Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Маркази ТИК Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Шурои олимон

Муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №169 дар заминаи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис дода шудааст. 


Аз рӯзҳои аввали таъисисёбии донишгоҳ Шӯрои олимон ба сифати мақомоти идоракунандаи муассисаи таълимӣ фаъолияти худро дар ҳайати аъзоёни Шӯрои олимон ва нақшаи кории худ вусъат бахшид. Дар ҷаласаи нахустини Шӯрои олимони ДДМИТ ҳуҷҷатҳои марбут ба таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд. Аз ҷумла, Оинномаи донишгоҳ, сохтори донишгоҳ, қоидаҳои қабул ба ДДМИТ, Нақшаи қабул ба ДДМИТ дар соли таҳсили 2018-2019, Нархномаи таҳсил дар соли таҳсили 2018-2019 ва намунаи шартномаи пардохти маблағи таҳсил барои соли таҳсили 2018-2019. 
Дар соли таҳсили 2018-2019 Шӯрои олимони ДДМИТ фаъолияти худро дар ҳайат нав, ки он дар ҷаласаи №1, 30.08.2018 барои се сол тасдиқ гардид, оғоз намуд. Ба ҳайати Шӯрои олимон 23 нафар шомил гардиданд, ки аз ин ҳисоб 4 нафар доктори илм, 17 нафар номзади илм ва 2 нафар бе унвони илмӣ мебошанд. 


Дар ҳамин ҷаласа нақшаи кории Шӯрои олимон барои соли таҳсили 2018-2019 тасдиқ карда шуд, ки имрӯз муқаррароти он мавриди иҷроиш қарор гирифтаанд. Тибқи нақшаи корӣ ва қарори Шӯрои олимон (№1, 30.08.2018) ҷаласаҳои Шӯрои олимон моҳе як маротиба охири ҳафтаи чорум доир мегарданд. Тибқи нақша дар як соли таҳсил баргузории 11 ҷаласа ба назар гирифта шудааст. 


Яке аз самтҳои фаъолияти Шӯрои олимон назорат аз рӯи рафти иҷроиши амру супоришҳои ба масъалаҳои маориф вобастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатии самти таълиму тарбия, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои вазоратҳои дахлдор дар ДДМИТ маҳсуб мегардад. Дар давоми фаъолияти худ Шӯрои олимони ДДМИТ аз ҷумла, рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» дар ДМИТ, рафти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «03»06.2014, №427 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020»ро дар донишгоҳ баррасӣ менамояд. Бо мақсади иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуби коррупсионӣ ва ришваситонӣ дар ДДМИТ бо қарорҳои марбутаи Шӯрои олимон комиссияҳои корӣ таъсис дода мешавад. Имрӯзҳо ин комиссияҳо самти фаъолияти худро муайян намуда, дар доираи салоҳияти худ кор бурда истодаанд. 


Самти дигари фаъолияти Шӯрои олимон ба роҳ мондани назорат аз рӯи сифати таълиму тарбия, таъмини раванди таълим бо барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ, тартибу низоми санаднигорӣ дар кафедра ва сохторҳои дигар, омодагӣ ба санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳоноти ҷамъбастӣ мебошад. Дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба сифати корҳои таълимию методӣ, вазъ ва сифати таҳияи барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, саволномаҳои тестӣ, сифати ташкили қабули имтиҳоноту санҷишҳо, ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзӣ, сифати дарсҳо, омодагии устодон ба дарсҳо муҳокима карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки фаъолияти сохторҳо ва созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ зери назорати доимии Шӯрои олимон қарор мегирад. 


Алҳол Шӯрои олимони ДДМИТ фаъолияти худро дар асоси нақшаи кории тасдиқгардида ба роҳ монда, сифати иҷроиши қарорҳои он зери назорати доимии роҳбарияти донишгоҳ қарор гирифтааст.