Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Маркази ТИК Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Хобгоҳ

Hobgoh_1.jpg

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дорои ду хобгоҳи донишҷуён мебошад, ки хобгоҳи № 1 дорои 102 ҳуҷраи истиқоматӣ ва 680 чойи хоб ва хобгоҳи № 2 дорои 136 ҳуҷраи истиқоматӣ ва 428 ҷойи хоб мебошанд. 
Донишҷуёни донишгоҳ дар хобгоҳи №1-№2 ҷойгузор карда шуданд. 
Аз аввали соли таҳсили 2017-2018 то имрӯз 1108 нафар дониҷӯёни аз ноҳияҳои дурдаст ва эҳтиёҷманд, бо ҷойи хоб таъмин гардиданд. Аз ҷумла: 
- дар хобгоҳи №1, 680 нафар, донишҷӯй писарон ташкил медиҳанд; 
- дар хобгоҳи №2 - 428 нафар, ки 191 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Бо мақсади ба танзим даровардани тартибу интизом, пешгирӣ намудани ҳаргуна амалҳои номатлуб ва ношоиста дар бинои ҳарду хобгоҳҳои донишҷӯён аз ҳисоби раёсати корҳои тарбиявӣ як намоянда, муррабии хобгоҳ Бобомуродзода Фарухи Ҳасан фаъолияти корӣ менамояд, ки мунтазам аз ҳолати воқеии донишҷӯён-истиқоматкунандагони хобгоҳ бохабар буда, барои ҷори намудани риояи талаботҳои Оинномавии хобгоҳҳо масъул мебошад. 
Аз рӯи Нақшаи раёсати корҳои тарбиявӣ кор вобаста ба хобгоҳҳо дар давоми солҳои таҳсили 2017-2018 дар байни истиқоматкунандагон озмунҳои гуногун, ба монанди: «Ошёнаи беҳтарин», «ҳуҷраи беҳтарин», ва дар байни ду хобгоҳ «Хобгоҳи беҳтарин» ташкил ва гузаронида мешавад. 
Hobgoh_II.jpgМувофиқи нақшаи кории тасдиқгардида аз ҷониби Созмони ҷавонони донишгоҳ дар хобгоҳҳо Шӯрои донишҷӯён таъсис дода шуда, дар хобгоҳи №1 фаолияти маҳфили илмӣ- назариявии «Хирадмандон», ки пеш дар хобгоҳи №2 вуҷуд дошт ба роҳ монда шудааст. Дар хобгоҳи №2 маҳфили илмӣ- назариявии нав бо номи «Ба Куллаҳои илм» таъсис дода шуд, ки то имрӯзҳо кори худро ҷонок карда истодааст. 
Бо назардошти муфид гузаронидани лаҳзаҳои фароғатӣ ва донишандӯзӣ, инчунин ташкили тарзи ҳаёти солими донишҷӯён-истиқоматкунандагони хобгоҳҳо дар ошёнаҳои якуми ҳарду хобгоҳ оинаи нилгун (телевизор) гузошта шудааст, ки донишҷӯён дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо дигар хабару воқеаҳои рӯз ошно мегарданд. 
Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ ва ба танзим даровардани тартибу интизом ва пешгири намудани ҳаргуна зуҳуротҳои номатлуб дар хобгоҳҳо аз оғози соли таҳсил аз тарафи кормандони шӯбаи тарбия ва намояндагони садорати факултетҳо мунтазам санҷишҳо гузаронида мешавад. 
Дар ҳар як ошёнаи хобгоҳҳо аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол сардорони ошёна интихоб гардидааст, ки ҳар шабона пеш аз соати оромӣ донишҷӯёнро ҳозир-ғоиб менамоянд, тозагӣ ва оромиро дар ошёнаҳо таҳти назорат мегиранд. 
Бо мақсади таҳти назорат қарор додани тартибу интизоми истиқоматкунандагони хобгоҳ ва банд намудани онҳо бо корҳои муфид аз садорати факултетҳо ва кафедраҳои умумигоҳӣ дархост шуда буд, ки дар хобгоҳҳои донишҷӯён аз ҷониби устодони кафедраҳо ҳафтае як маротиба навбатдорӣ ташкил карда шавад, ки устодон бо маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои пешакӣ интихобгардида аз соати 18-00 то соати 19-00 баромад намоянд.



Шумораи хобгоҳҳо

2

Масоҳати умумии хобгоҳҳо, м2

11269

Масоҳати зисти хобгоҳҳо, м2

15061.6

Шумораи ҷой дар  хобгоҳҳо

1108

Таъминоти хобгоҳҳо бо стандартҳои меъёри муқаррарнамуда, %

1216

Ошхонаҳо дар хобгоҳҳо

10



Ҷойҳои холӣ дар хобгоҳҳои ДДМИТ ба шахсони зерин тақсим карда мешаванд: 


1. Ятимони кулл, маъюбон ва фарзандони оилаҳои камбизоат. 
2. Донишҷӯён-ғолибони озмунҳои чумҳуриявӣ (байналхалқӣ), гирандагони квотаи президентӣ, гирандагони стипендияи президентӣ, варзишгарон. 
3. Донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ дар донишгоҳ таҳсил менамоянд. 
4. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд. 


Довталабоне, ки ба сафи донишҷӯёни донишгоҳ қабул гардидаанд, метавонанд аз 15 август то 15 сентябр ҳамарӯза аз соати 8-00 то 17-00 ба раёсати корҳои тарбиявӣ бо ариза муроҷиат намоянд. (бинои таълимии III, ошёнаи II, утоки кории 205).


Номгуи ҳуҷҷатҳо барои хобгоҳ

Намунаи ариза барои ҷой дар хобгоҳ

Хобгоҳҳои донишҷӯён


Номгуи хобгоҳҳо

Масоҳат

Миқдори ҳуҷраҳо

Суроға

Телефон

Комендант

Хобгоҳи № 1

5634,5м.кв

102ҳуҷраи истиқоматӣ

ш.Душанбе, к.Нахимов, 64/16

тел.(+992) 231-08-27

Мухторов Зуҳуриддин

ХобгоҳиII

5634,5м.кв

136ҳуҷраи истиқоматӣ

ш.Душанбе, к.Нахимов, 64/14

тел.(+992) 231-08-27

Ҳасанов Ниёзмуҳаммад