Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Нашр


Паём430x600.jpg

Китоби дарсӣ дар асоси муҳтавои ҳатмии курси «Асосҳои соҳибкорӣ», ки аз ҷониби Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як қатор ихтисосҳои иқтисодӣ муқаррар гардидааст, омода карда шудааст. Китоби дарсӣ бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №12/28 аз 30.09.2020 сол ба нашр тавсия дода шудааст. Дар китоб маҷмӯи саволҳои назариявӣ ва амалии соҳибкории инноватсионӣ баррасӣ мешаванд. Мафҳум, таснифот ва сикли ҳаётии инноватсия, модел ва марҳилаи соҳибкории инноватсионӣ, инчунин асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти инноватсионӣ нишон дода шудаанд. Тартиби ташкили соҳибкории инноватсионӣ ва махсусияти он барои бизнеси хурд қайд гардиданд. Саволҳои муҳити маркетинг ва идоракунии раванди инноватсионӣ, асоси маблағгузорӣ ва самаранокии лоиҳаҳои инноватсионӣ нишон дода шудаанд. Китоб барои бакалаврҳо, магистрантҳо, донишҷӯён, аспирантҳо ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, соҳибкорон ва тамоми шахсоне, ки ба масъалаҳои инноватсия ва соҳибкории инноватсионӣ таваҷҷӯҳ доранд, тавсия дода мешавад

 















Паём430x600.jpg


Исёни дил. Маҳмонов Мадислом./ Маҷмӯаи шеърҳо. – Душанбе: ДДМИТ, 2020. – 68с.


Шоир Раҳмонов Мадислом ду маҷмӯаи шеърии худро таҳти унвони «Шаҳрошӯби андеша» ва «Исёни дил» рӯи чоп овардааст.


Маҷмӯаи мазкур шомили сурудаҳои тозаэҷоди Мадислом Раҳмон буда, ба мавзӯоти мубрами рӯз, аз қабили васфи Ватану ватандӯстӣ, ҷавонмардию покманишӣ, гиромидоштани падару модар, ғанимат шуморидани рӯзгори ҷавонӣ ва амсоли он бахшида шудааст. Ба ҳаводорону ихлосмандони назми бадеъ тақдим мегардад.

 













Паём430x600.jpg


Достони «Тобу тавони модар». Ҷумъа Махшул. Душанбе: ҶДММ «Нури Маҳтоб», 2020, – 104с.


Чанде қабл достони «Тобу тавони модар»-и шоири ширинсухан Ҷумъа Махшул рӯи чоп омад, ки аз 104 саҳифа иборат аст.


Достони «Тобу тавони модар» аз асолату матонати модар дар ҳимояи дунёи зебоӣ бо дидаи эъҷобу икром нақл мекунад. Дар он шоир тамоми муҳаббати худро нисбати модар ифшо кардааст. Дар ин асари пурарзиш модар чун Офаридгор дар арсаи муборизаҳо барои бахту саодати инсон маълумоти дастболост ва дастболо хоҳад монд. Достони мазкур ҳамчун васоити илмӣ-тарбиявӣ барои муассисаҳои таълимӣ, литсейҳо, коллеҷҳо ва макотиби олӣ пешбинӣ шудааст.

 











Паём430x600.jpg


Баҳисобгирии муҳосибии идоракунӣ. Китоби дарсӣ. – Душанбе: ҶДММ «Балоғат». 2019 – 540 саҳ.


Дар китоби дарсии мазкур соҳият ва вазифаҳои баҳисобгирии муҳосибии идоракунӣ, асосҳои ташкили он, мавқеи он дар низоми иттилоотии идоракунӣ, фарқияти баҳисобгирии муҳосибии идоракунӣ аз баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ ва баҳисобгирии андозҳо мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Дар китоби дарсӣ таснифоти хароҷотҳо, тартиби баҳисобгирии хароҷот ҳангоми истеҳсоли маҳсулот, хусусиятҳои баҳисобгирии хароҷот аз рӯи марказҳои ҷавобгарӣ, методикаи баамалоии таҳлили фарқият аз фоида, даромадҳо ва хароҷот, усулҳои ҳисобкунии арзиши аслии маҳсулот, асосҳои банақшагирӣ ва қабули қарорҳои идоракунӣ, аз ҷумла аз рӯи маблағгузории асосӣ баён гардидаанд. Оид ба ҳар як мавзӯъ барои санҷидани савияи дониши донишҷӯён саволҳои тестӣ ва назарсанҷиҳо оварда шудааст. Китоби мазкур дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ омода гардида, дар он пайдарпайии мавзӯҳо вобаста ба мазмун ва алоқамандии онҳо инъикос ёфтаанд.

Китоби мазкур барои устодон, аспирантон, магистрантон, муҳосибони касбӣ, менеҷерон ва донишҷӯёни ихтисосҳои равияи иқтисодии макотиби олӣ пешбинӣ шудааст.

 






Паём430x600.jpg


Идораи хавфҳои молиявӣ. Китоби дарсӣ/ Дар зери таҳрири умумии н.и.и., профессор Бегматов А.А. – Душанбе: ДДМИТ, 2019 – 320 саҳ.

Китоби дарсии мазкур оид ба омӯзонидани нақш ва мақоми молияи давлатӣ дар низоми молиявӣ, идоракунии молияи давлатӣ, мақомотҳои идораи молияи давлатӣ, моҳият ва мазмуни идораи хавфҳои молиявӣ, ташкили идораи молиявии хавфи кории менеҷмент, идораи хавфҳои молиявӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, идораи хавфҳои молиявӣ дар шароити номуайян, идораи хавфи суғуртаи молиявӣ, идораи хавфҳои молиявӣ дар фаъолияти гумрук, банақшагирӣ ва ояндабинии молиявӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, ояндабинӣ ва банақшагирӣ дар фаъолияти идоракунӣ, идораи хавфҳои молиявии лизинг дар фаъолияти сармоягузорӣ ва идораи хавфҳои молиявӣ дар фаъолияти бонкиро дар бар мегирад.

Китоби дарсӣ барои иҷрои корҳои мустақилона бо назардошти дастурҳои методие, ки мувофиқи барномаи таълимӣ тартиб дода шудаанд, пешниҳод мегардад. Дар китоб оид ба мустаҳкам кардани донишҳо вобаста ба ҳар як мавзуъ саволҳои худназоратӣ, супоришҳо, тестҳо ва масъалаҳо тартиб дода шудаанд, ки онҳо барои фаъолияти пурсамари таълимии донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ кумак хоҳад расонид.

 





Паём430x600.jpg


Логистикаи истеҳсолот. Китоби дарсӣ оид ба гузаронидани дарсҳои назариявӣ, семинарӣ ва амалӣ. – Душанбе: ДДМИТ, 2019. – 520 саҳ.

Китоби дарсии мазкур дар асоси барномаи таълимии фанни «Логистикаи истеҳсолот» таҳия карда шуда, дар он пайдарпайии мавзӯҳо вобаста ба мазмун ва алоқамандии онҳо инъикос ёфтаанд. Дар китоби дарсии мазкур усули ҳадафҳо дар муносибсозии харид, интихоб байни истеҳсолоти «худӣ» ё «кироя», ҳисоби харҷи сармоя ҳангоми тадбиқи логистика дар истеҳсолот, баҳодиҳии хароҷоти иқтисодӣ дар логистика, ҳисоби нуқтаи безарари фаъолияти низоми логистикӣ, муносибсозӣ ва ҷойгиркунии молҳо дар анбор, таҳияи хатсайрҳо ва нақшаи дастраснамоӣ бо мисолумасъалаҳои мушаххас ва тестҳо дарҷ гардидаанд.

Китоби дарсӣ барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ, семинарӣ ва амалӣ ва иҷрои корҳои мустақилона аз рӯи фанни « Логистикаи истеҳсолот» тавсия карда мешавад.

 








Паём430x600.jpg

Қараев Р.Х., Валиев А.Ш., Солиев Н.А., Нуров М.Р.Бозори коғазҳои қиматнок ва фаъолияти биржавӣ. Васоити таълимӣ – Душанбе 2019 «Тайрон-2014» 140 саҳ.

Актуалӣ будани васоити таълимии мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ҳолати муосири бозори коғазҳои қиматнок дар сатҳи байналмилалӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифта, сохтори бозори коғазҳои қиматнок, намудҳои фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок, таснифи умумии коғазҳои қиматнок, биржаҳои фондии байналмилалӣ ба мисли биржаҳои фондии ИМА, Англия, Ҷопон, Канада, Олмон, Ҳиндустон ва ташаккули биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, биржаҳои молии ҷаҳонӣ омӯхта шудааст. Дар васоити таълимии мазкур масъалаҳои зерин ба таври назариявӣ ва амалия мавриди омӯзиш қарор гирифтааст:

- Бозори коғазҳои қиматнок: таснифи умумӣ.

 - Коғазҳои қиматнок: таснифи умумӣ. 

 - Иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок. 

 - Фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок. 

 - Биржаҳои фондии байналмилалӣ. 

 - Ташаккули биржаҳои фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

 - Биржаҳои молӣ






Паём430x600.jpg

Мирсаидов Аброр Бобоевич, Шомадова Нилуфар Саидамировна – Рушди инноватсионии системаи саноатии шаҳри Душанбе. Ирфон «Бахманруд» 164 саҳ. 

