Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

Таҳлили иқтисодӣ
Мақсади омӯзиши фанни мазкур сабабҳои бунёдшави ва тағйирёбии натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидориро меомӯзад. Инчунин фанни мазкур мавзуъҳои зеринро дарбар мегирад: Предмет, вазифаҳо ва мундариҷаи таҳлили иқтисодӣ. метод ва методикаи таҳлили иқтисодӣ. усулҳои коркарди ахбор дар таҳлилӣ. Усулҳои ченкунии таъсири омилҳо дар таҳлили иқтисодӣ. Методикаи муайанкунии бузургии захираҳо дар таҳлили иқтисодӣ. Таъминоти ахборӣ ва ташкили таҳлили иқтисодӣ дар корхона. Таҳлили талабот, истеҳсол ва фуруш маҳсулот (кор ва хизматҳо). Таҳлили истифодабарии фондҳои асосии корхона. Таҳлили истифодабарии сарватҳои моддии корхона. Таҳлили истифодабарии сарватҳои меҳнатӣ ва фонди пардохти меҳнати корхона. Таҳлили арзиши аслии маҳсулот (кор ва хизматҳо). Асосҳои назариявӣ ва ташкиливу методии таҳлили молиявӣ. 

Таҳлили молиявӣ 
Мақсади омӯзиши фаннӣ таҳлили молиявӣ ин баҳодиҳии воқеии вазъи молиявии корхонаҳо, пардохттавонӣ, устувории молиявӣ ва фаъолнокии кории он. Ошкорнамоии роҳҳои зиёд намудани сармояи худӣ, активҳои соф, даромаднокии саҳмияҳо ва беҳтаргардонии истифодаи воситаҳои заёмӣ. Омӯзиши методҳои таҳлили самаранокии фаъолияти корхона. Фаҳмидани хусусиятҳои таҳлили намудҳои гуногуни сармоягузорӣ. Аз худ намудани навигариҳои таҳлили молиявӣ ҳангоми коркард ва амалисозии бизнес-планҳо ва стратегияи инкишофи корхона мебошад. Инчунин фанни мазкур мавзӯъҳои зеринро дарбар мегирад: Молия ва нақши он дар раванди такрористеҳсоли ҷамъиятӣ. Моҳият ва мундариҷаи таҳлили молиявӣ. Ҳисоботи молиявӣ ва таҳлили онҳо. Асосҳои математикии молиявӣ. Баҳодиҳии қоғазҳои қиматнок ва қабули қарорҳо оиди гузоришоти молиявӣ. Қабули қарорҳо оиди лоиҳаҳои инвеститсионӣ. Таҳлили арзиш ва сохтори сармоя. Сиёсати пардохти дивидендҳо. Таҳлил ва идораи сармояи гардон. Сарчашмаҳои молиякунонӣ ва усулҳои барориши қоҳазҳои қимматноки нав. Инфлятсия ва таъсири он ба қабули қарорҳои хислати молиявӣ дошта. 


Таҳлили системавӣ 
Фанни таҳлили системавӣ бо бисёре аз фанҳои дигар ба монанди ҳисоби муҳосибӣ, ҳисоби идоравӣ, ҳисоби молиявӣ, менеҷменти молиявӣ, меркетинг ва ғайраҳо зич алоқаманд мебошад. Мақсади омӯзиши фанни мазкур ин таҳлил намудан ва бехато муқоиса намудани нишондиҳандаҳои фаъолияти корхона мебошад. Инчунин фанни мазкур мавзӯъҳои зеринро дарбар мегирад: Мафҳуми таҳлили системавӣ оид ба идораи корхона. Предмет ва объекти таҳлили назарияи системаи иқтисодӣ. Мавқеи таҳлил дар системаи илмҳои иқтисодӣ. Мундариҷа ва вазифаҳои таҳлили системавӣ. Нақши таҳлили системвӣ дар самти идоракунии корхона. Моҳияти ба роҳ мондани таҳлили системавӣ дар корхона. Бартариҳои истифодаи дурусти таҳлил дар корхона (ширкат). Натиҷаҳои қаноатбахш аз рӯйи таҳлил дар корхона. Мақсад ва вазифаҳои таҳлили натиҷаҳои молиявӣ. Таҳлили сиёсати нархи корхона ва сатҳи нархҳои миёнаи фурӯш. Таҳлили даромаднокии корхона. Басистемадарории омилҳо дар таҳлили системавӣ оид ба идораи корхона. Системаи омили детерминанти дар корхона. Амсилабандии детерминантӣ ва табдилдиҳии системаҳои омилӣ. Намудҳои амсилаҳои иқтисодии дар таҳлил истифодашаванда. 


