Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Таҳлили иқтисодӣ ва омор

Шодиев Кухзод Курбанбаевич

мудири кафедра

Шодиев Куҳзод Қурбонбоевич

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент


Кабинет: 301

E-mail: k.shodiev@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Таҳлили иқтисодӣ, Таҳлили молиявӣ, Таҳлили системавӣ, Таҳлили идоравӣ.

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Асосҳои ташкилию иқтисодии рушди соҳибкории хурду миёна дар хоҷагии қишлоқ (дар заминаи маводҳои вилояти Суғд)

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Ташаккулёбӣ ва тараққиёти бозори гӯшт дар минтақаҳои комплекси агро-саноатӣ

Нашрияҳои асосӣ: Монография: Асосҳои ташкилию иқтисодии рушди соҳибкории хурду миёна дар хоҷагии қишлоқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон/бо қарори Шурои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодии Тоҷикистон аз 25 12 2020 с. Протокол № 6/5 1. Китоби дарсӣ: «Таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ», Душанбе 2020с. саҳ. 400 2. Васоити таълимӣ: «Назарияи таҳлили иқтисодӣ» Душанбе 2012с. саҳ. 221 3. Дастури методӣ: «Таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ» Қарори ШИМ-и ДМИТ аз 22.06.2017с. Душанбе 2017с. Мақолаи илмӣ: 1. Омилҳои саноатикунонии рушди соҳибкории хурд ва миёна дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Донишгоҳи давлатии Ош Ҷумҳурии Қирғисистон, №3, Қирғизистон 2018с. 2. Имтиёзҳои андозӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар рушди соҳибкории хурд ва миёна, Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бахши илмҳои иқтисодӣ, № 10, саҳ. 71-76., Душанбе 2018 3. Имтиёзҳои андоз ва рушди соҳибкории хурду миёна дар комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон., Известия Бюллетени Форуми муҳосибон ва аудиторони кишварҳои Осиёи Марказӣ No 3 (22) 2018 Ҷумҳурии Қирғизистон. 4. Нақши фаъолияти соҳибкорӣ дар рушди индустриализатсияи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷаллаи назариявӣ ва илмӣ -амалии кишоварз № 2 - Душанбе 2018с. 5. Инкишофи корхонаҳои саноатӣ ҳамчун омили асосии тадбиқи сиёсати воридотивазкунанда, Паёми Донишгоҳи милии Тоҷикистон, бахши илмҳои иқтисодӣ №3, ст. 127-134, Душанбе 2019с. 6. Шаклҳои дастгирии молиявии рушди соҳибкории хурду миёна дар хоҷагии қишлоқ: Ҷанбаи минтақавӣ // Кишоварз, (Фермер). Душанбе. 2019.- No 3. (83). - С. 137-141

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ТАҲЛИЛИ ИҚТИСОДӢ ВА ОМОР


Кафедраи таҳлили иқтисодӣ (ҳозира кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор) бо қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 27.08.2012с таҳти рақами №44-д/н «Дар бораи таъсис ва сохтори кафедраҳо» дар заминаи кафедраҳои иқтисодиёти соҳибкорӣ (2006-2009), иқтисодиёти таҳлилӣ (2009-2010), бозори меҳнат ва таҳлили иқтисодӣ (2010-2012) дар асоси мутаҳидшавии ду донишкада, яъне Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон, бо номи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор таъсис дода шудааст. Инчунин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро соҳиб шуд, ки кафедраи таҳлили иқтисодӣ бо ҳамин ном дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор нигоҳ дошта шуд.


Кафедраи омор (ҳозира кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор) соли 2012 ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети ҳисобдорӣ ва омор дар заминаи кафедраҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (с.1997), ҳисобдорӣ ва омор (с.2006), баҳисобгирии бухгалтерӣ ва омор (с.2009) ташкил карда шудааст.


Бояд қайд намуд, ки бо фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи мутаҳид намудани кафедраҳо ва гузаронидан ба кори дигари доимӣ аз 4.09.2023 № 196/Ш кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва кафедраи омор мутаҳид карда шуда, бо номи кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор фаъолият менамояд.


Ҳайати кормандону омӯзгорони кафедра 15-нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо: 1-нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор; 4-нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; 2-нафар муаллими калон; 8-нафар ассистент ва 1-нафар ҳуҷатнигор мебошад. Аз ҷумла н.и.и., дотсент Шодиев Кӯҳзод Қурбонбоевич (мудири кафедра), д.и.и., профессор Қудратов Рустам Раҳматович, н.и.и., дотсент Урунбоев Абдумухтор, н.и.и., дотсент Маъдиев Саъдихоҷа, н.и.и., Холов Рустам Шермаҳмадович, муаллимони калон Эмомов Муҳамад Давлатович, Ҳакимов Саъдулло Назриевич ассистентон Ҳакимов Аминҷон Саймиҷонович, Ҷулиев Музаффар Ҳалимович, Акимов Саидҷон Муродмадович, Изатуллоев Муҳаммадсаид Насимҷонович, Одинаев Абдухолиқ Саторович, Давлатова Наргис Иззатовна, Абдуллоева Шаҳноза Файзилахматовна, Давлатёрова Бибигул Ҷумъаевна ва ҳуҷҷатнигори кафедра, Сафарова Сабрина Баҳромновна.


Кафедра ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи тахассуси 1-25010201-иқтисодиёти таҳлилӣ, 1-26010301-танзими давлатии иқтисоди миллӣ ва 1-25010500-омор машғул мебошад.


Аз аввали таъсисиёбӣ, кафедра фаъолияти худро дар асосии нақшаи таълимӣ қарорҳо ва дастурҳои ректор, роҳбарияти факултет, қарорҳои олимони донишгоҳ, ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои таълимию методӣ ва силлабусҳо аз фаннҳои тахассусии кафедра таҳия гардиданд. Мавриди қайд аст, ки кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро тайёр менамояд.


Ҳамчунин дар кафедра солҳои тӯлонӣ мутахассисони шинохтаи соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ ва устодони кафедра ба донишҷӯён зиёда аз 40 - фанни таълимӣ дарс мегӯянд, аз ҷумла; “Таҳлили иқтисодӣ”, “Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ”, “Таҳлили молиявӣ”, “Асосҳои соҳибкорӣ ва банақшагирии бизнес”, “Иқтисодиёти миллӣ”, “Банақшагирӣ ва ояндабинӣ дар иқтисодиёт”, “Идоракунии рушди иқтисодиёти сабз”, “Омор”, Омори молия”, “Омори сайёҳӣ”, “Тавозуни пардохт”, “Омори макроиқтисодӣ” “Омори бонкӣ”, “Омори гумрукӣ”, “Таҳлили ҳисоботи молиявӣ”, “Банақшагирии молиявӣ ва назорати молиявӣ”, “Сиёсати даромад ва музди меҳнат”, “Таҳлили бизнес-равандҳо”, “Таҳлили иқтисодии комплекси фаъолияти хоҷагидорӣ”, “Танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ”, “Танзими давлатии иқтисодиёти КАС”, “Соҳибкории истеҳсолӣ”, “Омори молияи давлатӣ”, “Омори соҳибкорӣ”, “Идоракуни ва банақшагирии минтақа”, “Ояндабинии иқтисодиёти миллӣ”, “Таҳлили сармоягузорӣ”, “Бозори меҳнат”, “Таҳлили бозори меҳнат”, “Таҳлили идоракуни дар соҳаҳо”, “Назарияи таҳлили иқтисодӣ”, “Муқаддимаи ихтисос (3-ихтисос)”, “Назарияи умумии омор”, “Омори иҷтимоӣ”, “Омори саноатӣ”, “Омори кишоварзӣ”, “Усулҳои гузаронидани таҳқиқоти оморӣ дар корхонаҳо”, “Таҳлили системавӣ”, “Омори фаъолияти иқтисоди хориҷӣ”, “Усулҳои бисёрченакаи оморӣ”, “Омори ҳуқуқӣ”, “Иқтисоди амволи ғайриманқул”, “Асосҳои бехатарӣ ва рақобатпазирӣ”, “Тавозуни пардохт ва системаи ҳисоби миллӣ таълим дода мешаванд.


Бояд қайд намуд, ки кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор кафедраи базавӣ буда бо Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2023 то соли 2030 шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст.


Самти корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра «Таҳлили шароит ва омилҳои таъсирбахш дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ » (роҳбарии мавзӯъ н.и.и., дотсент Шодиев К.Қ.) ва “Таҳлили иқтисодӣ-омории таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ” (роҳбарии мавзӯъ н.и.и., Холов Р.Ш.) буда, муҳлати иҷрои он то соли 2027 мебошад. Дар иҷрои нақшаи корҳои илмӣ- таҳқиқотии кафедра 14 нафар устоди кафедра аз ҷумла 1 - нафар д.и.и., профессор ва 4 –нафар н.и.и., дотсент иштирок менамоянд. Кафедра дар соҳаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар самти соҳаи иқтисодиёти таҳлилӣ, танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ ва омор саҳми калон дошта, донишҳои соҳавии фундаменталӣ ва амалиро дар самти фаъолияти хеш барассӣ менамояд. Дар назди кафедра таҳқиқотҳои илмии мутобиқ ба раванди инкишофи иқтисодиёти миллӣ, гузаронида мешавад. Устодони кафедра дар соҳаи иқтисодиёт ва дигар масъалаҳои алоқаманд бо иқтисодиёти миллӣ дараҷаи тахассусии олиро доро мебошанд.