Дар монографияи мазкур асосноккунии ташаккл ва рушди системаи муосири саноатии шаҳр, ки дар он ҷузъҳои инноватсия мавқеи муҳим дорандва ҷустуҷӯи механизмҳои ташаккул ва рушди инноватсионии низоми саноатии шаҳри Душанбе мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Омӯзиши асосҳои назариявии ташаккул ва рушди системаи саноати минтақавию шаҳрӣ, асосҳои методологиву методии арзёбии иқтидору захираҳои инноватсионӣ, ҳамчун ҷузъи пешбарандаи механизми рушди инноватсионии системаи саноати шаҳр, баррасии заминаҳои таърихӣ ва таҳлили ҳолати муосир ва тамоюли рушди системаи саноати ш. Душанбе ва баҳодиҳии сатҳи рушди системаи саноати он дар шароити афзалиятҳои рушди саноатӣ ва технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакат, ҷавҳари пажӯҳишро ташкил додааст.Дар асоси тадқиқоти механизмҳои ташкиливу иқтисодии ташаккул ва рушди инноватсионии системаи саноати шаҳи Душанбе, роҳҳои мукаммалгардонии он асоснок гардида, механизми ҳамгироии субъектҳои раванди инноватсионии системаи саноати шаҳр ва самтҳои асосии мукаммалсозии механизмҳои дастгирии давлатии рушди инноватсионии низоми саноати шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст. Механизмҳои маҳсулнокии раванди инноватсия ва рушди устувори инноватсионии системаи саноати шаҳр дар асоси пурзӯр намудани фаъолнокии алоқамандии зернизом ва унсурҳои низоми саноатӣ, ки ташкил намудани «бо ном хамгирои» ҳамчун шакли боҳам пайвастшавии муассисаҳо (иттиҳоди стратегӣ, аутсоринг, корпоратсияи виртуалӣ, кластер ва ғайра) тақозо менамояду дар натиҷаи он ҳамкориҳои нисбатан пурмаҳсули ҷузъ ё субъектҳои низоми саноат дар доираи мубодилаҳое, ки дар натиҷаи ташкили истеҳсолот рӯи кор меоянд, асоснок карда шудааст. 

Монография барои кормандони илмӣ, мутахассисони бахши иқтисодиёти саноативу инноватсионӣ, аспирантон,докторантон, магистрантон ва омӯзгорони факултаҳои иқтисодии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ манзур мегардад.





Паём430x600.jpg




Китоби мазкур нахустин китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин ришта буда, дар он масоили мубрами пайдоиш ва рушди низоми андоз ва андозбандӣ ва назарияи андозситонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хеле содда ва муъҷаз баён шудаанд. Китоби дарсӣ ҳамзамон тозатарин тағйиру иловаҳоро ба Кодекси амалкунандаи андоз фаро мегирад. Дар баробари тавсифи андозҳои амалкунанда, инчунин самтҳои асосии сиёсати андози миллӣ дар давраи муосир баррасӣ мешаванд. Китоб барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантон ва тамоми алоқамандони адабиёти иқтисодӣ тавсия карда мешавад.













Паём430x600.jpg



Чопи китобҳои дарсӣ ва васоити таълимии соҳавӣ дар ДДМИТ боиси мустаҳкамшавии пояҳои илмии муассиса ва баланд гардидани сифати таълим мегардад. Ин аст, ки унвонҷӯ ва олими ҷавони донишгоҳ, ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Аҳлиддин Табаров васоити таълимии нахустинашро бо номи «Баҳисобгирии муҳосибӣ дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ» интишор намуд.

Васоити таълимӣ фарогири омӯзиши масъалаҳои мубрами баҳисобгирии муассисаҳои соҳаи буҷетии кишвар мебошад. Муаллиф дар он масоили вобаста ба сохтори муҳосиботи муассисаҳои буҷетии кишвар, аз ҷумла; таснифоти буҷети давлатӣ, системаи даромад ва хароҷот, ҳисобномаи моддаҳои хароҷотии буҷетӣ, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, намунаи амалиёти хоҷагӣ, ҳалли мукотиботи алоқамандии ҳисобҳо, навишти дутарафа дар ҳисобҳо, ҳисобкунии истеҳлоки воситаҳои асосӣ, тавозуни муҳосибӣ, ҳисоботи молиявии ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин намунаи ҳисоботи молиявӣ, намунаи шаклҳои ҳисоботи агентиҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, намунаи шаклҳои ҳисоботи Агентии омор ва намунаи шаклҳои ҳисоботи Кумитаи андозро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст.

Бояд ёдовар шуд, ки китоби мазкур ба донишҷӯёни ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, молия, омор ва андоз тавсия мешавад.










Паём430x600.jpg



О.Ш. Саидҷаъфаров, М.М. Раҳмонов. Услуби баёни илмӣ. – Душанбе: ДДМИТ, 2019. – 176 саҳ. Китоби мазкур тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таҳия гардида, масоили мавриди баҳси он алоқаманд бо қоидаҳои асосӣ ва аввалдараҷаи тарзи навишти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ буда, ҳамчунин, навъҳои корҳои илмӣ, намунаҳои корҳои таҳқиқӣ, масоили истилоҳшиносии тоҷик, сайри таърихии вожаҳои тахассусӣ ва касбиву ҳирфаии забони тоҷикӣ, анвои истилоҳоти таърихӣ дар осори хаттии ниёгон ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Он ҷиҳати рушду такмили дониши ҳар муҳаққиқи ҷавон дар самти машғул шудан ба фаъолияти навиштории илмӣ, ба вижа кори нақшавии илмӣ, шиносоӣ бо асоситарин қоидаҳои дарунӣ ва бурунии асари илмӣ, ҳамчунин, ошноӣ пайдо кардан бо вожаҳои махсус ба риштаҳои улум бисёр муфид хоҳад буд. Умед аст, ки ҳар фарди нав дар шоҳроҳи илм қадамгузошта аз китоби мазкур таматтуъе хоҳад гирифт.













Паём430x600.jpg



Китоби муаллифон Р.Қараев, А.Валиев, Н.Солиев ва М.Нуров «Бозори коғазҳои қиматнок ва фаъолияти биржавӣ» доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи бозори маълумот дода, ҳамзамон оид ба бозори коғазҳои қиматнок маълумот медиҳад. Дастур барои ихтисосҳои риштаи иқтисодӣ тавсия шудааст.
















Паём430x600.jpg



Китоби С.Носиров «Ташаккули донишу маҳорат ва малакаҳои зеҳнии муҳассилин дар раванди таҳсил» масъалаи ба муҳассилин омӯзондани мафҳумҳои илмӣ, умумӣ, аз ҳама умумитар, мушаххас, алоҳида, қонунҳои илмӣ ва вижагиҳою таснифоти дидактикии онҳо, методологияи ташаккули донишу маҳорат ва малакаҳои зеҳнии муҳассилин дар раванди таҳсил мавриди муоинаю таҳқиқ қарор гирифтааст.















Паём430x600.jpg



Китоби Ғ.Мирзоев «Ташаккули тафаккури миллӣ, хештаншиносӣ ва фарҳанги маънавӣ» аз маҷмӯи мақолаҳоро доир ба мавзӯъҳои ташаккулёбии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии ҳақиқии муносибатҳои байналхалқӣ, ташаккули фарҳанги сиёсӣ, ахлоқӣ, динӣ ва масъалаҳои ташаккули тафаккури миллӣ ва хештаншиносиро дар бар мегирад.















Паём430x600.jpg



Дар маҷмӯаи маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои таъмини рақобатпазирии институтҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт» маърӯзаҳои илмии иштирокчиёни он ҷамъоварӣ карда шудааст. Мақолаҳо фарогири масъалаҳои таъмини рақобатпазирии институтҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон паст намудани вобастагии молиявии рушди иқтисодиёти миллӣ аз омилҳои беруна; самт ва натиҷаҳои ислоҳоти низоми идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; муаммоҳои таҳкими заминаҳои молиявии рушди минтақаҳои кишвар ва масъалаҳои молиявии рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.

















Паём430x600.jpg



Дар маҷмӯи маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявдар мавзӯи «Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар такмили идоракунии давлатии иқтисодиёт» маърӯзаҳои илмии иштирокчиёни он, аз ҷумла маърӯзаҳои ҳайъати профессорию омӯзгории ДДМИТ, намояндагони мақомоти салоҳиятдори соҳа ва олимони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Асосан мақолаҳо фарогири масъалаҳои усулҳо ва дараҷаи истифодабарии технологияҳои ҳозиразамони иттилоотӣ дар такмили идоракунии давлатии иқтисодиёт, самаранокии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар мақомотҳои давлатӣ, проблемаҳои асосии моделсозии масъалаҳои иқтисодӣ тавассути технологияҳои муосири иттилоотӣ, зарурияти татбиқи Ҳукумати электронӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо мебошанд.















Паём430x600.jpg



Дар маҷмӯаи маводи конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: ҷанбаҳои миллӣ, минтақавӣ ва баналмилалӣ» маърӯзаҳои илмии иштирокчиёни он ҷамъоварӣ карда шудааст. Асосан мақолаҳо фарогири доираҳои васеъи масъалаҳои марбут ба Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҷаҳонишавии озуқаворӣ ва иқтисодиёти сабз дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти меҳнатии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ, дурнамои рушди минтақавӣ ва дигар масъалаҳоро дар бар мегирад.
