Назарияи таҳлили иқтисодӣ 
Мафҳум, предмет ва методи таҳлили иқтисодӣ. Мафҳуми таҳлили иқтисодӣ. Предмет ва методи таҳлили иқтисодӣ. Таърихи инкишофи таҳлили иқтисодӣ. Вазифаҳо ва принсипҳои таҳлили иқтисодӣ. Шаклҳои таҳлили иқтисодӣ. Таҳлили иқтисодӣ ва илмҳои бо он алоқаманд. Нишондиҳандаҳо дар таҳлили иқтисодӣ. Усулҳои анъанавӣ ва методҳои таҳлили иқтисодӣ. Методи қиёс. Методи бузургиҳои нисбӣ ва миёна. Усулҳои ба шакли қиёспазир овардани нишондиҳандаҳо. Усулҳои таҳлили детерминистии омилӣ. Усули силсилагузоришҳо. Усули фарқиятҳои мутлақ. Усули фарқиятҳои нисбӣ. Методҳои таҳлили стохастикии омилӣ. Усули коррелятсияи ҷуфтӣ. Барномасозии математикӣ. Усули таҳқиқи амалиёт. Таҳлили вазъи молиявӣ-хоҷагидории корхона. Таҳлили истеҳсол ва фурӯши маҳсулот. Таҳлили динамика ва иҷроиши нақша оид ба тавлид ва фурӯши маҳсулот. Таҳлили сохтори маҳсулот. Таҳлили анвои маҳсулот. Таҳлили муназзамии тавлиди маҳсулот. Таҳлили сифати маҳсулот. Таҳлили маҷмӯият. Таҳлили вазъ ва истифодабарии фондҳои асосии истеҳсолӣ (ФАИ). Таҳлили ҳаҷм, динамика ва таркиби ФАИ. Таҳлили вазъи техникӣ ва ҳаракати ФАИ. Таҳлили таъминнокии корхона бо воситаҳои меҳнат. Таҳлили самаранокии истифодабарии ФАИ. 


Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ 
Шуғл ҳамчун асоси баҳодиҳии бозорӣ. Меҳнат ва объекти сиёсати иҷтимоӣ. Моҳияти иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва сохтори шуғл. Шуғли пурра ва самаранок. Сиёсати шуғл ва кафолати иҷтимоӣ. Самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи шуғл. Аҳолӣ ва бозтавлиди он. Захираҳои меҳнатӣ ва иқтидори меҳнатӣ ҳамчун сарчашмаи меҳнат. Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол. Қувваи корӣ. Муҳоҷирати аҳолӣ. Намудҳо ва омилҳои муҳоҷирати аҳолӣ. Сарчашмаҳои маълумот оид ба ҳаҷми муҳоҷирати аҳолӣ. Ташкил ва истифодаи роҳҳои бақайдгирии аҳолӣ. Коэффисиентҳои муҳоҷирати аҳолӣ. Самтҳо ва вазифаҳои сиёсати муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бозори меҳнат. Кафолати иҷтимоии шуғл. Моҳияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Стандартҳои иҷтимоӣ. Меъёрҳо ва маҳакҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Низоми нишондиҳандаҳои дараҷаи зиндагӣ ва даромади аҳолӣ. Танзими дараҷаи зиндагии аҳолӣ. Танзими даромади аҳолӣ. Шаклҳо ва усулҳои иқтисодӣ - иҷтимоии дастгирии бекорон. Нақши иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқҳои кормандони кироя. 


Банақшагирӣ ва ояндабинӣ дар иқтисодиёт 
Моҳият ва табиати пешбинӣ ва нақша. Ҳолати ояндабинӣ ва банақшагирӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон. Табиати пешбинӣ ва нақша. Таьрихи ташаккулёбии фаҳмишҳо оиди пебинӣ ва нақша. Моҳияти банақшагирӣ ва таснифи нақша. Моҳияти банақшагирӣ .Таснифи нақша. Моҳият ва таснифи ояндабиниҳои иrтисодӣ. Моҳият, махсусиятхои асосӣ ва функсияҳои ояндабиниҳои иқтисодӣ. Таснифи ояндабиниҳои иқтисодӣ. Ташкили банақшагирӣ. Банақшагирии индикативӣ. Моҳият ва аҳамияти банақшагирии индикативӣ. Хусусиятҳои банақшагирии индикативӣ. Таҷрибаи ҷаҳонии банақшагири индикативӣ. Банакшагирии фуруши махсулот. Банақшагирии истеҳсоли маҳсулот. Ташкили ояндабинӣ дар КАС. Ташкили низоми (лоиҳаи) ояндабинӣ. Тартиб ва пайдарҳамии дурнамосозӣ. Низоми иттилооти ҷалбшаванда. Муаммоҳои таҳияи ояндабиниҳо дар мамлакат. Дурнамо, ояндабинӣ консепсия ва барномаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар. Тартиби таҳияи дурнамоҳои кутоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуҳлати давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар. Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатӣ ва минтақавии кишвар. Ояндабинии иқтисоди миллӣ. Ҷанбаҳои назариявӣ ва методологияи он. Моҳият ва вазифаҳои ояндабинии иқтисоди миллӣ. Принсипҳо ва функсияҳои ояндабинӣ. Усулҳои ояндабинии иқтисоди миллӣ. 


Иқтисоди амволи ғайриманқул 
Мафҳум ва вазифаи фанни иқтисодиёти амволи ғайриманқул. Амволи ғайриманқул ҳамчун объекти манфиатҳои иқтисодӣ ва давлатӣ. Принсипҳои асосии баҳодиҳӣ ба объектҳои ғайриманқул. Амволи ғайриманқул ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ. Моҳияти гурӯҳбандии молу мулки ғайриманқул. Усулҳои гурӯҳбандии умумии иншоотҳои ғайриманқул. Идоракунии амволи ғайриманкул. Танзими муносибатҳои амволи ғайриманқул. Объект ва хусусиятҳои асосии амволи ғайриманқул. Мафҳум, моҳият ва намудҳои амалиёт бо амволи ғайриманқул. Амалиёт бо амволи ғайриманқул оид ба ихтиёрдории манзилҳои истиқоматӣ. Намудҳои амалиёт оид ба ихтиёрдории участкаҳои замин. Намудҳои амалиёт оид ба ихтиёрдории бино ва иншоотҳо. Арзиши амволи ғайриманқул ва намудҳои асосии он. Технологияи баҳодиҳӣ ба амволи ғайриманқул. Равишҳои асосӣ ҷиҳати баҳогузорӣ ба объэктҳои ғайриманқул. Баҳодиҳӣ ба арзиши объэктҳои амволи ғайриманқул мувофиқ ба меъёрҳои байналхалқӣ. Арзиши амволи ғайриманқул ва намудҳои асосии он. Тамсилаи (модели) умумии бозори амволи ғайриманқул ҳамчун қисмати таркибии бозори сармоягузорӣ. Мафҳуми бозори амволи ғайриманқул ва унсурҳои таркибии он. 


Таҳлили инвестисионӣ 
Мақсади омӯзиши фанни мазкур ин баҳодиҳии сармояи гардон ва уҳдадориҳои ҷории корхона мебошад. Инчунин фанни мазкур мавзӯъҳои зеринро дарбар мегирад: таҳлил ва идораи сармояи гардон, мафҳуми «Сармояи гардон» сармояи гардони соф ҳамчун фарқи байни активҳои ҷорӣ ва ӯҳдадориҳои ҷории корхона, воситаҳои гардон, амсилаи стратегии молиякунӣ, идоракунии ҷараёнҳои пӯлӣ, омилҳое, ки сатҳи қарзҳои дебиториро муайян мекунанд, таҳлили динамики ва сохти сармояи хусусӣ, ҷалбкардашуда, асоси ва гардишӣ,намудҳои сармоя, аҳамияти сармоя, хусусиятҳои хоси сармоя, истифодаи мақсадноки сармояи хусусӣ, сармояи ҷалбкардашуда ва мафҳуми он, сармояи асоси ва вазифаҳои он, сармояи гардиши ва вазифаҳои он. 


