тоҷикистонро ҳифз менамоянд.
Ҳамчунон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 сентябри соли 2023 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ибрози назар доштанд.
Ҳамоҳангсозии стратегияҳои миллӣ бо Ҳадафҳои рушди устувор, татбиқи ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ, ташаббусҳои глобалӣ ва рушди ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ - ҳамаи ин далели онанд, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои худ дар роҳи рушди устувор устуворона пеш меравад.
Модели рушди Тоҷикистон, ки мутобиқ бо Ҳадафҳои рушди устувор таҳия ва татбиқ мешавад, метавонад ҳамчун намунаи муваффақ барои кишварҳои рӯ ба рушд арзёбӣ гардад.
Дар маҷмуъ, Тоқикистон бо талошҳои созандаи Сарвари давлат тавонист, ки давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва Ҳадафҳои рушди устувор ба дастовардҳои назаррас комёб гардад. Ҳамзамон, дар ин самтҳо амалишавии тадбирҳои судмандро идома дода истодааст.
Адабиёт:
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. - 5 с.
- Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», солҳои 2020-2024.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2023.
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 20 сентябри соли 2023.
Раҳимзода Баҳодур Карим,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng