
Рӯзҳои 18-19 январ дар идомаи семинари амалӣ-назариявии тарз ва усули гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ барои омӯзгорон Ғ.Ғафуров дар мавзӯи «Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият», К.Камолов дар мавзӯи «Хусусиятҳои суғуртаи исломӣ ва имконияти истифодаи он дар Тоҷикистон», С.Шукуров дар мавзӯи «Сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ва дурнамои он» ва З.Давлатшоева дар мавзӯи «Муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» маърӯза намуданд.
Вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорон дар давоми таътили зимистона курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши истифодаи технологияҳои нави муосир дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯзи 13-ум то 22-юми январ дар ДДМИТ гузаронида мешавад.
Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 рӯзи 12-уми январ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе И.Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе З.Файзуллозода ва раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” Ш.Хайрзода маҷлиси КИИ “Молия ва иқтисод” баргузор гардид.
Шурӯъ аз рӯзи 11-уми январи соли ҷорӣ баргузори семинарҳои илмӣ-методии назди кафедраҳои ДДМИТ барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 оғоз гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охиринашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табдил додани кишварамон аз мамлакати сохти иқтисодиаш аграрӣ – индустриявӣ ба мамлакати сохти иқтисодиаш индустриявӣ – аграрӣ ба вазорату идораҳо, ниҳодҳои дахлдор, олимон, иқтисодшиносон, мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёти воқеӣ, кишоварзону саноатчиён ва инчунин, ба соҳибкорон дастуру маслиҳатҳо ва фармоишҳои амиқ доданд.
Аз ҳисоботи солонаи киёи ректор Шукрулло Хайрзода банда барои худ чунин натиҷа ҳосил намудам: “Ҳар қадар ки суханҳои ӯро бишнавӣ, ҳар қадар суханҳои ӯ тӯл кашанд, дар худ ҳеч хастагиву мондагие эҳсос намекунӣ”. Ҳар сухани вай, бе муҳобо, бе зиёдатгуфторӣ, бе такаллуф, ҷуз он ки равшану фаҳмо ва содаву бемуболиғаанд, лаззатбахшу ғизодиҳанда низ ҳастанд. Дар айни шунидан ба худ мегуфтам: “Кош, ӯ бо ин ҷазабаи нутқу мояи гуфтор филолог мешуд, бо ҳусули таҷорибу гузашти айём хеле тараққӣ мекард ва дар ин айни ҷавонӣ донишманди хуби риштаи суханшиносӣ мешуд”.
Ҷаҳони имрӯзаро падидаҳои нав фаро гирифтаанд, ки таҳти назар қарор додани онҳо барои пешравии давлату миллат ниҳоят муҳим мебошад.
“...Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад...”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон расонида мешавад, ки мувофиқи супориши Вазорати маориф ва илми

Садорати факултети молия ва қарз ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни факултет мерасонад, ки дар асоси қарори Шӯрои олимони факултет (аз 28.11.2020с., № 4) бо мақсади баланд

31-уми декабри соли 2020, соати 13-00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14)

31-уми декабри соли 2020, соати 10-00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14)