Бозори меҳнат 
Бозори меҳнат - ин низоми муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодии байни давлат, корфармо ва қувваи кории кироя оид ба маҷмӯи муносибатҳои меҳнатӣ, хариду фурӯши хизматрасонҳои меҳнатӣ аст, ки дар тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, баландбардории касбӣ ва ҷалбкунии аҳолӣ ба раванди истеҳсолот нақши муҳим дорад. Бозори меҳнат тақозо мекунад, ки коргари кироя ҳамчун мол ба корфармо меҳнати худро, яъне кобилияти меҳнатиро фурӯшад, на ин ки қувваи кориро. Лекин меҳнатро дар бозор фурӯхта намешавад, чунки дар вақти фурӯхтани қувваи корӣ меҳнат ҳанӯз вуҷуд надорад. Дар ҳақиқат дар бозори меҳнат тақозо фурӯхта мешавад, меҳнат нею танҳо қувваи корӣ. Моҳият ва аҳамияти бозори меҳнат. Меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот ва объекти муносибатҳои бозоргонӣ. Моҳият, сохтор, механизми амалиёт ва хусусиятҳои хоси бозори меҳнат. Бозори меҳнат, мафҳум, алоқамандии он бо такрористеҳсоли қувваи корӣ. Сохтори бозори меҳнат. Механизми амалиёти бозори меҳнат. Хусусиятҳои хоси амалиёти бозори меҳнат. Намудҳо ва моделҳои бозори меҳнат. Сегментҳои бозори меҳнат. 


Таҳлили комплекси иқтисодии фаъолияти хоҷагидорӣ 
Мазмун, аҳамият ва вазифаҳои таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Намудҳои таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ ва гурӯҳбандии онҳо. Мазмун ва объекти таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Қоидаҳои таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Алақамандии таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ бо дигар илмҳо. Метод ва методикаи таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ.Методи таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ ва хусусиятҳои хоси он. Методикаи таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Методикаи таҳлили омилӣ. Гурӯхбандии омилҳо дар таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Усулҳои коркарди ахбори иқтисодӣ дар таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Усули муқоисавӣ дар таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Усули таъмини муқоисашавандагии нишондиҳандаҳо;Истифодабарии бузургиҳои нисби ва миёна дар таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Усулҳои гурӯҳбандии ахбор дар таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Усулҳои ченкунии таъсири омилҳо дар таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Ташкил ва таъминоти ахбории таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Қоидаҳои асосии ташкили таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ.Шаклҳои ташкилӣ ва иҷрокунандагони таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳо. Банақшагирии корҳои таҳлилӣ. Таъминоти ахборӣ ва методикаи таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ.Таҳлили истеҳсол ва фурӯши маҳсулот. Мақсадҳо, вазифаҳо ва сарчашмаҳои ахбории таҳлилӣ. Таҳлили динамика ва иҷрои барномаи истеҳсолӣ. 


Асосҳои соҳибкорӣ ва нақшагирии бизнес 
Айни замон дар байни олимон оид ба мафҳуми соҳибкорӣ ақидаи ягона вуҷуд надорад. Дар ин замина муносибатҳои муосир нисбати он ки соҳибкорӣ ин қисми меҳварии механизми хоҷагидорӣ ва соҳибкор бошад, шахсияти асосӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа аст, қариб ки ягона мебошанд. Мазмуни соҳибкорӣ, ҳудудҳои амалисозии он бо сохт ва шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ зич алоқаманд аст. Тамоми гуногунии фаъолияти соҳибкорӣ метавонад аз рӯи нишонаҳои гуногун таснифот шаванд, аз ҷумла аз рӯи шакл (таъйинот), шакли моликият, шумораи соҳибмулкон, сохти ташкилию ҳуқуқӣ ва ташкилию иқтисодӣ, сатҳи истифодаи меҳнати кироя ва ғайра (дар ҷадвали поён). Мувофиқи сохтори қабулгардидаи ҷараёни такрористеҳсол (истеҳсол, табодул, тақсимот, истеъмол) чаҳор соҳаи асосии соҳибкориро ҷудо мекунанд, аз ҷумла истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ва соҳаи истеъмолӣ. Шаклҳои дигари соҳибкорӣ, ба монанди инноватсионӣ ва маркетингӣ ба таркиби ҳамин чаҳор соҳаи асосии соҳибкорӣ дохил мешаванд. 


