Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Раёсати таълим

Каландаров150.jpg
Сардори Раёсат

 

Ному насаб: Муллочонов Асадулло


Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Унвони илмӣ: номзади илмҳои таърих, дотсент


Вазифа ва ҷои кори ҳозира: Сардори раёсати таълим


Номи пурраи рисолаи номзадӣ:  Аз таърихи пайдоиш ва инкишофи молия ва бонкдории Тоҷикистон




Раёсати таълим сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (минбаъд: ДДМИТ) бо мақсади дар ДДМИТ ба танзим даровардани раванди таълим таъсис дода шудааст. 


Роҳбарии бевоситаи раёсати таълимро сардори раёсат, ки дар пешбурди фаъолияти хизматӣ бевосита ба Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, тобеъ аст, амалӣ менамояд. 


Фаъолияти раёсати таълим дар асоси Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии ҶТ», «Консепсияи миллии маълумоти ҶТ», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Оиннома, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии донишгоҳӣ, фармоишу супоришҳои ректор, дастуру фармоиш-ҳои Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, қарорҳои ШО ва ШИМ-и донишгоҳ, инчунин барои амалӣ намудани талаботи ин Низомнома нигаронида мешавад. 


Раёсати таълим банақшагирии раванди таълим, ташкил, мони-торинг, ҳамоҳангсозӣ ва назорати сифати таълимро дар ДДМИТ мутобиқ ба талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ оид ба ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ ба роҳ мемонад. 


Раёсати таълим фаъолияти устодонро бобати таҳияи барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, нишондодҳои методӣ, адабиётҳои таълимӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ба танзим медарорад. 


Назорати иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ташкилӣ-методиро дар вақти таҳия ва тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаҳои таълимӣ, ҷадвали машғулиятҳо ва имтиҳонҳо амалӣ менамояд. 


Иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриро дар вақти таҳияи нақшаи кории факултетҳо, ҳисоби ҳаҷми корҳои таълимӣ, тақсимоти сарбории таълимии устодон ва баҳисобгирии иҷрои онро назорат намуда, маълумотро оид ба ҳисоби ҳайати профессориву омӯзгорӣ барои соли таҳсил омода намуда, дар ташкили комиссияҳои аттестатсияи хатм иштирок менамояд. 


Ҳайати кормандон: 

Иноятов Фарух - муовини сардори раёсати таълим. 

Рустамзода Манзура Рустам - сармутахассис, сарпарасти факултетҳои Менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ва Ҳисобдорӣ ва омор 

Бурҳонов Бахтиёр - сармутахассис, сарпарасти факултетҳои Иқтисод ва бизнес ва Муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ 

Шарипова Заррина - сармутахассис, сарпарасти факултетҳои Молия ва қарз ва Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт


Барои иҷрои вазифаҳои ба Раёсати таълим вогузоршуда дар сохтори он шӯъбаҳои зерин ташкил карда шудааст: 

1. Шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим – Сулаймонзода Шухрат Фирдавс

2. Бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият – Латипова Гуландом

3. Маркази тестӣ ва бақайдгирӣ – Соҳибов Фирдавс Ҳасанович