Факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ
Кафедраҳои факултет
Маълумот дар бораи факултет
Бо таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо қарори Шӯрои олимони ДДМИТ, таҳти № 11/5.6 аз 31 майи соли 2018 Факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ба факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ тағйири ном кард. Факултети номбурда дар заминаи собиқ факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ таъсис дода шудааст. Аз ибтидои таъсисёбӣ факултет бо номҳои умури гумрук, логистика ва гумрук, гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ амал мекард. Ҳоло факултет бо номи менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ фаъолият дорад.
Таълим дар факултет тибқи стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ, ки бо Вазорати молия мувофиқа шуда аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимони ДДМИТ тасдиқ шудаанд, сурат мегирад. Таълим дар факултет дар шуъбаи рӯзона, ғойибона ва фосилавӣ ба нақша гирифта шуда, таҳсил ба тариқи шартнома ва буҷавӣ ба роҳ монда шудааст.
Сохтори факултет аз 3 кафедра, Шӯрои олимон, Шӯрои илмӣ-методӣ, декан, муовинони декан оид ба таълим, тарбия, илм ва инноватсия, созмони ҷавонон, Шӯрои занону духтарон ва кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон иборат аст. Дар факултет синфхонаҳои компютерӣ, электронӣ ва лабораторияи илмию тадқиқотӣ мавҷуд буда, барои гузаронидани таълим бо усулҳои нави замонавӣ ва муосир шароит фароҳам оварда шудааст.
Алҳол дар факултет кафедраҳои менеҷмент, менеҷменти молиявӣ, ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ амал мекунанд, ки мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз рӯи ихтисоси - 26020200 менеҷмент, 1-26020203-менеҷменти иноватсионӣ (бакалавр, иқтисодчӣ-менеҷер), 1-25010410 менеҷменти молиявӣ (бакалавр, менеҷер дар соҳаи идоракунии молия), 1-26020208 – менеҷменти инвеститсионӣ, 1-96010101 - таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ (тахассус: мутахассиси хадамоти гумрукӣ), 1-24010302 - танзими ҳуқуқии молия ва қарз (бакалавр, ҳуқуқшинос-иқтисодчӣ), 1 - 240103 ҳуқуқи иқтисодӣ (бакалавр ва магистр - ҳуқуқшинос-иқтисодчӣ), 1-24010204 - ҳуқуқи андоз ва бонкӣ (бакалавр, ҳуқуқшинос дар соҳаи андоз, андозбандӣ ва соҳаи бонк) тайёр менамоянд.
Ҳайати кормандони факултет аз 48 нафар иборат аст. Аз ин шумора 2-нафар докторони илм, 11 – нафар номзадони илм, ки аз ин шумора 5 нафар дотсент, 9 – нафар муаллимони калон ва 17 –нафар ассистентҳо ба таълиму тарбия ва ба корҳои илмию методӣ машғуланд. Ҳамчунин дар факултет 4 –нафар ҳуҷҷатгузор кор мекунанд. Таҳия ва нашри китобҳои дарсиву таълимӣ мувофиқи нақшаи корҳои илмию методии факултет ва донишгоҳ сурат мегирад. Дар солҳои 2001-2018 устодони факултет 35 китоби дарсӣ ва монография, зиёда аз 150 мақолаи илмӣ,бештар аз 100 барномаю дастурамалҳои методиро ба табъ расонидаанд.
Дар факултет низоми таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯён бо таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ, ихтисосӣ-пешаздипломӣ фаро гирифта мешаванд. Масалан, соли таҳсили 2015-2018 бештар аз 300 нафар донишҷӯёни гурӯҳҳои рӯзона ба шаклҳои гуногуни таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуда буданд.
Факултет ба тайёркардани кадрҳои илмӣ диққати ҷиддӣ дода ҳамасола натиҷаи тадқиқотҳои илмиро дар шакли китоб нашр менамояд. Айни замон дар факултет рисолаҳои номзадии бештар аз 7 нафар устодон дар зинаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ҳоло 2 нафар дотсентони факултет ба навиштани рисолаи докторӣ машғул ҳастанд. Солҳои 2010-2018 устодони факултет бештар аз 12 монография таълиф намуда, аз чоп бароварданд.
Корҳои илмию тадқиқотии донишҷӯён тибқи нақшаи Маҳфили илмии донишҷӯён ба роҳ монда шудааст. Ин гуна маҳфилҳо дар доираи ҳар як кафедра амал карда, ҳар моҳ як маротиба маҷлиси МИД-и кафедравӣ гузаронида мешаванд. Аз ҳар як гурӯҳи академӣ 7-8 нафар донишҷӯ аъзои МИД-и кафедраҳо мебошанд. МИД-и ҳар як ихтисоси факултет дар ҳайати худ 45-50 нафар аъзо дорад.
Дар факултет ба корҳои ташкилӣ-тарбиявӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Донишҷӯёни факултет мунтазам дар чорабиниҳои факултет, донишгоҳ ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд. Онҳо дар ҷашнгирии 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи қабули Конститутсияи ҶТ, рӯзи Парчами миллӣ, шанбегиҳо, чорабиниҳои фарҳангию маданӣ ва варзишӣ фаъолона иштирок ва баромад намудаанд. Ниҳодҳои ҷамъиятӣ, иттифоқи касабаи ва созмони духтарони факултет низ дар тарбияи донишҷӯён саҳми арзанда мегузоранд.
Факултет бо макотиби олии ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои дуру наздик, бахусус бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишкадаи молиявию иқтисодии Санкт-Петербург, Академияи иқтисодии Россия ба номи Г.В.Плеханов, Донишгоҳи давлатии Алма-Ато, Пажуҳишгоҳи тадқиқотӣ ва таҷдиди ҳуқуқии шаҳри Алма-Ато, Академияи гумрукӣ Россия робитаи зичи илмӣ дорад.
Дар тӯли мавҷудияти худ факултет мутахассисони зиёдеро тайёр намудааст, ки ҳоло дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат сарбаландона хизмат карда истодаанд.