Идоракунӣ ва банақшагирии минтақа 

Ҷанбаҳои назариявии омӯзиши иқтисоди минтақа. Мафҳум ва мазмуну моҳияти асосии иқтисоди минтақа. Омилҳои асосии инкишофи минтақа ва таъсири онҳо ба рушди минтақаҳо. Иқтисоди минтақа ҳамчун объекти тадқиқот ва идоракунӣ дар шароити муосир. Нишондиҳандаҳо ва равишҳои асосии таҳлили минтақавӣ ва имкониятҳои истифодабарии онҳо. Муаммоҳои рушди минтақаҳои алоҳидаи кӯҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Меъёрҳои рушди минтақавӣ ва роҳҳои расидан ба онҳо. Баррасӣ намудани роҳҳои имконпазири ташаккули механизми амалнамоии комплекси хоҷагидорӣ дар сатҳи минтақавӣ. Омӯзиши ҷанбаҳои иқтисоди минтақа дар шароити иқтисоди бозорӣ. Тавсифи умумии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳамгироии иқтисодӣ. Мавқеи ҷараёнҳои демографӣ дар ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсол-кунанда, ва роҳҳои ҳалли мушкилотҳои иқтисодию иҷтимоии мавҷудбуда. Ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда дар шаҳри Душанбе. Корхонаҳои саноатии мавҷудбуда дар шаҳри Душанбе ва мавқеи онҳо дар ҷойгиркунии кувваҳои истеҳсолкунанда. Вазъ ва тамоюли ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ. Таҳлили минтақаҳои мушкилотдор дар доираи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ. Мавқеи қувваҳои истеҳсолкунанда дар рушди минтақаҳо. 


Иқтисоди миллӣ 
Иқтисоди миллӣ – ҳамчун илм ва соҳаи дониш. Пайдошавии муносибатҳои иқтисодӣ дар сатҳи давлат – ҳамчун омили рушди иқтисоди миллӣ. Мафҳум ва мазмуни иқтисоди миллӣ. Иқтисоди миллӣ –ҳамчун ихтисос ва фанни таълимӣ. Иқтисоди миллӣ – маҷмӯи соҳаҳои иқтисодиёти ба тақсимоти ҷамъиятии меҳнат асосёфта. Таносуби «иқтисоди миллӣ» ва «иқтисоди дохилӣ». Нақши мактабҳои таърихӣ дар ташаккулёбии ақидаҳои иқтисоди миллӣ. Консепсияи «сотсиализми давлатӣ» ва нақши он дар пешрафти иқтисодиёт. Мавқеи назарияи рақобатпазирии В. Ойкен дар рушди иқтисоди миллӣ. Консепсияи ташаккулёбӣ ва амалкарди иқтисоди миллии руссиягӣ. Нақши мактабҳои таърихӣ дар ташаккулёбӣ ва тараққии иқтисоди миллии руссиягӣ. Давраҳои асосии ташаккулёбии иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои фарқкунандаи он. Намудҳои иқтисоди миллӣ ва тавсифи онҳо. 


Минтақаҳои озоди иқтисодӣ 
Мазмуну моҳияти минтақаи озоди иқтисодӣ. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ҳамчун низоми хоҷагидорӣ дар шароити иқтисодиёти «кушода»-и ба сиёсати «дарҳои боз» асосёфта. Тавсифи хислатҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Таърифи минтақаи озоди иқтисодӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таърихи пайдоиши аввалин минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳон. Аҳамияти омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии таъсисдиҳӣ ва фаъолиятбарии минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Аҳамият ва мавқеи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар низоми хоҷа-гии миллӣ ва иқтисодиёти воҳидҳои маъмурию минтақавии мамлакат. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ. Ҳадафҳои асосии таъсисдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Имко-ниятҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, воридшавии техно-логияи навини истеҳсолӣ тавассути таъсисдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ. 


Асосҳои бехатарӣ ва рақобатпазирӣ 
Мавқеи бехатарии иқтисодӣ дар низоми донишҳо оид ба иқтисод ва идоракунии он. Зарурати омӯзиши асосҳои бехатарии иқтисодӣ. Вазъияти иқтисодии кишвар ва хатарҳои таҳдидкунанда, сиёсати давлат дар таъмини бехатарии иқтисодӣ. Мафҳумҳои бехатарии иқтисодӣ ва рақобатпазирӣ дар инкишофи давлати тозабунёду соҳибистиқлол ва иқтисоди миллӣ. Рақобатпазирии мол, корхона, соҳа ва таъмини пурраи бехатарии мамлакат. Мафҳуми «хатар» ва «бехатарӣ»: таъриф, мазмун ва сохтор. Омилҳо ва манбаъҳои сарзании хатар. Хатар ва таҳдид. Гурӯҳбандии хатар. Аҳамияти таъмини амнияти миллӣ барои давлати соҳибистиқлол. Таснифоти зинаҳо ва хелҳои бехатарӣ. 


