Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Маркази ТИК Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Раёсати корҳои тарбиявӣ

RKT_400.jpgРаёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба маориф ва илм, кор бо ҷавонону занон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишгоҳ, Низомномаи раёсат ба роҳ монда, дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маориф ва илм, кор бо ҷавонону занонро дар муассиса роҳандозӣ менамояд. 


Тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва бо ин васила ташаккули тафаккуру ҳуввияти миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ҷаҳонбинии сиёсиву ҳуқуқӣ дар замири ҷавонон аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсати корҳои тарбиявӣ маҳсуб меёбад. 


Раёсати корҳои тарбиявӣ соли 2018 баъд аз такмили донишгоҳ аз Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» ба Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» дар заминаи шуъбаи тария дар якҷояшавӣ кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст. Он аз шуъбаҳои кор бо ҷавонон, фарҳанг ва осорхона, бахши хобгоҳҳо иборат буда, дорои 13 воҳиди корӣ мебошад. Ҳамзамон, фаъолияти созмону шӯроҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонону донишҷӯдухтарон, бонувону сарпарастон ва клуби волонтёронро дар муассиса роҳандозӣ менамояд. 


Ҳамасола раёсати корҳои тарбиявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани чорабиниҳои муҳимми давлатӣ, санаҳои таърихиву сиёсӣ ва идҳои миллӣ тадбирҳои судманду саривақтӣ андешида, бо ҷалби доираи васеи ҳайати профессорону устодон, кормандону донишҷӯёни донишгоҳ амалинамоии мусоиди онҳоро роҳандозӣ менамояд. Ҳамзамон бо тавсияву маслиҳатҳои роҳбарияти донишгоҳ раёсати корҳои тарбиявӣ ширкати фаъоли профессорону устодон, кормандону донишҷӯёни муассисаро дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ таъмин менамояд. 


Раёсати корҳои тарбиявӣ ҳамеша талош бар он менамояд, ки дар доираи нақшаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои худ мавзӯву масъалаҳои мубраму актуалиро, ки ба вобастагии амиқе ба вазъи кунунии ҷомеа ва ҳаёти ҷавонон доранд, ба инобат гирифта, дар доираи онҳо баргузории конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ, вебинарҳо, нишастҳои озоди илмию машваратӣ, тренингҳо, аксияҳои тарғиботиву сайёҳӣ, озмунҳо, намоишҳои бадеиву фарҳангӣ, маҳфилҳои илмию бадеӣ ва мулоқоту вохӯриҳои судмандро бо ҷалби намояндагони вазорату кумитаҳо, идораву ташкилотҳо, муассисаву ниҳодҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори оммаву фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону муҳаққиқон ва шоирону адибон миёни доираи васеи профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ба роҳ монад. 


Яке аз масъалаҳои аслие, ки солҳои охир дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, ин тадбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мубрамияти масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар дарк намуда, соли 2017 дар заминаи Созмони ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва Шӯрои ҷамъиятии кор бо донишҷӯдухтарону бонувони муассиса шуъбаи кор бо ҷавононро дар донишгоҳ таъсис дод. Шуъба ҳамчун зерсохтори раёсати корҳои тарбиявӣ ва мақоми салоҳиятдор сиёсати давлатии ҷавононро дар донишгоҳ тадбиқ менамояд. Ҷиҳати беҳбуд бахшидани самаранокии сиёсати давлатии кор бо ҷавонон дар муассиса имконоти васеи мавҷуд буда, фаъолноккунонии устодону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ марҳила ба марҳила вусати тоза пайдо намуда истодааст. Раванди мазкур дар оянда низ аз масъалаҳои меҳварӣ ва мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор гирифта, ҳимояи манфиатҳои ин қишри ҷомеа ба як марҳилаи сифатан нав хоҳад расид. 


