Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Стратегияи рушд

Стратегияи рушди (минбаъд Стратегия) Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (минбаъд ДДМИТ, Донишгоҳ) ҳадафҳою вазифаҳои калидӣ ва самтҳои мушаххаси рушди минбаъдаи Донишгоҳро барои солҳои 2019-2023 муайян месозад. Таҷриба нишон медиҳад, ки таҳияи роҳнамои мушаххаси рушд, ошкорсозии самтҳои асосии инкишоф, таҳияи харитаи роҳ ва заминаву воситаҳои ноилшавӣ ба он шарти асосии таъмини рақобатпазирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, муҳиммият ва аҳамияти таҳия ва татбиқи Стратегияи мазкурро асоснок мекунад. 

Аз ин рӯ, дар Стратегияи мазкур таҳлили стратегии вазъи донишгоҳ гузаронида шуда, миссия, самтҳои стратегии рушд ва мақсаду вазифаҳои стратегӣ нишон дода мешаванд. Дар баробари ин, механизми татбиқи Стратегия ва индикаторҳои инкишофи стратегӣ мушаххас гардида, рафти иҷроиши вазифаҳои стратегия ҳамасола дар ҳисоботи солонаи ректори донишгоҳ баррасӣ ва натиҷагирӣ карда мешавад.


Стратегияи рушди ДДМИТ барои солҳои 2019-2023