Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Аспирантура

АСПИРАНТУРАИ

 ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

 

қабули ҳуҷҷатҳоро барои соли таҳсили 2022 ба шуъбаи ғоибона ба ихтисосҳои зерин эълон мекунад:


• 08.00.01-  назарияи иқтисод (рӯзона-2  ҷой; ғоибона-2 ҷой) 

• 08.00.05 – иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ ( рӯзона-2 ҷой; ғоибона-2 ҷой) 

• 08.00.10- молия, муомилоти пул ва қарз (рӯзона-2  ҷой; ғоибона-2 ҷой) 

• 08.0012-  ҳисобдорӣ, омор (рӯзона-2 ҷой; ғоибона-2 ҷой)

• 08.00.13- усулҳои математикӣ ва инструменталӣ дар иқтисодиёт (рӯзона-2 ҷой; ғоибона-2 ҷой) 

• 08.00.14- иқтисодиёти ҷаҳон (рӯзона-2 ҷой; ғоибона-2 ҷой) 

 

ШАРТҲОИ ҚАБУЛ


Ба аспирантура дар асоси озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олии пурра ё магистратураро бо баҳои хубу аъло хатм намудаанд, қабул карда мешаванд. Ба шуъбаи рӯзона шахсони синнашон то 35- сола ва ба таҳсили ғоибона шахсони синнашон то 45 сола қабул карда мешаванд. Мутахассисони ҷавон баробари хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудаанд) бо пешниҳоди Шӯрои олимони мактабҳои олӣ метавонанд ба имтиҳонҳои қабули аспирантура иштирок намоянд. Мутахассисоне, ки баъд аз хатми муассисаҳои олии касбии ҶТ бо роҳхат ба кор фиристода шудаанд, дар сурати доштани собиқаи кори 2-сола қабул карда мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ тибқи қарордод ва ё созишномаҳои байнидавлатӣ қабул карда мешаванд.

Мӯҳлати таҳсил: рӯзона- 3 сол; ғоибона- 4 сол. 

Таҳсил дар аспирантура шартномавӣ мебошад.


Ариза ба номи ректори донишкада бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

• нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ бо замимааш (шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд - шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот) 

• варақаи шахсии аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқгардида ва 4 дона расми андозаи 3х4;

• тарҷумаи ҳол;

• рӯйхати корҳои нашршудаи илмӣ ё реферат тибқи ихтисоси интихобшуда (20-25 саҳ.)

•  нусха аз протоколи ҷаласаи Шӯрои олимон (барои мутахассисони ҷавон);  

• шаҳодатномаи (ф 2.2.) оид ба супоридани имтиҳонҳои номзадӣ (ба шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро пурра ё қисман супоридаанд ва муҳлати супоридани онҳо набояд аз 5 сол зиёд бошанд);

• тавсиянома аз ҷои кор;

• маълумотномаи тиббӣ (086/У)

• розигии хаттии роҳбари илмӣ.


Довталабоне, ки дар асоси қарордод ба аспирантура қабул карда мешаванд, бояд тавсия аз ҷои кори доимӣ бо имзои роҳбари вазорат, идора, ташкилот дошта бошанд. Имзоҳо бояд бо муҳри гербдор тасдиқ карда шаванд. 

Шиноснома ва дипломи маълумоти олӣ шахсан ба шуъбаи аспирантура пешниҳод карда мешавад.


Қабули ҳуҷҷатҳо аз 1.09. то 31.10.2022


Довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:

1. Ихтисоc

2. Фалсафа;

3. Забони хориҷӣ (англисӣ)


Шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро пурра ё қисман супоридаанд, аз имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ҳамон фанҳо озод карда мешаванд. Натиҷаҳои имтиҳонҳои хатми магистратура ҳангоми қабул ба аспирантура ба инобат гирифта мешаванд, ба шарте, ки дар нақшаи инфиродии магистр имтиҳонҳои магистрӣ аз фалсафа, забони хориҷӣ ва ихтисос пешбинӣ шуда бошад.

Имтиҳонҳои қабул аз 20.11 то 25.12.2022 


Барои маълумот ба шуъбаи аспирантураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Нишонии мо: ш.Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/10 (Гипрозем), корпуси № 2, ошёнаи 1-ум, утоқи № 109.