Шӯъбаи кор бо ҷавонон
Суроға:
Халифазода Ҷовидон Бобохон
Телефон:
(+99237) 231-24-01
E-mail:
Маълумот: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод
Ихтисос: Иқтисодҷӣ
Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз воҳидҳои таркибии сохтори донишгоҳ мансуб меёбад. Шӯъба барои иҷрои бомуваффақияти мақсаду вазифаҳо ҳамкории доимии худро бо сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, махсусан ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ба роҳ мондааст.
Шӯъба бо мақсади андешидани тадбирҳои мақсаднок ва ҳамгироишуда дар амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар байни донишҷӯён ва кормандони ҷавони Донишгоҳ, инчунин таъмини ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо таъсис дода шуда, он фаъолияти худро бевосита ва дар ҳамкории зич бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар сохторҳои дахлдор анҷом медиҳад.
Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба айни ҳол 3 нафар корманд фаъолият менамояд:
1. Сардори шӯъбаи кор бо ҷавонон;
2. Сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонон;
3. Мутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонон оид ба занону дониҷӯдухтарон.