Маркази тестӣ ва бақайдгирӣ
![]() |
Мутахассиси маркази тестӣ ва бақайдгирӣ:
Маълумот: Донишкадаи молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон Утоки корӣ: маркази тестии асосӣ (бинои таълимии №II) Масъули факултаи молия ва қарз |
Суроға: 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14
Телефон: (+992) 000 00-00-00
E-mail:
|
Маркази тестӣ ва бақайдгирӣ тибқи фармони ректори Донишкада соли 2012 дар заминаи шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим таъсис дода шуда моҳи феврали соли 2015 аз таҳти шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим бароварда шуд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд.
Аз ин рӯ маркази тестии Донишкада ба маркази тестӣ ва бақайдгирии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.
Фаъолияти маркази тестӣ ва бақайдгирии Донишгоҳ дар асоси низомнома, нақшаи кории марказ, супоришҳои ректор ва ноиби ректор оид ба таълим ба роҳ монда шудааст.
Вазифаи кормандони марказ дар ҷамъоварӣ, коркард ва мутобиқ намудани саволномаҳои тестӣ бо барномаҳои компютерӣ, ворид намудани ҷавобҳои дурусти саволномаҳои тестӣ, қабули имтиҳонҳои сессияи имтиҳонии донишҷӯёни дараҷаи бакалавр дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона, магистрантон ва чопи натиҷаи имтиҳонҳои онҳо мебошад.
Дар донишгоҳ 3 - марказ арзи вуҷуд дорад, ки дар 2 бинои донишгоҳ ҷойгир карда шудааст, ки дар ҳар як маркази тестӣ зиёда аз 90 - компютер вуҷуд дорад.
Дар соли хониши ҷорӣ тибқи ҷадвал ба маркази тестӣ ва бақайдгирӣ барои супоридани имтиҳонхои ҷамъбастӣ бояд донишҷӯёни ғоибона ва фосилавӣ ташриф оранд дар моҳи:
Сентябр - курси 5
Октябр - курси 4
Ноябр - курси 3;
Декабр - курси 2
Январ - курси 1
Баъд аз ба анҷом расидани дарсҳо дар нимсолаи аввали соли таҳсили ҷорӣ оғоз аз моҳи декабр то моҳи январ имтиҳонҳои ҷамъбастӣ барои шуъбаи рӯзона оғоз мегардад, ки аз ҷониби кормандони маркази тестӣ ва бақайдгирӣ қабул карда мешаванд ва баъд аз супоридани имтиҳонҳо донишҷуёне, ки баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд барои такроран супоридани имтиҳонҳои худ дар даври иловагӣ (триместр) ба марказ ҳозир мешаванд.
Дар маркази тестӣ ва бақайгирии Донишгоҳ кормандони зерин фаъолият менамоянд:
Раҳимов Маҳмадшариф - сардори маркази тестӣ
Самадов Рамазон - мутахассис бақайдгирандаи маркази тестӣ
Раҷабзода Мансур - мутахассис бақайдгирандаи маркази тестӣ
Асрори Ятим - мутахассис бақайдгирандаи маркази тестӣ
Ҳайдаров Некруз - сармутахассиси бахши омори маркази тестӣ
Очилдиев Шавкат - мутахассиси бахши омори маркази тестӣ
Давлатов Маҳмудҷон - мутахассиси бахши омори маркази тестӣ