Факултетҳо
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Факултети ҳисобдорӣ ва омор бо қарори Шӯрои олимони донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) таҳти рақами №1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 таъсис дода шудааст.
Бояд қайд кард, ки ба факултети ҳисобдорӣ ва омор таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафуров Ғиёсиддин Садриддинович чор кафедраи тахассусӣ баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ, омор, аудит ва ревизия вобаста карда шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки кафедраи баҳисобгирии муҳосибиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобомуродов Бобомурод Элмуродович, кафедраи оморро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Иматшоев Зинатшо Хизматшоевич, кафедраи таҳлили иқтисодиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фасеҳзода Ислом Саймирзо, кафедраи аудит ва ревизияро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Тилабов Ёрибек ба ӯҳда доранд.

Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ яке аз аввалин кафедраҳои тахассусе мебошад, ки аз рӯзи аввали таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намуда, то ба имрӯз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварро бо мутахассисони баландихтисоси равияи баҳисобгирии муҳосибӣ таъмин намуда истодааст. Дар факултети ҳисобдорӣ ва омор кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ кафедраи бонуфуз буда, дар чор самти ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ мутахассисони касбиро тайёр менамояд. Иқтидори кадрии кафедра ба талаботҳои асосӣ ҷавобгӯ буда, тибқи нақшаи ҷорӣ ва перспективии худ дар самти таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбиявӣ ва байналмилалӣ фаъолияти худро пурсамар пеш бурда истодааст.
Баҳисобгирии муҳосибӣ яке аз серталабтарин касбҳо дар бозори меҳнат буда, мақсаду мароми кафедраи мазкур тибқи талаботҳои бозорӣ омода намудани мутахассисони касбии ба рақобат тобовар мебошад.

Ташкил ва инкишофи кафедра бевосита бо таъсиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобастагии калон дорад. Дар факултети ҳисобдори ва омор кафедра ҳамеша мақоми хос дошта, он маркази омӯзиш ва тадқиқоти илмии яке аз соҳаҳои асосии иқтисодёт мебошад. Бартарияти асосии кафедраи мазкур дар он аст, ки пеш аз ҳама, кадрҳои он дар бозори меҳнат талабгор дошта, вазифаҳои асосиро барои устувории соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба роҳ мемонад. Аз давраи фаъолият то инҷониб кафедраи омор дар иқтисодиёти кишвар ҳамкории зич дошта, мутахассисонро вобаста ба самтҳои зарурӣ тайёр менамояд. Дар баробари ин, кафедра барои беҳтар ба роҳ мондани самти таълим ва илм мутахассисонро аз агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарсгузарӣ даъват менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои такмилдиҳии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони кафедра бо маҷаллаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар хамкориро ба роҳ мондааст.

Кафедраи аудит ва ревизия тахассусӣ буда, дар сохтори факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият менамояд. Кафедра донишҷӯёнро аз рӯи ихтисоси 1-25011100-аудит ва ревизия дар фазои солими таълимӣ-методӣ ва илмӣ омода менамояд. Баҳри таҳкими донишҳои назариявию амалӣ устодони кафедра дар сатҳи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия донишу малакаи худро пайваста такмил медиҳанд. Кафедраи аудит ва ревизия бо кафедраҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, аз ҷумла: Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, инчунин мақомотҳои давлатии соҳаи аудит ва ревизия ба монанди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, доимо таҷрибаю малакаи устодонро сайқал медиҳад. Донишҷӯёни ихтисоси кафедра дар корхонаю ташкилотҳои бахши давлатӣ ва хусусии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ гузашта, донишҳои назариявии худро пурра менамоянд. Натиҷаи фаъолияти босамари кафедра ва ҳамкориҳои дохилию берунии судманди он боис шудааст, ки хатмкунандагони ихтисоси аудит ва ревизия дар бозори меҳнат ба рақобат тобовар гардида, аз тариқи озмунҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷумҳурӣ ба кор қабул мешаванд.