Китобхона
Суроға:
Юнусов Абдуқаюм
Телефон:
(+99237) 884-24-57
E-mail:
a.yunusov@tgfeutj
Фаъолияти китобхонаи илмии донишгоҳ, дар асоси санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ.
Донишҷуён новобаста аз он, ки дар кадом бинои таълимӣ таҳсил менамоянд, аз китобхонаи донишгоҳ адабиётҳои лозимии худро дастрас менамоянд. Ин нишондиҳандаҳо далолат аз он медиҳанд, ки дар ҳолати аз кор рафтан ё ба рухсатии меҳнатӣ баромадан, дар варақаи гардишӣ (обходной лист) номи китобхона ба инобат гирифта шавад ва бо имзою муҳри китобхона қабул карда шавад.Чунки ин амал барои сари вақт ҷамъ овардани адабиётҳои китобхона, ки дербоз дар дасти хонанда мебошад, кумак мерасонад.
Мониторинги миёнаи моҳонаи гирдгардиши китобҳо дар соли 2019 ва се моҳаи соли 2020 чунин аст:
Мониторинги миёнаи моҳонаи давомоти донишҷуён дар китобхонаи илмии донишгоҳ дар давраи соли таҳсили 2019 ва се моҳаи соли таҳсили 2020 чунин натиҷа дод. Миқдори умумии аъзоён-хонандагон ба китобхонаи илмӣ ва электронии донишгоҳ ва мониторинги миёнаи моҳонаи гирдгардиши адабиётҳо (китобдиҳӣ) ва омаду рафти хонандагон.
№ т/т |
Муассиса |
Донишҷӯён |
Омӯзгорон ва кормандон |
Ҷамъи хонандаҳо |
Гардиши китобҳо (дар давоми моҳ) ва омаду рафт дар китоб. электронӣ |
1 |
Китобхонаи илмӣ |
3552 |
435 |
3987 |
14049 |
2 |
Китобхонаи электронӣ |
1037 |
306 |
1066 |
2682 нафар |
Ҳамагӣ |
4589 |
741 |
5053 |
16731 |
Чорабиниҳои дар донишгоҳ баргузоргардида ва ширкати кормандони китобхонаи илмӣ дар чорабиниҳои донишгоҳӣ
ва берун аз он дар давоми соли 2019- ва се моҳаи соли 2020
Дар соли 2019 китобхонаи илмии донишгоҳ дар ҳамаи мизи муддаварҳо, конференсияҳои донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла конфронси илмӣ – назарявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён дар моҳи апрели соли 2019 бо намоиши китобҳои нав ва тахассусии соҳавӣ иштирок намуд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин маълумотҳои додашуда, ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки китобхонаи илмии донишгоҳ дар ҳамаи конференсияҳо, мизи мудавварҳо ва дигар конференсияҳои илмӣ дар соли 2019 бо намоиши китобҳои тозанашри олимони донишгоҳ ва берунӣ иштирок намуд.
Мувофиқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2017, таҳти №05/5-1564 оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бо супориш ва дастгирии ректори донишгоҳ аз ҳисоби китобхонаи илмӣ, аз ҷумла 105 ҳазор нусха адабиётҳо аз китобхонаи электронӣ ва 100 нусха китобҳои тозанашри олимони донишгоҳро омода намуда ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорид.
Баъди тасдиқ ва пешниҳод гардидани рузи Президент дар китобхони илмии донишгоҳ гӯшаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуда дар он ҳамаи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъовардашуда пешниҳоди хонандагон гардонида шудааст.
Инчунин бо супориши раёсати донишгоҳ дар бинои сеюми донишгоҳ кабинети илмии Пешвои миллат ташкил карда шуда аз ҳисоби фонди китобхонаи илмии донишгоҳ 160 нусха китоб барои ин кабинет ҷудо карда шуд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2020 китобхони илмии донишгоҳ дар ҳамаи чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла дар конференсияҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бо намоиши тозанашри китобҳои олимон ва устодони донишгоҳ иштирок намуд. Ба монанди конфронси донишгоҳӣ дар таърихи 31 марти соли 2020 бо ташабусси Раёсати илм ва иноватсияи донишгоҳ ва кафедраи фаъолияти гумрукии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмиллалӣ дар мавзуи “Нақши мақомоти гумрук дар таъмин ва рушди иқтисоди миллӣ”, инчунин дар таърихи 4 апрели соли 2020 мизи муддавар-маҳфили зеҳнии кафедраҳои назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти бонкӣ дар мавзуи “Теоретическо-методологические аспекты формирование и развития финансового рынка в переходной эканомике” ва ғайраҳо ташкил ва гузаронида шуд, ки дар ин чорабинҳо китобхонаи илмӣ бо намоиши китобҳои соҳавии олимон ва устодони донишгоҳ иштирок намуд.
Дар таърихи аз 13 то 18 апрели соли 2020 дар донишгоҳ ҳафтаи илм ва конфронси илмӣ – назарявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (2020-2040) баргузор гардид. Дар рузи кушодашавии конфронси илмӣ-назарявӣ китобхонаи илмии донишгоҳ бо намоиши китобҳои тозанашри тахассусии соҳавии олимон ва устодони донишгоҳ иштирок намуд.
Директори китобхонаи илмии донишгоҳ дар соли 2018 мувофиқи мактуби Китобхонаи давлатии патентию техникии “Маркази миллиии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи китоб” ва инчунин эълон гардидани-2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Озмуни умумиҷумҳуриявии “Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018”- эълон гардида буд, иштирок ва баромад намуд. Маъмурияти китобхонаи илмии донишгоҳ барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Китобхонаи беҳтарини сол” ҳуҷҷатҳо ва дигар маводҳое, ки аз тарафи комиссияи озмунӣ талаб карда мешуд, ба Китобхонаи давлатии патентию техникии “Маркази миллиии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардонид.
Натиҷаи ин озмун дар “Рӯзи китоб” 4 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ дар Китобхонаи давлатии патентию техникии “Маркази миллиии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ин озмун соҳиби Ифтихорнома гардид.
Афзун намудани фонди китобхона, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, баланд бардоштани истеъдоди касбии кормандон ва пешниҳоди навъҳои нави хизматрасонӣ барои хонандагон ва ба ин маркази фарҳангӣ ҷалб намудани шумораи бештари хонандагон мебошад. Бе монеа дастрас намудани маълумоти зарурии соҳаҳои гуногун ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа имконоти зарурӣ фароҳам меорад. Ин ҳадаф бо роҳи ташкили хуби кори китобхонаҳо, ҷорӣ намудани технoлогияи замонавии электронӣ, коркард, ҷустуҷӯю нигаҳдории маълумот ва инчунин табодули он аз тариқи васоити телекоммуникатсионии муосир ба даст меояд.
Китобхонаи илмии донишгоҳ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” –и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо китобхонаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаро пурзур намуда, ҳамкорӣ карда истодааст.
МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНАИ ИЛМӢ.