Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Кормандон


Rustam150.jpg

Cардори раёсати корҳои тарбиявӣ:


Давлатзода Абдулло Давлат


Маълумот: Олӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Утоки корӣ: Бинои таълимии №III, утоқи 203


Суроға:  

734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 


Телефон:

(+992) 000 00-00-00


E-mail:

a.davlatzoda@tgfeu.tj


Давлатзода Абдулло Давлат 24 апрели соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. 

Солҳои 1996-2001 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ноҳияи Муъминобод ва солҳои 2001-2007 дар Гимназияи давлатии «Ҳиммат»-и ҳамин ноҳия таҳсил кардааст. 

Таҳсилоти олиро соли 2008 дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намуда, соли 2013 онро аз рӯи ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ дараҷаи бакалавр хатм кардааст. 

Соли 2013 дар бахши таҳсили магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2015 онро бо ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ ба анҷом расонидааст. 

Дар ин баробар соли 2016 ба шуъбаи ғоибонаи факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил шуда, хатмкунандаи ин муассисаи олӣ аз рӯи ихтисоси молия мебошад. 

Фаъолияти меҳнатии ӯ аз моҳи сентябри соли 2008 ба ҳайси корманд дар Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оғоз гардида, то моҳи октябри соли 2013 идома меёбад. Ҳамзамон дар ин муддат ҳамчун журналисти мустақил фаъолият намудааст. 

Моҳи октябри соли 2013 ба ҳайси мутахассиси пешбари бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба кор қабул гардида, то моҳи феврали соли 2014 дар ин вазифа кор мекунад. Сипас, ба ҳайси мутахассиси пешбар дар бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин шуда, то моҳи июни соли 2015 ин масъулиятро ба душ дошт. Моҳи июни соли 2015 мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардида, то моҳи марти соли 2017 дар вазифаи мазкур фаъолият мекунад. 

Солҳои 2017-2018 сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор кардааст. Баъди такмили сохтори ин муассисаи олӣ аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон моҳи апрели соли 2018 ба ҳайси сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳи мазкур таъин шуда, то моҳи июни соли 2018 дар ин вазифа кор мекунад. 

Аз моҳи июни соли 2018 то ҳол ҳамчун сардори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият менамояд. 

Солҳои 2014 дар курсҳои такмили ихтисосро вобаста ба масъалаҳои «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг», 2015 дар соҳаи «Идоракунии хариди давлатӣ ва беҳтарсозии натиҷаҳои хариди давлатӣ ба воситаи зиёд кардани иқтидори харид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 2016 дар масълаҳои «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст. 

Ба ифтихорномаҳои фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардида, дорандаи рутбаи тахассусии «Референт дараҷаи 1»-и хизмати давлатӣ мебошад.