Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Маркази ТИК Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Шуъбаи МИСТ


Rustam150.jpg

Сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим:


Холбобоев Раҷабали Бозорович


Маълумот: Олӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Утоки корӣ: Бинои таълимии №1, утоқи 305


Суроға:  

734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 


Телефон:

(+992) 000 00-00-00


E-mail:

r.holboboev@tgfeu.tj





Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими ДДМИТ фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи идоракунии сифати таҳсилот барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредити таҳсилот» ва Оинномаи ДДМИТ ба роҳ мемонад. 

ШМИСТ ҷузъи таркибии Раёсати таълими Донишгоҳ ба шумор рафта бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои умумидонишгоҳӣ оид ба такмил ва татбиқи барномаҳо ва чорабиниҳо барои назорат ва рушди сифати таълим бо роҳи такмили раванди таълим бо фармоиши ректор дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ таъсис дода шудааст. 

ШМИСТ ҳангоми иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои бар зимма доштааш ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», «Оинномаи Донишгоҳ», қарорҳои Шӯрои олимон, Шӯрои методӣ, фармоишҳои Ректор, дастуру супоришҳои муовини ректор оид ба таълим ва Низомномаи мазкур такя мекунад. 

ШМИСТ фаъолияти худро бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот, фароҳам овардани шароити мусоид барои тайёр кардани мутахассисон, ворид кардани усулҳои муосири таълим, роҳҳои нави таҳлили сифати раванди таълим ва тағйироти сифатию миқдорӣ дар Донишгоҳ ба роҳ мемонад. 


Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим


Фаъолияти шӯъба барои ҳалли масъалаҳои зерин равона гардидааст: 

коркарди лоиҳаи талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи стандартҳо, низомномаҳо, таъинот, ки назорати сифати таълимро ба танзим медароранд;

• Коркарди нишондиҳандаҳои сифати таълим ва дар асоси он ба роҳ мондани мониторинги сифати таълим; 

• таъмини илмӣ-методии мониторинги сифати таълим дар Донишгоҳ; 

• ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид ба вазъи раванди таълим дар Донишгоҳ, натиҷагирии низоми назорати сифати таълим ва сифати омода намудани мутахассисон; 

• таҳлили таъминоти кадрии раванди таълим ва фаъолияти илмӣ-методии ҳайати омӯзгорон; 

• омӯзиши шакл, усулҳо ва меъёри баҳогузории сифати таълим. 

• коркарди нақшаи чорабиниҳо оид ба баҳогузории сифати омодасозии мутахассисон; 

• гузаронидани таҳлили фаннии натиҷаи имтиҳонҳои даврӣ ва ҷамъбастии донишҷӯён; 

• муайянсозии самаранокии татбиқи технологияҳои нави таълим; 

• гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ байни донишҷӯён ва омӯзгорон; 

• омодасозии масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон, Шӯрои методӣ ва раёсати Донишгоҳ; 

• таъмини омодасозии гурӯҳи таҳлилгарон ва гузаронидани таҳлилҳои дохилии низоми сифат; 

• омодасозии маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ оид ба масъалаҳои сифати таълим, гузаронидани чорабиниҳо оид ба паҳн намудани онҳо; 

• мураттабсозии лоиҳаи ҳисоботи ҳарсола «Оид ба сифати таълим ва низоми таъмини он дар Донишгоҳ». Коркард ва татбиқи тартиби (механизми) мониторинг дар самтҳои зерин сурат мегирад: 

• раванди таълим, тарбия ва инкишофи донишҷӯён; 

• раванди таълим ва таъмини илмӣ-методии он; 

• раванди идоракунии Донишгоҳ, факултет, кафедра ва марказҳо; 

• шароити ташкили раванди таълим ва корҳои мустақилонаи донишҷӯён. Коркард ва таҳлили натиҷаҳои мониторинг дар самтҳои зерин сурат мегирад: 

• баҳогузории вазъи раванди таълим ва тағйироти дар он баамал- оянда, таҳлили мунтазами муқоисавии комёбиҳои таълимии донишҷӯён; • таҳия ва пешниҳоди маълумоти мунтазам ба раёсат, садоратҳо ва мудирони кафедраҳо оид ба вазъ ва ҷараёни инкишофи комёбиҳои донишҷӯён ва таъмини воқеияти маълумоти мазкур; 

• машварат бо ҳайати омӯзгорон оид ба мушкилоти фаъолияти назоратӣ-баҳогузорӣ; 

• омӯзиш ва қаноатманд сохтани эҳтиёҷоти таълимии омӯзгорони Донишгоҳ вобаста ба мушкилоти фаъолияти назоратӣ-баҳогузорӣ; 

• баҳогузории самараи натиҷабахшии низоми таълим ва тағйироти дар он ба вуқӯъомада, таҳлили мунтазами муқоисавии комёбиҳои таълимии донишҷӯён; 

• таъмини иттилоот оид ба вазъият ва динамикаи комёбиҳои донишҷӯён, таъмини воқеияти баҳогузорӣ ба комёбиҳои таълим; 

• омодасозии пешниҳодҳо оид ба ислоҳи камбудиҳои раванди таълим; 

• омодасозии пешниҳодҳо ҷиҳати аз нав дида баромадани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба танзими фаъолияти таълимӣ. Шуъба дар самтҳои зерин фаъолияти санҷишӣ-таҷрибавӣ мегузаронад: 

• ташхиси самаранокии таълим дар Донишгоҳ; 

• ҷустуҷӯ ва коркарди маводи ташхисӣ, санҷиш ва тасдиқи мукаммалӣ, технологӣ ва эътимоднокии онҳо; 

• омӯзиши омилҳое, ки ба сифати таълим таъсир мерасонанд; 

• дигар самтҳои фаъолият, ки аз мониторинг бармеояд. 


Таъсиси базаи маълумот барои таъмини мониторинги сифати таълим ва идоракунии сохторҳои Донишгоҳ. 

Таҳсил ва коромӯзии омӯзгорони Донишгоҳ дар муассисаҳои олии таълимӣ, ки оид ба низоми назорати сифати таълим дорои сертификат мебошанд. Таълим додани омӯзгорон вобаста ба усулҳои баҳогузории воқеии сатҳи азхудкунии маводи таълим. 

Таъсиси низоми автоматии назорати сифати таълим дар Донишгоҳ. Пешниҳоди маълумот ба шахсони масъул оид ба сифати таълим, аз ҷумла, дар сайти хабарии Донишгоҳ. 

Иштирок дар аттестатсияи касбии мутахассисони Донишгоҳ. Гузаронидани таҳлилҳои дохилии низоми таълим. 

Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хадамот оид ба назорат ва таъмини сифати таълим дар Донишгоҳ. 

Амалӣ сохтани тадқиқотҳои илмӣ-методӣ ва хизматгузориҳои машваратӣ-иттилоотӣ. 

Коркард ва татбиқи меъёрҳои нишондиҳандаи ба танзимдарории сифати таълим, усулҳои нисбатан самарабахши назорат. Ташкил ва коркарди воситаҳои баҳогузорӣ, шаффофият, технологияи назорат ва баҳогузории сифати таълим дар Донишгоҳ. 

Ҳангоми зарурат шӯъба супоришҳои дигари раёсатро вобаста ба самти фаъолияташ иҷро менамояд. 


Ҳайати кормандони шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон:


  • Шарипов Насрулло Ҳабибуллоевич - мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим
  • Шералии Сайдалӣ - мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим
  • Сафарова Мавзуна Саидҷаъфаровна - мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим