Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Маркази ТИК Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Факултети ҳисобдорӣ ва омор


Кафедраҳои факултет



Fho600.jpgБо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Факултети ҳисобдорӣ ва омор бо қарори Шӯрои олимони донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) таҳти рақами №1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 таъсис дода шудааст. 


Бояд қайд кард, ки ба факултети ҳисобдорӣ ва омор таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷурахонзода Баҳодур Ҷурахон чор кафедраи тахассусӣ баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ, омор, аудит ва ревизия вобаста карда шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки кафедраи баҳисобгирии муҳосибиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Пираков Рустам Музаффарович, кафедраи оморро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Буриева Мастура Чориевна, кафедраи таҳлили иқтисодиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фасеҳзода Ислом Саймирзо, кафедраи аудит ва ревизияро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Орзуев Парвизҷон Ҷамолидинович ба ӯҳда доранд. 


Дар факултети мазкур бо таълиму тарбияи донишҷӯён устодони варзида, аз ҷумла 2 нафар профессорон докторони илм, 8 нафар дотсентон номзадҳои илм, 10 нафар устодони калон ва 18 нафар ассистентон машғул мебошанд. Бояд қайд кард, ки факултети ҳисобдорӣ ва омор бо устодони унвондор ба ҳиссаи 26,3 % таъмин карда шудааст. Аз ҷумла кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ 11,1 %, кафедраи аудит ва ревизия 33%, кафедраи омор 28,6 % ва кафедраи таҳлили иқтисодӣ 42,8 % бо устодони унвондор таъмин мебошанд. 


Дар факултети ҳисобдорӣ ва омор имруз аз рӯи ихтисоси 1-25010801 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо, 1-25010803 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муасисаҳои буҷети ва илмӣ, 1-25010805- баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат,1-25010814 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар фаъолияти иқтисоди беруна,1-25010201-иқтисодиёти таҳлилӣ, 1-25010715- иқтисод ва идора дар КАС, 1-25011100- аудит ва ревизия ва ихтисоси 1-25010500– омор дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавии шӯъбаи рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда, кадрҳо барои хоҷагии халқ бо дараҷаи малумоти олӣ-бакалавр, олӣ-мутахассис (маълумоти олии дуюм) тайёр карда мешаванд. 


Мавриди қайд аст, ки дар факултети мазкур ҳаммагӣ 1358 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, аз ҷумла 888 нафар дар шӯъбаи таҳсили рӯзона ва 470 нафар дар шӯъбаи таҳсили ғоибона. Боиси хурсандист, ки дар факултет инчунин дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ 24 нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз онҳо 10 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 14 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. 


Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ин ҷузъи ҷудонашаванда ва пешбарандаи даргоҳи илму-марифат ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ташкил ва пешбурди чорабиниҳои илмӣ дар факултет зермаҳфили «Зеҳн» фаъолият менамояд, ки моҳе як маротиба бо иштироки мутахассисони варзида оид ба ин ё он мавзӯи мубрами соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор маҳфили илмӣ баргузор мегардад. Дар сатҳи кафедраҳо бошад махфилҳои илмӣ аз қабили «Ҳисобдорони ҷавон», «Таҳлилгар», «Ахтарони аудит», «Оморчиёни ҷавон» амал менамояд. Мавриди қайд аст, ки ба маҳфилҳои илмии зикршуда устодон, мутахассисон ва донишҷӯёни болаёқат ҷалб карда мешаванд. Роҳбарии маҳфилҳои илмии кафедраҳоро устодони ҷавони ояндадор ба ӯҳда доранд. Дар факултет ба созмонҳои донишҷӯён диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуда, донишҷӯён берун аз дарс ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда мешаванд. Бештар донишҷӯён бо корҳои ҷамъиятӣ дар созмони ҷавонон, шӯрои сардорон, шӯрои бонувон, созмони иттифоқи касабаи донишҷӯён, қисми фарҳанг ва варзиш машғул мебошанд, ки роҳбарони бевоситаи ин созмонҳоро донишҷӯёни аълохон ва фаъол ташкил медиҳанд. Дар самаранок фаъолият намудани созмонҳои номбурда бештар заҳмати Шӯрои кураторон, ки аз 46 нафар устод иборат мебошанд хело ҳам назаррас аст. 


Қайд намудан зарур аст, ки дар факултет маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси раёсати донишгоҳ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ҳаммаи шароитҳо муҳайё карда шудааст. Мавриди қайд аст, ки дар факултет 3-то синфхонаҳои махсуси замонавӣ мавҷуд буда, бо воситаҳои техникӣ ва копютерҳои муосир таҷҳизонида шудааст. Онҳо бо 56-то компютер, 4-то проектор, 3-то тахтаи электронӣ, 1-то сканер ва 1-то принтер таҷҳизонида шуда, бо шабақаи байналмиллалии интернет пайваст карда шудаанд. Дар синфхонаҳои мазкур донишҷӯён аз фанни информатика ва 1-С муҳосибот ва дигар фанҳои таълимӣ аз рӯи барномаҳои махсус таълим мегиранд.