Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Таҳсил дар БАШГУ

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба диққати донишҷӯёни зинаи бакалавр мерасонад, ки барои таҳсил дар давоми 1 семестр дар доираи Барномаи мубодилаи донишҷӯён аз тарафи Донишгоҳи давлатии Бошқирдистони Федератсияи Россия бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо карда шудааст.
Таҳсил ва хобгоҳ ройгон буда, донишҷӯён бо ихтисоси худ метавонанд дар донишгоҳи зерин таҳсил намоянд.
Бояд қайд намуд, ки барои иштирок дар Барномаи мубодилаи донишҷӯён дар семестри тирамоҳии соли хониши 2016-2017 қайднамоӣ то 3-юми майи соли 2016 идома меёбад.
Барои иштирок намудан дар барномаи зерин донишҷӯёнро мебояд чунин ҳуҷҷатҳоро омода намоянд:
1. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ
2. Нақшаи дарсӣ (рӯйхати фанҳои семестри оянда, ки довталаб мехоҳад онҳоро дар Донишгоҳи БашГУ омӯзад)
3. Транскрипт (рӯйхати баҳоҳои гирифтаи рейтингҳои пештара)
4. Мактуб (аз донишкада)
Баъди хатми таҳсил ба донишҷӯён Сертификат оид ба иштирок ва натиҷаи фаъолияти намунавӣ супорида мешавад.
Барои маълумоти бештар гирифтан довталабон бояд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоянд.