Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Маркази ТИК Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Раёсати илм

Mahmad150.jpg

                         Суроға:  

734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14
Сардори раёсати илм ва инноватсия:
Хоҷаев Давронҷон Курбоналиевич

                                                                                                                                                                         Телефон:

                                                                                                                                                                          (+99237) 884-24-60


                                                                                                                                                                                                                      E-mail:

d.khojaevv@tgfeu.tj









Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Ихтисос: иқтисодчӣ. 

Мавзӯи кори илмӣ: «Таъсири ҳамгироиҳои минтақавӣ ба равандҳои сармоягузориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Нашрияҳои асосӣ: 



1. Экономическая интеграция  Центрально-Азиатского региона: этапы  формирования и перспективы развития//Вестник Российско-Таджикский (Славянский) университет. Серия экономик, информатика, математика. - Душанбе:  2012. - № 4(39). - С.147-151. (0,4 п.л.).

2. Эффективное использование природных ресурсов Республики Таджикистан в рамках Центрально-Азиатского региона//Вестник Таджикского национального университета. Серия экономических наук. - Душанбе: «СИНО», 2014. - № 2/3(135). - С.158-163. (0,6 п.л.).

3. Формирование региональной интеграции на постсоветском пространстве: теоретической аспект //Вестник Таджикского национального университета. Серия экономических наук. - Душанбе: «СИНО», 2014. - № 2/6(144). - С.53-58. (0,5 п.л.).

4. Инвестиционная привлекательность Республики Таджикистан как страны-реципиента иностранного капитала//материалы международной научно-практической конференции / Эффективность управления государственными финансами и их значение в устойчивом развитии национальной экономики  (г. Душанбе, 1-2 декабря 2016 г.). - Душанбе, Финансово-экономического института Таджикистана, 2016. - С.218-223. (0,5 п.л.).

5. Инвестиционная привлекательность Республики Таджикистан и методы ее оценки// Материалы республиканской  научно-теоретической конференции на тему «Роль и значение инвестиции в развитии национальной экономики»  - Душанбе, 2016.  - С. 513-517. (0,4 п.л.). (в соавтор., автором - 0,2 п.л.). 

6. Особенность привлечения иностранных инвестиций в странах с переходной экономикой //Сборник статей научно-теоретической конференции преподавателей и студентов Финансово-экономического института Таджикистана, посвященная 25-летию Государственной независимости  Республики Таджикистан (г. Душанбе, 22-23 апреля 2016 г.). - Душанбе, ФЭИТ, 2016. - С.135-141. (0,6п.л.). (в соавтор., автором - 0,2 п.л.). 

7. Иностранные инвестиции и их роль  в обеспечение экономического роста в стране - реципиента. //Вестник Финансово-экономического института Таджикистана Серия экономических наук Душанбе:2015. - № 2(6).  - С.77-82. (0,5 п.л.). 

8.Межрегиональная интеграция как фактор эффективного использования природных ресурсов Центрально-азиатских стран //Вестник Финансово-эко-номического института Таджикистана Серия экономических наук Душанбе:2015. - № 4(8).  - С.77-82. (0,5 п.л.). 

9. Региональная интеграция и перспектива ее развития на постсоветском пространстве //Сборник научно-теоретической конференция преподавателей и студентов Финансово-экономического института Таджикистана, посвященной году семьи (г. Душанбе, 24-25 апреля 2015 г.). - Душанбе, ФЭИТ, 2015. - С.54-57. (0,3 п.л.).

10. Формирование и перспективы развития экономической интеграции а Центрально-азиатском регионе/Материалы республиканской научно-практической конференции посвященная 90-летию  Министерство финансов Республики Таджикистан (г. Душанбе, 25 ноября 2014 г.). - С.301-305. (0,4 п.л.). (в соавтор., автором - 0,2 п.л.).

11. Проблемы формирования финансового рынка в Республики Таджикистан// Вестник Финансово-экономического института Таджикистана Серия экономических наук Душанбе:2014. - № 2.- С.92-97. (0,5 п.л.). (в соавтор., автором - 0,3 п.л.).

12. Некоторые  вопросы интеграции Центрально-азиатского  региона// Вестник Финансово-экономического института Таджикистана Серия экономических наук Душанбе:2014. - № 4.- С.152-156. (0,4 п.л.).

13.Региональная экономическая интеграция как фактор экономической безопасности стран Центральной Азии /Материалы республиканской научно-практической конференции(г. Душанбе, 9 ноября 2013 г.). - С.236-240. (0,4 п.л.).

14. Таджикистан и приток иностранных инвестиций/ Сборник научно-теоретической конференция преподавателей и студентов Финансово-экономического института Таджикистана, посвященный 22-летию Государственной независимости  Республики Таджикистан (г. Душанбе, 24-25 мая 2013 г.). ФЭИТ Серия экономических наук Душанбе:2013. Часть1- С.169-175. (0,6 п.л.).

15.Политика привлечения иностранных инвестиций в странах с переходной экономикой (теоретической аспект)//Сборник научных трудов работников и преподавателей Финансово-экономического института Таджикистана. Часть1. - Душанбе, ФЭИТ, 2012.- С.37-43. (0,6 п.л.).

16. Сущность и формы мировой экономическая интеграция// Материалы республиканской научно-практической конференции посвященной «Дню работников финансовых органов» Республики Таджикистан (г. Душанбе, 7 декабря 2012 г.). - С.156-162. (0,6 п.л.).

17.Региональная интеграция в условиях независимого развития, теоретический аспект // Материалы республиканской научно-практической конференции/ Финансовая реформа за 20 лет независимости Республики Таджикистан (г. Душанбе, 27-28 мая 2011 г.). - С.390-395. (0,5 п.л.).

18.Интеграция стран Центральной Азии: Реал и перспективы.// Материалы научно-практической конференции преподавателей и студентов Института экономики Таджикистана, посвященный 20-летнию Государственной независимости  Республики Таджикистан (г. Душанбе, 22 мая 2011 г.).- С.105-110. (0,5 п.л.).



ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯИ ДОНИШГОҲ 


Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон самти корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳро дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор ба роҳ мондааст. Дар ҳамин асос вобаста ба нақшаи кории донишгоҳ нақшаи кории раёсати илм ва инноватсия таҳия ва тасдиқ гардидааст. 

Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар самти «Асосҳои назариявӣ ва методологии ташаккули модели индустриалӣ-инноватсионии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» ва муаммои (проблемаи) асосии тадқиқотии донишгоҳ бошад, «Механизмҳои таъмини рушди низоми молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» тасдиқ шудааст, ки кулли кормандони илмӣ-педагогии кафедраҳои донишгоҳ таҳияи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии ба ҳамин муаммо вобастаро омода намуда, ба мавзӯю муаммоҳои мушаххаси равияҳои тахассусии кафедравӣ пайи иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гардидаанд. Дар маҷмӯъ ҳайати устодону кормандони донишгоҳ роҷеъ ба 14 самт, 14 муаммо ва 26 мавзӯи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд. 

Дар соли ҷорӣ ҳайати омӯзгорону кормандон, аспирантон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ назар ба солҳои гузашта дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нисбатан беҳтар фаъолият намудаанд. Муваффақиятҳои дар ин самт ҷойдошта далели он аст, ки таваҷҷӯҳ ба корҳои илмӣ дар донишгоҳ сол то сол зиёд шуда истодааст. 

Бо таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) ва Шӯроҳои диссертатсионӣ дастовардҳои ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ дар соли ҷорӣ назаррас мебошад. Дар соли ҳисоботӣ 12 нафар аспирантону унвонҷӯёни донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро дар Шӯроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷи кишвар дифоъ намуда, 9 нафар аз муҳокимаи пешакии назди кафедраҳои тахассусӣ гузашта, рисолаҳояшонро ба Шӯроҳои диссертатсионии дахлдор пешниҳод кардаанд. 

Раёсати донишгоҳ ба нашри маводи илмӣ ва китобҳои дарсӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Таълифи китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён яке аз вазифаҳои муҳими устодон ба шумор рафта, барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи хубе фароҳам меорад. Дар баробари китобҳои дарсӣ, инчунин чопи монографияҳо, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ барои амиқу ҳаматарафа омӯхтани фанҳои мухталиф кӯмак мерасонанд. 

Умуман, муносибати раёсати илм ва инноватсия ба интишорот ҷиддӣ аст, ки соли ҳисоботӣ дар таълифи китоби дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ устодони донишгоҳ саҳми босазо гузоштаанд. 

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои таълифоти, аз ҷумла нашри китобҳои дарсӣ ва дигар маводи чопӣ пайваста диққати махсус медиҳад. Дар ин самт фаъолияти шуъбаи табъу нашри донишгоҳ оид ба таҳрири маводҳо, ки муваззаф мебошад, пурсамар аст. 

Шуъбаи табъу нашр дар назди раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ташкил шуда, бо фармоиши ректори донишгоҳ ва роҳбарии бевоситаи муовини ректор оид ба илм фаъолият менамояд. 

Дар соли ҳисоботӣ ба шуъбаи табъу нашр маводи зиёде, аз қабили китобҳои дарсӣ, дастурамалҳои таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ, тақризҳо ва дигар маводи таълимӣ бо мақсади таҳрир ворид гаштаанд. Маводи зикршуда аз таҳрири муҳаррирони шуъба гузашта, ба ҷаласаҳои Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ ва ба дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор пешниҳод гардидаанд. 

Боиси ифтихор аст, ки донишгоҳ нашрияҳои худро дорост, аз ҷумла маҷаллаи илмии «Паёми молия ва иқтисод», ки дар шуъбаи табъу нашр таҳия ва бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) чоп мешавад. 

Маҷаллаи илмии «Паёми молия ва иқтисод» дар як сол 4 шумора нашр мешавад, ки он 3 бахш: иқтисодӣ, табиӣ ва ҷамъиятиро фаро мегирад. Дар ҳамин бахшҳо асосан мақолаҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон, аспирантон ва докторантону магистрантони донишгоҳ ҷой мегиранд. Айни замон раёсати донишгоҳ ва раёсати илм ва инноватсия азми қавӣ доранд, ки маҷаллаи илмии «Паёми молия ва иқтисод»-ро дар кӯтоҳтарин фурсат аз қайди Комиссияти олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) гузаронида, ба руйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА ҳамроҳ намоянд. Инчунин дар донишгоҳ аз моҳи марти соли 2013 инҷониб рӯзномаи донишгоҳ бо номи «Молия ва иқтисод» моҳе ду маротиба бо теъдоди беш аз 4200 нусха нашр шуда, тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти донишгоҳро дар саҳифаҳои худ инъикос намуда, ба дасти хонанда мерасад. Ҳадафи асосии рӯзномаи «Молия ва иқтисод» инъикоси фаъолияти ҳаматарафаи таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, методӣ ва умуман фаъолияти педагогии рӯзмарраи устодону кормандон ва ҳаёти донишҷӯён аст. Вобаста ба хусусиятҳо ва мазмуну муҳтаво мақолаҳои муаллимону донишҷӯён дар асоси талаботи низомномаи рӯзнома рӯи чоп меоянд. 

Дар соли ҷорӣ дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ 59 нафар унвонҷӯ, 43 нафар докторант аз рӯи ихтисос (PhD) ва 416 нафар магистрант таҳсил менамоянд, ки ин заминаест барои афзун намудани потенсиали кадрии донишгоҳ. 

Дар сатҳи донишгоҳ, факултетҳо ва кафедраҳо пайваста озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ ва нишастҳои илмӣ-адабӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар асоси нақшаи доир намудани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ соли ҷорӣ дар донишгоҳ 3 конфронси сатҳи байналмилалӣ, 10 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 2 конфронси илмӣ-амалии донишгоҳӣ, 1 онлайн-конфронс, 9 мизи мудаввар, 7 силсила озмунҳо, 152 семинари илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, 208 маҳфили илмии донишҷӯён ва зиёда аз 20 ҷамъомади васеи тантанавии аҳамияти илмӣ-таърихӣ ва сиёсидошта баргузор гардиданд. 

Ҳамзамон дар донишгоҳ маҳфили илмии устодон “Коршиноси иқтисодӣ”, маҳфили илмӣ-фарҳангии устодон «Фарҳангдӯст» ва маҳфили илмӣ-фарҳангии донишҷӯён «Сайри сухан» фаъолият менамоянд, ки аллакай байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва берун аз он маъруфияти зиёдеро соҳиб шудаанд. 

Иштирок дар озмунҳо, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бевоситаи раёсати илм ва инноватсия мебошад, ки сол то сол рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳар сол дар донишгоҳ чун анъана озмун-олимпиадаи донишҷӯён аз рӯи фанҳои тадрисшаванда гузаронида мешавад. Соли ҷорӣ 2 нафар донишҷӯ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва 2 нафари дигар дар озмун-олимпиадаи аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардашуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. 

Боиси қайд аст, ки кор дар самти пешниҳоди корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, аз ҷумла «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ-2014» назаррас буда, соли ҷорӣ 6 кори илмии донишҷӯёни донишгоҳ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа аз онҳо 2 донишҷӯ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. 

Соли ҷорӣ ҳайати устодон, аспирантон ва унвонҷӯёни ДДМИТ дар конференсияҳои дараҷаҳои гуногун бо 724 маърӯза ва донишҷӯён бошанд бо 63 маърӯза баромад намуданд. 

Феълан дар назди кафедраҳои донишгоҳ 26 маҳфили илмии донишҷӯён фаъолият дорад, ки роҳбарии ин маҳфилҳоро устодони пуртаҷриба ба ӯҳда дошта, дар онҳо масъалаҳои мубрами иқтисодию молиявӣ дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон бавуҷудомада баррасӣ карда мешаванд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои мил лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба китобу китобхонӣ чунин ибрози ақида кардаанд: «Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст». Китобхонаи илмии ДДМИТ аз 1 китобхонаи илмӣ ва 1 китобхонаи электронӣ иборат буда, фаъолияташро тибқи «Низомномаи китобхонаи илмии ДДМИТ» ба роҳ мондааст. Дар маҷмӯъ фонди китобхонаи илмии донишгоҳ 98800 нусхаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор, фонди умумии китобхонаи илмиро 35313 нусха китобҳои таълимӣ, 14478 нусха китобҳои илмӣ, 6371 нусха китобҳои бадеӣ, 4151 нусха дастуру барномаҳо, 53 нусха рисолаи илмӣ ва зиёда аз 250 нусха фишурдаи рисола ташкил медиҳанд. Дар китобхонаи электронии донишгоҳ бошад 309000 нусха китоб маҳфуз аст, ки соҳаҳои иқтисодиёт ва молия, математика, технология, педагогика ва психология, забон, сиёсат, ҳуқуқ, китобҳои бадеӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Китобхонаи илмии донишгоҳ дорои толори хониш буда, барои 100 ҷои нишаст мутобиқ карда шудааст.