Паём430x600.jpg



Чанде пеш аз тарафи устодони кафедраи метематикаи олии донишкада ду китоб тоза ба нашр. Яке воситаи таълимӣ бо номи “Назарияи эҳтимолият” ба нашр расид, ки ба қалами устодони донишкада ва Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур: С. Ғаффоров, А. Кабиров, Ш. Ғаффоров тааллуқ дорад. Дар он маълумотномаи мухтасар, намунаи ҳалли мисолҳою супоришҳои тестӣ оварда шудаанд.


Дар бисёр соҳаҳои илм, аз ҷумла иқтисодиёт, техника, тиб, физика ва ғайра ҳангоми тадқиқотҳо ва ҳалли масъалаҳои амалӣ омилҳои тасодуфие дучор меоянд, ки ба натиҷаи кор таъсири худро мерасонанд. Бинобар ин, зарурати омӯхтани ҳодисаҳои тасодуфӣ ба миён меояд. Омӯзиши эҳтимолияти рӯйдиҳии ин ҳодисаҳоро яке аз фаслҳои илми математика - назарияи эҳтимолият ба зимма дорад.


Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала ин китоб рӯи чоп омадааст .









Паём430x600.jpg



Дастурамали “Татбиқи усулҳои математикӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ” (Намунаи ҳалли масъалаҳо ва супоришҳои тестӣ) аст, ки муаллифонаш устодони кафедраи математикаи олии донишкада М. Шодмонов ва А. Кабиров мебошанд.


Лозим ба ёдоварист, ки усулҳо (методҳо)-и математикӣ дар иқтисодиёт ин самти илмӣ дар иқтисодиёт буда, дар тадқиқи система ва равандҳои иқтисодӣ бо ёрии моделҳои математикӣ истифода мешаванд.


Дар васоити таълимии мазкур бошад, намунаи ҳалли бештар аз 300 масъалаи иқтисодӣ нишон дода шуда, бештар аз 1000 масъала дар шакли супориши тестӣ пешкаши донишҷӯён гардидааст.

Васоити таълимӣ барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани мавзӯъҳои назариявӣ ва дуруст интихоб намудани тарзи ҳалли масъалаҳои математикӣ ба донишҷӯён кумаки зарурӣ мерасонад.










Паём430x600.jpg



Ба наздикӣ китоби дарсии «Математикаи элементарӣ»-и Абубакр Кабиров ва Мизрон Солиев, муаллимони калони кафедраи математикаи олии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯи чоп омад.

Китоби дарcӣ аз 4 боб - арифметика, алгебра, тригонометрия ва геометрия иборат аст. Дар китобҳои таълимии мактабӣ қисми назариявии ин бобҳо ба қадри кофӣ дарҷ ёфтаанд, бинобар ин муаллифон қисмҳоро фишурда нишон дода, барои баланд бардоштани дониши назариявӣ, маҳорати ҳисобкунӣ ва малакаи эҷодии толибилмон намунаи тарзҳои гуногуни ҳалли мисолу масъалаҳоро нишон дода, супоришҳоро барои корҳои мустақилона дар шакли тестӣ пешниҳод намудаанд.

Китоби мазкур асосан барои машғулиятҳои амалӣ пешниҳод шудааст ва умед аст, ки он барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани мавзӯъҳои назариявӣ ва дуруст интихоб намудани тарзи ҳалли масъалаҳои математикӣ ба толибилмон кумаки зарурӣ мерасонад.

Ин китоб барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо системаи кредитии таҳсилот фаро гирифта шудаанд, хонандагони мактабҳои миёна, литсейҳои касбӣ, дохилшавандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва шахсоне, ки мустақилона ин фанро аз худ карданианд, пешкаш карда мешавад.







 


Паём430x600.jpg


Чанде пеш васоити таълимии устодони кафедраи математикаи олӣ Бахтиёр Саидов ва Абубакр Кабиров бо номи “Математикаи олӣ барои иқтисодчиён” зери таҳрири доктори илмҳои физика-математика, профессор Нурулло Усмонов рӯи чоп омад. Он нишондодҳои методӣ ва намунаи супоришҳои тестиро дар бар мегирад.

Васоити таълимӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки бо низоми кредитии таҳсилот фаро гирифта шудаанд, пешниҳод мешавад. Маҷмӯаи ҳалли мисолу масъалаҳо ва супоришҳои тестӣ дар асоси барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии равияи иқтисодидошта тартиб дода шудааст. Намунаи ҳалли мисолу супоришҳои тестӣ барои корҳои мустақилона вобаста ба бобҳо бештар аз 2500 мисолу масъаларо дар бар мегирад.

Дар интиҳои супоришҳои тестӣ барои корҳои мустақилона ҷавобҳои дурусти саволҳо оварда шудаанд, ки иҷрокунанда натиҷаи кори худро бо он муқоиса карда метавонад.

Васоити таълимӣ барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани мавзӯъҳои назариявӣ ва дуруст интихоб намудани тарзи ҳалли масъалаҳои математикӣ ба толибилмон кумаки зарурӣ мерасонад.








 



Паём430x600.jpg

Чанде пеш васоити таълимӣ бо номи «Тоҷикистон - ташаббускори ҳалли масоили об» рӯи чоп омад, ки мураттибони он Асомуддин Қаландаров, н. и. п., дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ ва Фаридулло Убайдуллоев, устоди кафедраи назарияи иқтисодӣ мебошанд.

Васоит суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масоили об, ки аз минбари созмонҳо ва симпозиумҳои муҳим ироа гардидаанд, дар бар мегирад.

Чун кишвари мо ташаббускори «Даҳсолаи об барои рушди устувор (2018-2028)» маҳсуб мешавад, омӯзиши маводи мазкур имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар раванди таълими фанҳои тадрисшаванда ба ташаббусҳою иқдомҳои наҷибонаи Сарвари давлат доир ба масъалаҳои ҳалталаби об чӣ дар сатҳи минтақавию чӣ дар сатҳи байналмилалӣ шинос шаванд ва роҳу усулҳои ҳифз ва механизмҳои иқтисодии истифодаи самараноки захираҳои обиро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ пайгирӣ намоянд.

Ҳамзамон маводи мазкур ҷиҳати ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури экологию иқтисодӣ ва баланд бардоштани малакаю маҳорати амалии донишҷӯён саҳми назаррас мегузорад, ки он яке аз шартҳои асосӣ дар раванди тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодӣ мебошад.

Васоити мазкур рӯзмарра буда, барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ, амалӣ ва корҳои мустақилона на танҳо барои донишҷӯёни равияи иқтисодидошта, балки барои дигар ихтисосҳо низ муфид аст. Истифодаи омори дуруст оид ба масъалаҳои об аз маводи мазкур сарчашма мегирад.




 

Паём430x600.jpg



Ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маводи ҷолиб аз чоп баромад. Аз ҷумла китоби «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон - зодаи истиқлолият» рӯи чоп омад, ки дар он дастовардҳои донишкада ҳамчун зодаи соҳибистиқлолият мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар ҷараёни таҳлил мавқеъгирии донишкада дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ инъикос карда мешавад. 

Аз ҷумла корҳое, ки барои амалигардонии мақсадҳо дар донишкада ва сохторҳои он амалӣ гаштаанд, мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Китоб барои доираи васеи хонандагон, менеҷерон, олимон, муҳаққиқон, аспирантон, хизматчиёни давлатӣ ва донишҷӯёну довталабон пешбинӣ гардидааст.



 








Паём430x600.jpg



Аз тарафи мудири кафедраи аудит ва ревизияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Орзуев П.Ҷ., васоити таълимӣ аз фанни баҳисобгирии идоракунӣ дар ҳаҷми 29 ҷ.ч. соли ҷорӣ (2017) дар ҳаммуаллифӣ аз нашр баромад. 

Дар васоити таълимӣ ҷанбаъҳои назариявӣ ва амалии ташкили баҳисобгирии идоракунӣ дар субъектҳои хоҷагии соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гардидааст. Моҳият, вазифа, мавқеъ ва нақши баҳисобгирии идоракунӣ дар низоми умумии идоракунии корхонаҳо, қисмҳои таркибӣ, объектҳои асосӣ, усулҳо ва тарзи ба роҳ мондани он дида баромада шудааст. Мундариҷаи васоити таълимӣ бештар омӯзиши хароҷот ва таснифоти он, усулҳои баҳисобгирии хароҷот ва арзишмуайянкунӣ, низоми буҷанигорӣ, қабули қарорҳои идоракунии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, баҳисобгирӣ ва ҳисоботи дохилӣ, хусусиятҳои баҳисобгирии хароҷот ва арзишмуайянкунӣ дар соҳаҳои гуногун ва дигар унсурҳои баҳисобгирии идоракуниро фаро гирифтааст. 

Он барои донишҷӯён ва магистрантони ихтисосҳои иқтисодии муассисаҳои олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён, устодони макотиби олӣ ва мутахассисони соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ таълиф гардидааст.

 








Паём430x600.jpg

Чанде қабл монографияи н.и.и., дотсент Музаффаров Б.С. бо номи «Таҳлили фаъолияти сармоягузорӣ дар бахши кишоварзии минтақаҳо» рӯи чоп омад.
Монография барои сайқал додани дониши назариявии донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва унвонҷӯён ва дигар тахассусҳои иқтисодиро низ дар худ таҷассум намуда, бо мақсади мустаҳкамгардонии донишҳои назариявӣ ва амалии тахассусӣ дар раванди таълим, мувофиқи тавсифномаи тахассусӣ барои иқтисодчиён таҳия карда шудааст.
Монография  аз 3-боб иборат буда, дар қисми аввал  масъалаҳои асосии фаъолияти сармоягузорӣ дар бахши аграрии иқтисодиёт омӯхта мешаванд. Мафҳумҳое ба мисли назарияҳои муосир оид ба сармоягузорӣ ва мазмуни фаъолияти сармоягузорӣ баррасӣ мешаванд. Ба таври муфассал ҳолати муосири фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ва ҳолати муносибатҳои молиявию қарзӣ ва ҷалби сармоягузориҳои қарзӣ дар соҳаи кишоварзӣ омӯхта шудаанд. Дар боби дуввум ва сеюми монография самтҳои асосӣ ва роҳҳои баланд бардоштани фаъолияти сармоягузории корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлон ва омилҳои маҳдудкунандаи фаъолияти сармоягузории корхонаҳои кишоварзӣ ва роҳҳои асосии фаъолгардонии он оварда шудаанд. 
Чӣ тавре ки маълум аст, фаъолияти сармоягузорӣ ин системаи марҳилаи бо ҳам алоқаманд ва доимо такроршавандаи давраи сармоягузорӣ буда, ҷараёни захираи сармоягузорӣ, афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ бо воҳиди иқтидори моддии истифодашуда, афзоиши даромад, инчунин тақсимоти даромад ва ташаккули талаботи сармоягузориро дар бар мегирад.
Бояд қайд намуд, ки таҳия ва нашри монография ба забони давлатӣ, ки фарогири илмҳои иқтисодӣ, самт ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии сармоягузории дар соҳаи кишоварзии мамлакат, шакл ва механизми ҳамкории байни соҳавӣ дар низоми бахши кишоварзии минтақаҳо ва дар маҷмӯъ роҳҳои баланд бардоштани фаъолияти сармоягузории корхонаҳои кишоварзии ҷумҳуриро дар бар мегирад, барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисосӣ соҳаи иқтисодии мамлакат дар замони муосир хеле муфид мебошад.
Монография ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, барои донишҷӯён, магистрантон, аспирантҳо ва унвонҷӯён ҳамчун як маводи ёрирасон шуда метавонад. .



 




Паём430x600.jpgБоиси хушнудист, ки маҷаллаи илмии «Паёми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» пас аз интизориҳои зиёд рӯи чоп омад.


Маҷалла бо сифати баланд ба теъдоди 100 нусха нашр шуда, аз 5 бахш: иқтисод, ҳуқуқ, табиӣ, гуманитарӣ ва филологӣ иборат аст. Дар маҷалла мақолаҳои илмии 42 нафар устодону профессорони донишкада гирд оварда шудааст. Маҷалла тавассути шуъбаи табъу нашр ба муаллифон ройгон тақсим карда мешавад.


Ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Паёми ДМИТ» аз устодони донишкада хоҳиш менамояд, ки барои чопи мунтазами он мусоидат намуда, мақолаҳои илмии хешро мутобиқ ба талабот таҳия намуда, ба идораи маҷалла пешниҳод кунанд.







Каримов430x600.jpg

Ба тозагӣ китоби Нурмуҳаммад Каримов, устоди кафедраи баҳисобгирӣ муҳосибӣ ва аудит бо номи «Тафсири мафҳумҳои иқтисодӣ» зери таҳрири н.и.и., дотсент Раҳимов С.Х. рӯи чоп омад. Дар васоити ёрирасони таълимии мазкур мафҳумҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва фаъолияти аудиторӣ тафсир карда шудаанд. Вобаста ба талаботҳои иқтисоди бозорӣ донистани мазмуну мундариҷа ва тавсифи луғавии мафҳумҳои иқтисодӣ ба мутахасисони соҳаи ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудит зарур аст. Корбасти ин мафҳумҳо аз муҳассилин талаб менамояд, ки дониши иқтисодии худро баланд бардоранд.


Омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи истилоҳот зарурати таҳияву таҳлили истилоҳномаю луғатномаҳои соҳавиро ба миён меорад. Имрӯз донишҷӯёну мутахассисони мо ниёз ба адабиётҳои тахассусӣ бо забони давлатӣ, инчунин ба вожаномаҳои иқтисоди бозаргонӣ доранд. Дастуруламали мазкур низ бо ҳамин мақсад таҳия шудааст.

