Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Маркази ТИК Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Робитаҳои байналмилалӣ

Ташаккули эътибор ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими рушд ба ҳисоб рафта, барои ворид шудан ба фазои байналмилалии таҳсилот замина мегузорад. Вобаста ба ин, тақвияти фаъолият дар ин самт ва ҷӯстуҷӯи самт ва имконияту фурсатҳои нави ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мавқеи намоён дошта, дар дурнамо таваҷҷуҳи махсус ба амалисозии барномаҳои муштараки таълимӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, тавсеаи низоми мубодилаи академӣ ва гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ зоҳир карда мешавад. 


Қобили қайд аст, ки самти асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ин фаромиллӣ сохтани барномаҳои таълимӣ, илм, инкишофи мубодилаи академӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ва инноватсионӣ ба ҳисоб рафта, фарогири ҳадафҳои зер мебошад: 


- ташкили ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои академӣ ва илмию тадқиқотии хориҷи дуру наздик; 
- инкишофи мунтазами барномаи мубодилаи донишҷӯён ва мубодилаи академӣ; 
- муаррифии сазовори Донишгоҳ дар чорабиниҳои мазмун ва сатҳи гуногун дошта, асотсиатсияҳои минтақавию байналмилалӣ, рейтинг ва иттиҳодияҳои гуногун ва ғайраҳо; 


Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти робитаҳои байналмилалӣ таҷрибаи бой ва сазовори таваҷҷуҳ дошта, айни замон доираи ҳамкориҳо ва самтҳои татбиқи барномаи мубодилаи донишҷӯён ва мубодилаи академӣ васеъ гардида, дар ояндаи наздик ба баррасии масоили аккредитатсияи байналмилалии стандартҳои таълимӣ ва анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ афзалият дода мешавад. 


Айни замон Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо зиёда аз 90 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ созишномаҳои дутарафа дорад. Ҷуғрофияи муносибатҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷӣкистон давлатҳои хориҷи наздик (Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой) ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупоро (Испания, Фаронса, Кипр, Литва ва ғайраро) фаро мегирад. 


Қобили қайд аст, ки дар самти робитаҳои байналмилалӣ ба масоили мубодилаи академии устодони ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, ҳамасола дар доираи созишномаҳо, даъватнома ва ё грантҳо устодони ҷавон ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Украина, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон, Фаронса, Ҳолланд ва ғайраҳо сафар намуда, аз курсҳои омӯзишӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мегузаранд. 


Бо ташаккул ёфтани эътибори байналмилалӣ ва васеъ шудани доираи созишномаҳои дутарафаи ҳамкории Донишгоҳ дар чорабиниҳои илмии сатҳи гуногун олимону коршиносони хориҷӣ ташриф оварда, ғайр аз ин чорабиниҳои муштараки илмӣ, аз ҷумла онлайн-семинар ва онлайн-конференсияҳо баргузор карда мешаванд. 


Самти муҳими фаъолияти хориҷии Донишгоҳ ин иштирок дар озмунҳои дарёфти грантҳо ва ташкили таҳия ва пешбурди лоиҳаҳои грантӣ мебошад. Вобаста ба ин, солҳои охир дар Донишгоҳ се Лоиҳаи грантӣ татбиқ карда шуданд, ки дар тақвияти базаи моддиву техникӣ, таъмини методӣ ва методологии раванди таълим, корҳои илмию тадқиқотӣ ва бо ҳамин дар ташаккули рақобатпазирии ДДМИТ таъсири мусбӣ расониданд. 


Корҳои ба анҷомрасонида имконият доданд, ки солҳои охир Донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сегонаи аввал шомил буда, аз байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аввалин шуда сазовори Ҷоизаҳои байналмилалии «Тоҷи тиллоӣ» барои сифат ва «BIZZ-2015» гардидааст. 
Бо баланд гардидани эътибори байналмилалии Донишгоҳ солҳои охир таваҷҷуҳи довталабон аз хориҷи кишвар зиёд гардида, айни замон зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дуру наздик дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура таҳсил менамоянд. Бо мақсади бештар ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ дар Донишгоҳ гурӯҳҳои забони таҳсилашон русӣ ва англисӣ ташкил карда шуда, мунтазам адабиёти таълимӣ ва сарчашмаҳои зарурӣ бо забонҳои хориҷӣ таъмин карда мешаванд. 


Бо мақсади тарғиби фарҳанги бойю ғании миллати тоҷик, аз ҷумла забони тоҷикӣ бо ташаббуси бевоситаи Ректори Донишгоҳ барои шаҳрвандони хориҷӣ курсҳои ройгони омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил карда шудааст, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёд гардидааст. Дар баробари ин барои донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар заминаи ҳамкориҳо бо Институти Конфутсии назди ДМТ курсҳои ройгони омӯзиши забонӣ хитойи ташкил карда шудааст. 
Ҳамин тавр, дар дурнамои рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон самтҳои зерин ҳамчун ҳадафҳои афзалиятдори рушди муносибатҳои байналмилалӣ муайян гардидааст: 


- тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмию тадқиқотӣ ва озмоишгоҳу марказҳои инноватсионии хориҷӣ; 
- бо мақсади ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ зиёд кардани шумораи барномаҳои таълимие, ки бо забонҳои хориҷӣ омӯзонида мешаванд; 
- тавсеаи салоҳиятҳои иртиботӣ ва забонии устодон ва донишҷӯён тавассути ташкили курсҳои гуногуни забономӯзӣ; 
- чораҷӯи ҷиҳати ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ аз рӯйи барномаи «таҳсилоти дудиплома», ташкили факултетҳои муштарак аз рӯйи самт ва ихтисосҳои мубрам, аз ҷумла тавассути ташкили таълими фосилавӣ; 
- тавсеаи таҷрибаи «профессорҳои даъватшуда», инчунин ташкили семинарҳои омӯзишӣ ва сӯҳбату музокираҳо бо намояндагони доираҳои корӣ, хизматчиёни давлатӣ ва машваратчиёну мутахассисони ватаниву хориҷӣ; 
- иштирок дар барномаҳои байналмилалии Эразмус +, Фулбрайти сафорати ИМА ва ғайраҳо; 
- тақвияти фаъолият дар самти амалисозии барномаи мубодилаи академии донишҷӯён ва устодон. 
- марҳила ба марҳила аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳо ва иштирок дар рейтингҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ. 


Айни замон бошад, шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар самти болозикр корҳои муайянро ба анҷом расонида, татбиқи самтҳои номбаршударо пайгирӣ хоҳад кард.