Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Маркази ТИК Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ


Кафедраҳои факултет


Маълумот дар бораи факултет



F_MIB600.jpgФакултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо қарори Шӯрои олимони собиқ Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти №56/И аз 26.06.2012 сол «Оиди таъсиси факултетҳо ва кафедраҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» таъсис дода шуда, дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2012-2013 ба фаъолияти худ шурӯъ намудааст. 


Бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳтарам Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ таҳти рақами №142/Ш аз 6 июни соли 2018 роҳбарии факултетро н.и.и., дотсент Муқимов Қ.М. ба ӯҳда доранд. 







Аз рузҳои аввал ба факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ се кафедраҳои тахассусӣ: 
1. кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ; 
2. кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ; 
3. кафедраи фаъолияти гумрукӣ вобаста карда шудааст. 


Роҳбарии кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Аламшоев Анис Қурбониддинович, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатшоева Зарина Меҳтарбодовна ва кафедраи фаъолияти гумрукиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муминов Абдукарим Бегович ба ӯҳда доранд. 


Ба сохтори факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Шӯрои олимони факултет, Шӯрои илмӣ-методии факултет, эдвайзерони факултет оид ба таълим, тарбия, муовини декан оид ба илм, коргузор, кафедраҳо, инчунин созмонҳои ҷамъиятии факултет дохил мешаванд. 


Вазифаи асосии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ аз тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ба шумор рафта, ҷараёни таълиму тарбия, ҳам дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва ҳам дар шуъбаи таҳсили ғоибона ба роҳ монда шудааст. 


Бо таълиму тарбияи донишҷӯён устодони варзида, аз ҷумла 3 нафар профессорон, докторони илм, 9 нафар дотсентон, номзадҳои илм, 6 нафар устодони калон ва 20 нафар ассистентон машғул мебошанд. Бояд қайд кард, ки факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо устодони унвондор ба ҳиссаи 42,4% таъмин карда шудааст. Аз ҷумла кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ 30%, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ 32% ва кафедраи фаъолияти гумрукӣ 30% бо устодони унвондор таъмин мебошанд. 


Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар шароити имруза аз рӯи ихтисосҳои зерин, аз ҷумла: ихтисоси 1-25010407 - молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна, 1-960101 - хадамоти гумрук, 1-250103 - иқтисоди ҷаҳон, 1-25010305 - инвеститсияи байналхалқӣ, 1-96010102 - таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ, 1-26020202 - менеҷменти байналхалқӣ дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ, шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона мутахассисонро барои соҳаҳои иқтисодиёт бо дараҷаи олӣ-бакалавр тайёр карда мешаванд. 


Бояд қайд намуд, ки дар факултет ҳамагӣ 1128 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, аз ҷумла 834 нафар дар шӯъбаи таҳсили рӯзона ва 294 нафар дар шӯъбаи таҳсили ғоибона. Дар шӯъбаи таҳсили рӯзонаи низоми таҳсили кредитӣ 40 гуруҳи академӣ, шӯъбаи таҳсили ғоибонаи низоми таҳсили кредитӣ 10 гуруҳи академӣ ва 1 гуруҳи академии маълумоти 2-юм таҳсил менамоянд. Мавриди қайд аст, ки дар ихтисосҳои ба факултет вобаста карда шуда, шаҳрвандони Тоҷиктабори Ҷумҳуриҳои ИДМ низ таҳсил мекунанд. 


Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар макотиби олӣ ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошад. Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар асоси мавзӯи умумии «Самтҳои асосӣ ва ҳамгироии иқтисодиёти Тоҷикистон дар хоҷагии ҷаҳонӣ» ба роҳ монда шуда, аз се қисмат иборат мебошад, аз ҷумла: - Масъалаҳои методологии рушди муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ дар ҳамгироии иқтисодӣ; -Дурнамои инкишофи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - Асосҳои методии танзими давлатии иқтисод иборат мебошад. Дар факултет Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон ташкил карда шудааст, ки онҳо аз рӯи нақшаи корӣ ҷамъ шуда, масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи иқтисодиётро мутолеа менамоянд. Инчунин дар факултет Зермаҳфили «Зеҳн» таҳти роҳбарии декани факултет Муқимов Қ.М. фаъолият менамояд, ки котибии онро муовини декан оид ба илм Шодиев Қ.С. бар ӯҳда дорад. Дар назди кафедраҳои тахассусии факултет маҳфилҳои илмии донишҷӯён, аз қабили «Бизнеси байналхалқӣ», «Гумрукчии ҷавон», «Молиячиёни ҷавони байналхалқӣ» фаъолият менамоянд. Дар факултет ба созмонҳои донишҷӯён диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуда, донишҷӯён берун аз дарс ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда мешаванд. Бештар донишҷӯён бо корҳои ҷамъиятӣ дар созмони ҷавонон, шӯрои сардорон, шӯрои бонувон, созмони иттифоқи касабаи донишҷӯён, қисми фарҳанг ва варзиш машғул мебошанд, ки роҳбарии бевоситаи ин созмонҳоро аз зумраи донишҷӯёни аълохон ва фаъол ба ӯҳда доранд. Дар самаранок фаъолият намудани созмонҳои номбурда бештар заҳмати Шӯрои кураторон хело ҳам назаррас аст. 


Мавриди қайд аст, ки дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ шурӯъ аз соли таҳсили 2014-2015 ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон бо забони англисӣ низ таъсис дода шудааст, ки ҳамаи фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ бо забони англисӣ фаро гирифта мешаванд. 


Бо ташаббуси бевоситаи Роҳбарияти донишгоҳ мубодилаи донишҷӯёни хориҷӣ бо донишҷёни тоҷик, ки байни донишгоҳи мо ва донишгоҳҳои машҳури хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Белорусия ва Федератсияи Россия сурат мегирад, бештар донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ба он ҷалб карда мешаванд.


F_Iq400.jpgКафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ 

Ташкил ва инкишофи кафедра бевосита бо таъсиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобастагии калон дорад. Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ кафедра ҳамеша мақоми назаррас дошта, он маркази омӯзиш ва тадқиқотҳои илмии яке аз соҳаҳои асосии берунииқтисодии кишвар – ҳамгирои ба иқтисодиёти ҷаҳон мебошад. Бартарияти асосии кафедраи мазкур дар он аст, ки пеш аз ҳама, кадрҳои он дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар талабгор дошта, вазифаҳои асосиро барои устувории дипломатияи тоҷик ва устувории иқтисодиёти миллӣ ба роҳ мемонад. Аз давраи фаъолият то инҷониб кафедраи мазкур бо корхонаҳои истеҳсолии кишвар, ташкилоту муассисаҳо ва бо институтҳои молиявии ҷаҳонии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ҳамкории зич дошта, мутахассисонро вобаста ба самтҳои зарурӣ тайёр менамояд. Дар баробари ин, кафедра барои беҳтар ба роҳ мондани самти таълим, илм, робитаҳои берунӣ ва тарбия мутахассисонро аз бонкҳо, институтҳои молиявӣ-қарзӣ, пажуҳишгоҳҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои хондани лексияҳо даъват менамояд. 

F_Qn401.jpgКафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалкӣ 

Кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалкӣ кафедраи тахассусӣ буда, мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва ҷаҳониро дар соҳаи молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна, инвеститсияи байналхалқӣ тайёр менамояд. Дар кафедраи мазкур нақшаи илмии олимон ва муҳақиқони ҷавони кафедра, ки дар доираи он устодони ҷавони кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои молиявию қарзии байналхалқӣ, сармоягузориҳоро таҳлил менамоянд. Бо мақсади сайқал додани малакаю маҳорат ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ҷалб кардани онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Молиячиёни байналмилалӣ» фаъолият менамояд, ки нақши он дар такмили маҳорату касбияти тахассусии донишҷӯён назаррас аст. 


F_Qn400.jpgКафедраи фаъолияти гумрук 

Кафедраи фаъолияти гумрукӣ, кафедраи тахассусӣ буда, донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои хадамоти гумрукӣ, таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ тайёр менамояд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба робитаҳои таълимию илмӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии донишҷӯён ва ба амалия пайванд намудани донишҳои назаариявии дар донишгоҳ азхуд намудаи донишҷӯён кафедра пайваста бо донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук, колеҷи созмони амниятии ҳамкории Аврупо ва Раёсати гумрукии минтақавии шаҳри Душанбе ҳамкорӣ намуда, инчунин донишҷӯёнро барои такмили маҳорати касбиашон барои таҷрибаомӯзӣ ба мақомотҳои гумруки кишвар равона менамояд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯз то рӯз дар тайёр намудани мутахассисони арзандаи соҳаи молия ва иқтисоди кишвар мақоми хосса касб намуда, дар ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ низ дар ҷумҳурӣ ном баровардааст.Натиҷаи ин гуфтаҳоро мо дар фаъолияти факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ мушоҳида менамоем.