Шумораи тафсири истилоҳоти дар дастур овардашуда ниҳоят фишурдаанду соҳавӣ. Дастури мазкур барои мутахассисони соҳаҳои ҳисобдорӣ, аудит, молия, қарз аз аҳамият холӣ набуда, истифодаи амалии он барои мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, кормандони илм, донишҷӯён ва устодони макотиби олӣ дастури хубест.





Педагогика430x600.jpg

Таълим додан ва тарбия намудани насли нави давронсоз дар ҷомеаи муосир муҳимтарин омилу воситаи расидан ба ҳадафи воқеан волою муқаддас мебошанд. Дастури таълимие, ки Носиров С.Ш., н.и.п., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар ҳамдастӣ бо Давлатова М.Д., омӯзгори ҳамин кафедра таҳти унвони «Педагогика» барои низоми кредитии таҳсилот таълиф намуда, рӯи чоп оварданд, ифшои ҳамин рози мубрам буда, роҳи наздик ва осонтарини шарафёб гардидан ба ин мақсади олии инсониро барои хонанда арза медорад.


Дастури мазкур ҳамчун маҷмӯаи таълимию методӣ барои низоми кредитии таҳсилот масъалаҳои муҳимтарини педагогикаро фаро гирифта, дар он барномаи таълимии корӣ (Силлабус), маҷмӯи лексияҳо, саволномаҳои тестии имтиҳонӣ ва ҳамчунин панду ҳикматҳо дар боби таълиму тарбия ва одаму одамгарӣ ҷой дода шудааст, ки зимни тадриси фанни педагогика барои донишҷӯёну устодон ёрӣ мерасонад. Ишора бояд кард, ки моҳияту мазмуни мавзӯъҳои дар маҷмӯаи лексияҳо дарҷшуда асосан фарогири соҳаи иқтисодӣ мебошанд. Гуфтан мумкин аст, ки воситаи таълимии мазкур ба педагогикаи иқтисодӣ нигаронида шудааст.

Ин китоб барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисоду молия, муаллимон, аспирантон ва дигар мутахассисони соҳаи таълиму тарбия тавсия мешавад.




Мирзоев430x600.jpgЧанде пеш китоби нави номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии донишкада Ғуломҷон Мирзоев бо номи “Дипломатия: қоида ва меъёрҳои ташрифотӣ” рӯи чоп омад. 

Тавсеа ва инкишофи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон зарурати тайёр кардани мутахассисони маҳорати касбии баланди дипломатидоштаро ба миён мегузорад. Азбаски дипломатия барои Тоҷикистон яке аз соҳаҳои нав ба шумор меравад ва муассисаҳои таълимии ин соҳа низ тозабунёданд, ба бисёр воситаҳои таълимӣ, аз ҷумла ба китобҳои дарсии фанҳои мухталифи тахассусӣ ба забони тоҷикӣ ниёз доранд. 

Ташрифоти дипломатӣ яке аз он фанҳои ишорашуда ба шумор меравад, ки барои таълими он то ба ҳол китоби дарсӣ ба забони тоҷикӣ таҳия нагардидааст. Бо тақозои таъмини ҳамин зарурат аввалин китоби дарсӣ аз тарафи пажӯҳишгари серсоҳа ва олими пурмаҳсул Мирзоев Ғ. таҳия ва манзури хонандагон гардонида шуд. 

Китоб аз муқаддима, 14 боб, замимаҳо ва феҳрасти адабиёт иборат буда, тамоми мавзӯъҳои марбут ба қоида ва меъёрҳои маросимӣ ва ташрифоти дипломатиро дар бар мегирад, ки онҳо ҷонибҳои гуногуни назария ва амалияи фаъолияти дипломатиро оғоз аз мафҳуми дипломатия то ба мавзӯъҳои тахассуси дипломатӣ, навъҳои дипломатҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ, тартиби барқарор кардани равобити дипломатӣ, чигунагии шурӯъ ва анҷоми фаъолияти дипломатӣ, мусоҳибаҳо ва мукотибаҳои дипломатӣ, тартиби анҷом додани онҳо, қоидаҳои гузаронидани пазироиҳои дипломатӣ ва теъдоди зиёди масъалаҳои дигари маросимиву ташрифотиро мавриди таҳлил қарор додаанд. 

Маводи дар китоби мазкур гирдомада, на танҳо барои донишҷӯёни факултетҳои равобити байналмилалӣ, дипломатҳо, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба мавзӯъ мароқ зоҳир мекунанд, судманд буда метавонад.