Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Маркази ТИК Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт


Кафедраҳои факултет



Маълумот дар бораи факултет


Fac_tekh400.jpgФакултети Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт яке аз қисматҳои асосии илмию таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, соли 2012 дар заминаи факултети «Технологияҳои информатсионӣ ва идоракунӣ дар иқтисодиёт» бо қарори Шӯрои олимони донишкада таҳти №1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 таъсис дода шудааст.


Аз моҳи сентябри соли хониши 2018 инҷониб ҳайати илмию омӯзгории факултетро 36-нафар омузгорон ташкил медиҳанд, ки аз рӯи дараҷаи илмӣ ва вазифа чунин натиҷагирӣ намудан мумкин аст:

- доктори илм, профессор – 1 нафар;

- номзади илм – 17 нафар;

- муаллими калон –6 нафар;

- ассистент – 13 нафар.


Алҳол дар факултет кафедраҳои тахассусии «Моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ», «Информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт» ва «Система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» фаъолият доранд. Мудири кафедраи «Моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ» - ро номзади илмҳои физика – математика, дотсент Наҷмиддинов Асадулло Мирзоевич, кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиётро номзади илмҳои физика-математика, дотсент Темурбекова София ва иҷрокунандаи мудири кафедраи Система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиётро номзади илмҳои иқтисодӣ Раҳимов Файзалӣ Саъдуллоевич ба ӯҳда доранд, ки мутахассисонро барои ихтисоси наву ба шароиту вазъияти ҷумҳурии мо мутобиқ аз рӯи ихтисосхои зерин:

1-40010202 – технология ва низоми итилоотӣ дар иқтисодиёт;

1-26020323– логистика;

1-3103060104-технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт;

1-25011200-информатикаӣ иқтисодӣ, тайёр менамоянд.


Дар факултет 630 нафар донишҷӯ дар ду шакли таълим – рӯзона ва ғойибона таҳсил мекунанд ва ба кори таълиму тарбияи онҳо омӯзгорони номдору дорои унвону дараҷаи илмӣ, устодони соҳибтаҷрибаву ҷавонони болаёқат ҷалб карда шудаанд.


Дар соли равон зиёда аз 71 нафар донишҷӯи курсҳои 4 (шуъбаи рӯзона) ва 33 нафар донишҷӯи курсҳои 5-уми (шуъбаи ғойибона) факултети мо аз рӯи 3 ихтисос (1-40010202, 1-3101030604, 1-25011200) донишкадаро хатм намуданд. Як нафар донишҷӯи шӯъбаи рузона соҳиби дипломи аъло гашт.


Фаъолияти илмӣ-тадқикотии факултет дар самти «Масъалаҳои актуалии математикӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва тадбиқи онҳо дар иқтисодиёт» ба роҳ монда шуда, кафедраҳои факултет дар ҳамкорӣ бо ҳамдигар оид ба муаммои «Тадқиқи эконометрикии нишондиҳандаҳои микро ва макроиқтисодӣ» ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина устодони кафедраҳои мансуб ба факултет ба омӯзиши моделҳо ва методҳои математикӣ дар тадқиқи иқтисодӣ, моделҳо ва методҳои оптимализатсионӣ дар андозбандӣ, методҳои самараноки таълими фанҳои дақиқу табиатшиносӣ дар низоми кредитии таҳсилот, моделҳо ва методҳои математикии анборкунии логистикӣ, татбиқи системаҳои компютерӣ барои пешгуии равандҳои иқтисодӣ, усулҳои компютерии татбиқи қарорҳои идоракуни ииқтисодӣ-информатсионӣ, таъмини иқтисодии бехатарии иттилоотӣ, модели эконометрикии истеҳсолот ва савдо, таваррум, даромади давлатӣ ва усулҳои мусоири автоматикунонии раванди кори муассисаҳои олӣ дар шароити ҷорикунии низоми кредитии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои гуногуни татбиқи усулҳои риёзӣ бо масъалаҳои амалӣ шуғл меварзанд.


Соли 2018 факултет дар ҷодаи корҳои илмӣ-тадқикотӣ ба чунин муваффақиятҳо ноил гашт:

1. Асистенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт Ашуров М.Н., санаи 26-уми январи соли 2018 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Развитие рыночной инфрастуктури приграничних районов РТ» дар назди Шурои К08.17.564-и назди Донишгоҳи милили Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳимоя намуд.

2. Ассистенти кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт Мараҷабов С.И. санаи 16.02.2018. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Развитие алгоритмического мышления студентов вузов а процессе обучения объектно-ориентированному программированию” дар назди Шурои диссертатсионии Д.999.117.03. дар базаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намуд.

3. Муаллими калони кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ Воҳидов У.М. санаи 6.04.2018 дар Шӯрои диссертатсионии 6DKOA-21-назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ ҳимояи пешакиро дар мавзӯи «Такмили идоракунии самараноки механизмҳои гаронии андоз дар корхонаҳои хурд (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)» гузаронида, санаи 12.06.2018 барои ҳимоя роҳхат гирифт.


Санаи 28.02.2018 тибқи нақшаи доир намудани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳои кафедра аз ҷониби кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ Мизи мудавваро дар мавзӯи “Нақши модели мувозинати байнисоҳавӣ дар тиҷорати байналхалқӣ” гузаронид.


Санаи 17-уми апрели соли 2018 бо ташабусси кафедраи мми мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои терористӣ ва амалҳои номатлуб» гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни курсҳои 2-3-юми ихтисоси 1-3103060104, Саидов С., Назаров Э., Суфиев Д., Рауфов А. ва Ойев М. бо маърӯзаҳои худ ба монанди «Хатарнокии нав вобаста ба тероризм», «Ҳуҷуми иттилоотӣ», «Ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон» ва «Маърифати истифодаи интернет» баромад намуданд.


Кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ бахшида ба ҳафтаи илм санаи 18.04.2018 дар доираи курсҳои 1-3-юми ихтисоси логистика семинари илмӣ-назариявӣ гузаронид, ки аз тарафи донишҷӯёни ихтисоси номбурда 5-маърӯза дар самтҳои мухталифи логистика баромад карда шуд.