Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Маркази ТИК Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Шуъбаи табъу нашр

Шуъбаи табъу нашр дар назди раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташкил шуда, бо фармоиши ректори донишгоҳ ва роҳбарии бевоситаи муовини ректор оид ба илм фаъолият менамояд. Фаъолияти шуъба аз ҷониби Шӯрои олимони донишгоҳ барои тезонидани суръати корҳои илмӣ, зиёд намудани потенсиали илмӣ-педагогии донишгоҳ ва тарғибу муаррифии он ташкил ва натиҷагирӣ карда мешавад. 


Баробари таъсис додани шуъбаи табъу нашр Низомнома, Дастурамали вазифавии сардори шуъба, Дастурамали вазифавии сармуҳаррир ва Дастурамалҳои вазифавии муҳаррирони бахши тоҷикӣ ва русӣ, Дастурамали вазифавии мухбир-суратгир, Дастурамали вазифавии мутахассиси сомонаро тартиб дода, аз рӯи он фаъолият менамояд. Баробари ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтан, табиист, ки Низомномаҳои шуъбаи табъу нашр, маҷаллаи илмии «Паёми молия ва иқтисод» ва рӯзномаи «Молия ва иқтисод» ва дастурамалҳои вазифавии ҳамаи кормандон аз нав таҳия ва дар ҷаласаи Шӯрои олимон тасдиқ карда шуданд. 


Бо қарори Шӯрои олимон аз 30.04.2018 с. таҳти №10/6.8, №10/6.9 номи рӯзнома бетағйир монда, номи маҷалла ба «Паёми молия ва иқтисод» иваз карда шуд. Бояд ёдрас шуд, ки сомонаи маҷаллаи илмии “Паёми молия ва иқтисод” www.vestnik.tgfeu.tj фаъол аст ва он яке аз талаботи шомилшавии маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 


Фаъолияти шуъбаи табъу нашр гуногунҷабҳа буда, дар он маводи таълимию методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла барнома, воситаи таълимӣ, дастури таълимию методӣ, коркарди методӣ, китоби дарсӣ, монография, маҷмӯа, брошюра ва ғайра, ки аз кафедра ва сохторҳои донишгоҳ ворид мешаванд, таҳрир гардида, ба Шӯрои илмӣ-методӣ пешниҳод мегарданд. Шуъбаи табъу нашр таҳия ва нашри рӯзномаи «Молия ва иқтисод», ҷамъоварӣ, коркард, таҳрири мақолаҳои илмӣ ва ба чоп омода намудани маҷаллаи илмии «Паёми молия ва иқтисод»-ро ба уҳда дорад. Сомонаи расмии донишгоҳ низ дар сохтори шуъбаи табъу нашр қарор дорад ва фаъолияти он дар асоси Низомнома ва нақшаи корӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Илова ба ин, наворбардории чорабиниҳои муҳими донишгоҳӣ низ ба корманди ин шуъба вобаста гардидааст. 


Мувофиқи тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, ки бо иҷозаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, рӯзномаи «Молия ва иқтисод» бо Шаҳодатномаи таҳти №097/РЗ аз 15 октябри соли 2018 ва маҷаллаи илмии «Паёми молия ва иқтисод» бо Шаҳодатномаи таҳти №082/МҶ аз 15 октябри соли 2018 фаъолияташро идома дода истодааст. 


Ҳамасола фаъолияти шуъба аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди санҷиш ва таҳлил қарор гирифта, натиҷаи он дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ баррасӣ мегардад


Ба шуъба мутахассис ва муҳаррирони касбии соҳаҳои гуногуни илм бо малакаи хуби забондонӣ, асосан забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, журналистони касбӣ ҷалб карда шудаанд. Шуъба дар ҳайати зерин фаъолият мекунад: 
1. Носиров С.Ш. - сардори шуъба 
2. Абдуллоева М.Н. - сармуҳаррири рӯзномаи «Молия ва иқтисод» 3. Ҳакимова Р.Н. - муҳаррири бахши тоҷикӣ 
4. Умарова Б.Х. - муҳаррири бахши русӣ (дар ҳаҷми 0,5 воҳиди корӣ) 
5. Раҳимзода Н. - муҳаррир-суратгир 
6. Тӯйчизода Н. - муҳаррир (дар ҳаҷми 0,5 воҳиди корӣ) 
7. Ҷобиров Н.М. - муҳаррир (дар ҳаҷми 0,5 воҳиди корӣ) 
8. Сафаров С. - наворбардор (дар ҳаҷми 0,75 воҳиди корӣ) 
9. Ёрхонов М. - наворбардор (дар ҳаҷми 0,5 воҳиди корӣ) 
10. Давлатзода Д. - мутахассис оид ба сомона (дар ҳаҷми 0,5 воҳиди корӣ).


Ба шуъбаи табъу нашр маводи зиёде, аз қабили китобҳои дарсӣ, дастурамалҳои таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ, тақризҳо ва дигар маводи таълимӣ бо мақсади таҳрир ворид мегарданд. Маводи зикршуда аз таҳрири муҳаррирони шуъба гузашта, ба ҷаласаҳои Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ ва ба дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор пешниҳод мегарданд. 


Рӯзнома тавассути шуъбаи умумии донишгоҳ ба хонандагон тақсим карда мешавад. Донишгоҳ бо матбааи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мега-принт» ҷиҳати нашри рӯзнома шартнома дорад. 


Ҳаҷми кор дар идораи рӯзнома рӯз то рӯз зиёд мегардад. Ҳар рӯз қариб як-ду ва гоҳо аз ин ҳам зиёд чорабинӣ, вохӯрию мулоқотҳо сурат мегиранд, ки ҳамаи онҳо аз назари ҳайати эҷодӣ дур намемонанд. Гузоришу хабарҳо аз ҷараёни ҳамаи чорабиниҳо сари вақт дар сомонаи расмии донишгоҳ ҷой дода мешавад. Ҳамчунин бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар», нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Боҷу хироҷ», «Молия ва ҳисобдорӣ», «Тоҷикистон», «Мароми пойтахт» ва дигар матбуоти даврӣ низ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, дар бораи чорабиниҳои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалидошта иттилоъ дода мешавад. Метавон гуфт, ки шуъбаи табъу нашр барои муаррифӣ ва рекламаи донишгоҳ ягона манбаи иттилоот аст. 


Илова ба ин, донишгоҳ дар шабакаи интернетӣ сомонаи худро дорад ва он ҳамеша фаъол аст. Ҳамаи чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, маърифатию тарбиявӣ, мисли семинару конфронсҳо, маҳфилу мизҳои мудаввар ва дигар хабару воқеаҳои баргузоршуда матн ва расмҳо аз он чорабиниҳо сари вақт дар сомона ҷой дода мешаванд. Сомонаи расмии донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъолият дорад, ки чун муаррифгар инъикоси ҳаёти ҳаррӯзаи ДДМИТ-ро дар дохил ва дар хориҷи кишвар таъмин менамояд. 


Фаъолияти сомонаи расмии ДДМИТ тадриҷан беҳтар мегардад. Пас аз ба донишгоҳ табдил ёфтани муассиса сомона таҷдид ва навсозӣ карда шуд. Баъди эроду таъкидҳои раёсати таълимгоҳ дар сомона маълумотҳои тоза ва дақиқ роҷеъ ба фаъолияти сохторҳо ҷой дода шуданд. 


Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар соли гузашта ба сомонаи донишгоҳ 200-300 нафар аз суроғаҳои беруна ташриф оварда, маълумотҳои дар сомона ҷойдоштаро аз назар гузаронида бошанд, айни замон шумораи онҳо ба маротиб зиёд гардидааст, ки ин нишонаи кори хуби сомонаи расмии донишгоҳ мебошад. 


Дар Сомонаи расмии донишгоҳ саҳифаҳои нав “Муқовимат бо коррупсия” ва ҳамчунин “Об барои рушди устувор” кушода шудааст. Мақсади асосӣ пайдо намудани маълумот дар ин самтҳо ва дар ин баробар, паст кардан, пешгирӣ ва умуман, аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ дар донишгоҳ мебошад. Ҳамчунин дар бораи Қатънома зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, ки 1-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ онро қабул намудааст, пурра маълумот дода шудааст. Илова ба ин, дар саҳифаҳои зикршудаи сомона маълумотҳо, ҳуҷҷатҳо, мақолаҳои устодону донишҷӯён ва он чорабиниҳое, ки дар ҳамин самтҳо доир мегарданд, ҷой дода мешаванд. 


Аз ҷониби наворбардори шуъба видеоролики ДДМИТ “Шоми донишгоҳ” омода карда шуда, он дар сомона ҷой дода шудааст. Давомнокии ин навори видеоӣ 5 дақиқа буда, фаъолияти меҳнатию таълимии устодону донишҷӯён, зебоии гирду атроф ва ҳудуди донишгоҳро намоиш медиҳад. 


Имсол кормандони шуъбаи табъу нашр дастоварду комёбиҳои назаррасро соҳиб гардиданд, аз ҷумла сардори шуъбаи табъу нашр Носиров С.Ш. ва сармуҳаррири рӯзномаи “Молия ва иқтисод” Абдуллоева М.Н. бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд. 


Умуман, кормандони шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси нақшаи корӣ ва супоришу талаботи раёсати донишгоҳ фаъолияти меҳнатиро дуруст ба роҳ монда, барои иҷрои самараноки нақша ва вазифаҳои базиммадоштаашон саъю кӯшиш менамоянд.