Танзими давлатии иқтисоди миллӣ 
Мафҳуми «Танзими иқтисод» ва шарҳи ботафсили он. Танзими давлатии иқтисод, идораи иқтисод ва мазмуни он. Танзими давлатии иқтисод дар моделҳо (тамсилаҳо)-и гуногуни иқтисоди бозоргонӣ. Зарурати танзими давлатии иқтисодиёт дар давраи гузариш. Танзими давлатии иқтисод дар давлатҳои мутараққӣ. Нақши давлат дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ. Услуб ва воситаҳои танзими давлатии иқтисодиёт. Тавсифи омилҳои ба танзими давлатии иқтисодиёт таъсиррасон. Нақш ва мавқеи мактабҳои классикии олимони муосир ва ғарб дар танзими давлатӣ. Мақомотҳои қонунгузорӣ дар танзими иқтисодиёт. Ҳокимияти иҷроия ва нақши он дар танзими иқтисодиёт ва фаъолияти соҳибкорӣ. Вазифаҳои мақомоти марказии иҷроия. 


Асосҳои соҳибкорӣ 
Мақсади омӯзиши фанни мазкур робитаи пайваста ва ногусастанӣ бо чунин фанҳои таълимӣ аз қабили назарияи иққтисод, маркетинг, менеҷмент, иқтисодиёти корхона, иқтисодиёти бизнеси хурд, асосҳои фаъолияти тиҷоратӣ, таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ, омор, ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит, молия ва қарз, ассосҳои иқтисодию риёзӣ ва ғайра барпо ва пойдор карда мешавад. Инчунин фанни мазкур чунин мавзуъҳоро дарбар мегирад; Моҳияти фаъолияти соҳибкорӣ, объектҳо, субъектҳо ва мақсади соҳибкорӣ, муҳити дохилӣ ва муҳити хориҷӣ.афкори соибкорӣ ва интихоби он. қабули ҳалли соҳибкорӣ, намудҳои ҳалли соҳибкорӣ ва усулҳои иқтисодии ҳалли онҳо. соҳибкории дохили ширкатӣ моҳият, мақсад ва хусусиятҳои сифатӣ. 


Таҳлили бизнес-равандҳо 
Мақсади омӯзиши фанни мазкур аз шаклҳои пешқадами таълим ба монанди машғулиятҳои назариявии проблемавӣ, машғулиятҳои амалӣ бо мусоҳибаҳои муфид, ташкил ва ҳаллу фасли бозиҳои расмии тахассусӣ (слайдҳо, кинофилмҳо, воситаҳои дигари айёнӣ ва ғ.), дида баромадани бизнес-равандҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ, ки бо мавқеъ ва аҳамияти иқтисодиёти миллӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ хосро меомӯзад. Инчунин фанни мазкур мавзӯъҳои зеринро дарбар мегирад: мафҳум ва мундариҷаи бизнес-равандҳо дар иқтисодиёт, предмет ва объекти бизнес- равандҳо, мақсад ва вазифаҳои бизнес- равандҳо, намудҳои таҳлили бизнес-равандҳо, аҳамияти таҳлили бизнес-равандҳо дар системаи идоракунии корхона, усули муқоисакунӣ дар бизнес-равандҳои корхона, истифодабарии бузургиҳои мутлақ, нисби ва миёна дар таҳлили бизнес- равандҳо, гуруҳбандии ахбор дар таҳлили бизнес-равандҳо, идоракунии самараноки нишондиҳандаҳо дар бизнес- равандҳо, таснифоти намудҳои бизнес-равандҳо, таҳлили ташкили бизнес-равандхо, муносибати низоми ташкили бизнес равандхо ва ғайраҳо. 