Ташаккули маърифати фарҳангии ҷомеа ва ҳифзи ёдгориҳову муқаддасоти бостонӣ дар замони муосир яке аз василаҳои мубрами густариши ҳуввияту ҷаҳонбинии миллии милатҳо маҳсуб мешавад. Аз сӯи дигар таваҷҷуҳ ба ин масъала метавонад барои эҷоди ғояҳои созандаву мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир, ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва беҳбудбахшии ҷаҳонбинӣ, зебоипарастии ҷомеа созгор гардад. Ҳамин гуна бартариятҳоро ба инобат гирифта дар заминаи бахши фарҳанги донишгоҳ соли 2018 дар муассиса шуъбаи фарҳанг ва осорхона ташкил гардид. Шуъба ҳамеша баргузории чорабиниву намоишҳои фарҳангиро дар муассиса роҳандозӣ менамояд. Ҳамчунин дар доираи нақшаҳои муштараки баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ намоишҳои фарҳангии шуъба дар сатҳи шаҳри Душанбе низ доир мегардад. Ансабли «Ҷавонӣ»-и донишгоҳ, ки аз ҳисоби донишҷӯёни эҷодкор таъсис ёфтааст, дар самаранокии фаъолияти кори шуъбаи фарҳанг ва осорхона таъсири мусби мегузорад. 


Ҳамасола имкониятҳои муосиру созгори таълимиву илмӣ дар донишгоҳ муҳайё гардидаистода, баъзаи мукаммали фарогирии ҷавонон ба таҳсили бунёд мегардад. Ҳамин бартариятҳо омили мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтани муассиса миёни насли ҷавони кишвар шудаистодааст. Дар баробари боло рафтани нуфузи донишгоҳ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ҳамасола шумораи донишҷӯёни донишгоҳ афзоиш меёбад. Ин вазъ теъдоди донишҷӯёни ниёзмандро барои будубош дар хобгоҳ бештар месозад. Бахши хобгоҳҳои донишгоҳ ҳамчун зерсохтори раёсати корҳои тарбиявӣ барои таъмини донишҷӯён ба хобгоҳ мусоидат менамояд. Феълан Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дорои 3 хобгоҳи замонавӣ буда, мувофиқӣ шароитҳои мавҷӯда ҳамасола имкони ба хобгоҳ таъмин намудани бештар аз 1100 нафар донишҷӯёнро доро аст. Дар хобгоҳҳои донишгоҳ шароти хуби маишиву таълимӣ ва машғулшавӣ ба варзиш муҳайё гардида, маҳфилҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ амал менамоянд. 


Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятии сарпарастон (кураторон), инчунин дар сатҳи факултетҳо донишгоҳ созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва шӯроҳои ҷамъиятии кор бо донишҷӯдухтарон амал менамоянд. Ин ниҳодҳои ҷамъиятӣ, ки сарпарасти онҳо раёсати корҳои тарбиявӣ маҳсуб мешавад, дар пешбурди самараноки корҳои таълимиву илмӣ, тарбиявию фарҳангӣ ва фаъолноккунонии сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, устодону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ таъсири мусбии мусоиди худро мегузоранд. 


Солҳои охир фаъолияти гурӯҳҳои ихтиёрӣ (волонтёрон) дар ҷамъият то рафт васеъ мегардад. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Клуби волонтёрон амал менамояд, ки аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол доираи васеи ҷавононро ба аъзогӣ фарогир гирифтааст. Нақши Клуби волонтёрон дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, интелектуаливу маданӣ, сайёҳиву варзишӣ, нишасту ҳамоишҳои илмӣ ба таври актуалӣ эҳсос мегардад. Аъзоёни Клуби волонтёрӣ дар давраи фаъолияти худ таҷрибаву этикаи муайяни меҳнатиро омухта, қобилияти худташаккулдиҳиро соҳиб мешаванд. 


Маҷмуан раёсати корҳои тарбиявӣ ва зерсохторҳои он ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф ва илм, кор бо ҷавонону занон, фарҳангу сайёҳӣ дар муассиса чораҳои муассиру саривақтӣ андешида, иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаи худро дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон роҳандозӣ менамоянд.