НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятдори стратегии Тоҷикистон маҳсуб гардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сифатан баланди ғизоӣ ва бехатарии озуқавориро вазифаи муҳими Ҳукумати кишвар муқаррар намуданд.
Таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст. Бояд эътироф намуд, ки ба зимма гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар он давра, дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист дар ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки баланди ҳувияти миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад.
Сарвари мамлакат пайваста таъкид менамуданд, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз ба пешрафти соҳаи мазкур вобастагӣ дорад. Пешвои муаззами миллат дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обу замин ва амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронда, истифодаи замин ба соҳиби аслии худ - деҳқон вогузор гардид.
Ба қавли Сарвари давлат, ҷудо гардидани заминҳои президентӣ ба аҳолӣ ба замоне рост омад, ки давлати Тоҷикистони тозаистиқлолро гуруснагӣ ва нестшавӣ таҳдид мекард ва ин иқдом мардумро аз ҳалокат ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дода, қадамҳои аввалинро барои рушди кишвар ба вуҷуд овард.
Яке аз ҳадафҳои асосии Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, таҳти №386 тасдиқ шудааст, истифодаи оқилонаи захираҳои дар мамлакат мавҷудбудаи кишоварзӣ, таъмини рушди устувори истеҳсолоти кишоварзӣ ва афзоиши истеҳсоли ватанӣ ба шумор мерафт. Он барои таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти бехатар ва ноил шудан ба сатҳи устувори амнияти озуқаворӣ (на камтар аз 70 дарсад) зарур буд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти асосии озуқавории ватанӣ тибқи нишондодҳои соли 2024 ба ҳисоби миёна ба 80 дарсад расонида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва бехатарии озуқаворӣ, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад». Бо назардошти ин гуфтаҳо, соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватаниро зарур аст, ки дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари давлатро дарк намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда баҳри истеҳсоли молу маҳсулоти босифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир заҳмат кашида, тавонанд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда фаъолияти худро ба роҳ монанд.
Ҳарчанд барои таъмин намудани аҳолӣ ба озуқаворӣ баъд аз ба даст овардани истиқолият осон набуд, аммо созандагию бунёдкориҳое, ки дар ин давра бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд, арзиши садсолаҳоро доранд ва аз ин шукру сипос бояд кард.
Дилошуб ДАВЛАТЗОДА,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия
Тоҷ
Рус
Eng