Таҳлили ҳисоботи молиявӣ 
Мақсади ниҳоии омӯзиши фан - дар мафкураи мутахассиси оянда бунёд намудани донишҳои назаравӣ ва малакаҳои амалӣ оиди ташкили ҳисобгирии бухгалтерии фаъолияти соҳибкорӣ, омодакунӣ ва пешниҳодкунии ахбори молиявӣ ба истифодабарандагони гуногӯн барои коркард, асосноккунӣ ва қабули қарорҳои идолракунӣ дар соҳаи сиёсати молиявӣ ва идораи иқтисодиёт мебошад. Инчунин фанни мазкур мазуъҳои зеринро дарбар мегирад: Муқаддимаи таҳлили ҳисоботи молиявӣ. Мақсад ва сарчашмаҳои ахборотии таҳлили ҳисоботи молиявӣ, таснифи таҳлилгарони ҳисоботи молиявӣ, маросимҳои стандартии таҳлили ҳисоботи молиявӣ. Баҳодиҳии боэътимодии фоидаи дар ҳисобот инъикосёбанда. Усулҳои таҳлили ҳисоботи молиявӣ, баҳодиҳии ҳолати ҷории фаъолиятӣ молиявӣ. Таҳлили коэффисентҳои молиявӣ аз рӯи ҳисоботи молиявӣ. 


Таҳлили идоравӣ дар соҳаҳо 
Мақсади омӯзиши фанни мазкур аз худ намудани асосҳои хуҷҷатҳои бухгалтерӣ ва коргузорӣ дар шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерии иқтисодии хориҷиву ватанӣ мебошад. Инчунин фанни мазкур мавзӯъҳои зеринро дарбар мегирад: Таҳлили идоракунӣ, моҳият ва вазифаҳои он. Таснифи хароҷот ва масрафҳо. Баҳисобгирии хароҷот барои истеҳсоли маҳсулот. Системаи ҳисоби хароҷотҳо ва калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот. Тақсими хароҷотҳои истеҳсолӣ ва таҳлили онҳо. Сиёсати таҳлили идоракунӣ бо мақсади идора кардани корхона. Таъминоти ахборӣ ва ташкили таҳлили иқтисодӣ дар корхона. 


Иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат 
Мақсади омӯзиши фанни иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат шинос намудани донишҷӯён бо ҳодисаҳои муҳими иҷтимоӣ- меҳнатӣ; нишон додани он тагйиротҳое, ки дар рушди бозори меҳнат ва шуғл, дар ташкил ва танзими музди меҳнат ба вуҷуд меоянд; шинос намудани донишҷӯён бо асосҳои назариявии меҳнат ҳамчун категорияи иқтисодӣ; мундариҷаи фаъолияти меҳнатӣ ва қонуниятҳои он дар шароити бозор; тадқиқотбарии ҷараёнҳои иҷтимоӣ ва коркарди пешниҳодҳо оид ба танзим ва идоракунӣ, ояндабинӣ ва банақшагирии он, ки ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти ҷамъият, коллектив, гурӯҳ, шахси алоҳида дар доираи меҳнат ва дар ҳамин асос ноил гаштан ба амлигардонӣ ва алоқамандии манфиатҳои онҳо равона карда шудааст. Инчунин фанни мазкур чунин мавзуъҳоро дарбар мегирад; Меҳнат чун фаъолияти муҳими ҷамъиятӣ, ташкили ҷамъиятӣ, ҳосилнокӣ ва музди меҳнат, захираҳои меҳнатӣ, захираҳои инсонӣ, неруи меҳнатӣ, сармояи инсон, маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ, сифати қувваҳои корӣ, бозори меҳнат ва танзими давлатии он. 


Таҳлили нишондиҳандаҳои меҳнатӣ 
Мақсади омӯзиши фанни мазкур ин баландбардори ва самаранок истифодабирии нишондиҳандаҳои меҳнатиро меомӯзад. Инчунин фанни мазкур мавзуъҳои зеринро дарбар мегирад. Предмет ва усули «Таҳлили нишондиҳандаҳои меҳнатӣ», таҳлили таъминнокии корхона бо захираҳои меҳнатӣ, потенсиали меҳнатии корхона, таҳлили ҳаракати қувваи корӣ, тахлили истифодабарии вақти кории кормандон, таҳлили истифодабарии фонди музди меҳнат, таҳлили бозори меҳнат ва таҳлили хоҷагии нормативии корхона.