Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Аккредитатсия Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ

Шомадова Нилуфар Саидамировна

Мудири кафедра

Шомадова Нилуфар Саидамировна

номзади илми иқтисод, дотсент


Ауд.: Бинои таълимии II

Утоқ: 408

E-mail: n.shomadova@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Идораи зидди буҳронӣ, низоми идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, идораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Рушди қонуниятҳои заминдорӣ дар шароити инҳисории давлат ба замин

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Структура и закономерности развития земельных отношений в условиях государственной монопольной собственности на землю

Нашрияҳои асосӣ: Вопросы управления и оценки земельных ресурсов (сельскохозяйственного назначения), как реальный актив. Известия Академии наук Республики Таджикистан – 2011г. №3(43), ст.98-112. Аграрная реформа как современное направление рыночных от ношений. //Известия Академии наук Республики Таджикистан – 2011г. №3.-С.65-70 Некоторые проблемы рыночного землепользования в Республики Таджикистан. //Вестник Таджикского национального университета-Душанбе: -2012г.- № 2/8 ст.247-251. Земли сельскохозяйственного назначения в системе факторов производства. //Кишоварз: Таджикского аграрного университета. – Душанбе:-2014г. №2(62), ст.99-101. Особенности формирования земельных отношений и новые формы землепользования в Республики Таджикистан. Вестник Таджикского национального университета-Душанбе: -2015г.- № 2/1 (154), ст.98-103 Эколого - экономические аспекты рационализации использования орошаемых земель Таджикистана. Доклады Национального сельскохозяйственного образовательного центра, 2011 №7 ст. 38-44. Некоторые проблемы землепользования в Республики Таджикистан. Сборник статьей научно – теоретического семинара на тему: «Роль молодёжи в новом гражданском обществе»-Душанбе: Финансово-экономический институт Таджикистана. 2013г. ст. 94-100. Методологические вопросы экономической оценки земли сельскохозяйственного назначения. //Материалы республиканской научно-практической конференции на тему: «Экономика Таджикистана: состояние, достижения и перспективы». Душанбе: Институт экономики и демографии АН РТ, 2014г. ст. 113-117. Основные путы совершенствования экономических механизмов государственного регулирования земельных отношений. //Экономика Таджикистана (международный научно-теоретический журнал ИЭД АН РТ), 2014г. №4 ст. 74-80. Нақши ҳосилаи функсияи яктаъғирёбанда дар иқтисодиёт. //Паёми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон. 2016с. №2(6) саҳ. 182-186. Тамоюли болоравии савдои чакана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. //Муаммоҳои инкишофи туризми байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 03.12.2016с. саҳ. 93-96. Нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар самти индустириаликунонии иқтисодиёти кишвар. // Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзуи «Саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷа ва дурнамо». ДДМИТ 25.05.2018. Ташаккули низоми муосири идоракунии сармояи инсонӣ. //Паёми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, 2018с.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ИҚТИСОДИ КОРХОНАҲО ВА СОҲИБКОРӢ»


Кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ бо қарори Шӯрои олимони Донишкада ииқтисодии Тоҷикистон №9 аз 29.05.2009 с. ва фармони ректор аз 18.09.2009 с. таҳти №521 таъсис дода шудааст. 

Дар асоси муттаҳидшавии ду донишкада, яъне Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон, Донишкада бо номи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташкил гардид. Мувофиқи фармони ректори Донишкаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (Мирбобоев Р.М.) таҳти фармони №53/и аз 25 июли соли 2012 номи кафедра иваз карда шуда, дар базаи собиқ кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, кафедраи иқтисод ва идора ташкил шуд. 

Инчунин бинобар сабаби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2018, №169 муассисаи таълимии давлатии «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» ба муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» табдил ёфтан ва аз нав тасдиқ гардидани сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси Қарорҳои Шӯрои олимони ДДМИТ №11/5.6 аз 31майи соли 2018 ва №11/5.7 аз 30 июни соли 2018 кафедраи иқтисод ва идораи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ба кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ номгузорӣ шуда, ба сохтори факултети иқтисод ва бизнес гузаронида шуда, то инҷониб ҳамчун кафедраи тахассусӣ фаъолияташро пеш мебарад. 

Роҳбарони кафедра: 

- аз соли 2009 то соли 2010 роҳбарии кафедраро д.и.и., професор Ҷонмамадов Ш.Б. ба зима дошт; 

- аз соли 2010 то соли 2011 роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Мирақилова Н.Т. ба уҳда дошт; 

- аз соли 2011 то моҳи январи соли 2013 роҳбарии кафедраро д.и.и., професор Воҳидов В.В. ба уҳда дошт; 

- аз 18.01.2013с. то моҳи ноябри соли 2017 роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Хоҷахонов А.А. ба уҳда дошт; 

- аз 10.11.2017 н.и.и., дотсент Шомадова Н.С. роҳбарии кафедраи иқтисод ва идора, аз 30.06.2018 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ ва аз 13.11.2018 то инҷониб роҳбарии кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкориро ба уҳда доранд.

Кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимӣ-илмии сохтори ДДМИТ буда, ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, методӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро ба роҳ монда, барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад. 

Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисоси иқтисодиёт 1 - нафар н.и.и., дотсент Шомадова Нилуфар Саидамировна, 1 – нафар муаллимони калон Нурублоева Мадина Мавлоновна ва 7-нафар ассестент Қаландаров Раҳматулло Шарифҷонович, Қодиров Сафарали Олимхонович, Давлатов Бахтиёр Саидмуъминович, Расулзода Ҳидоятулло Маҳабатович, Урунбоева Нигина Абдумухторовна, Назаров Тоҳир Рустамович, Исайнова Манижа Хисайновна ва 1- нафар корманди техникӣ Сафарова Сайёра Ҳайдаровна кор ва фаъолият намуда саҳми худро дар рушди кафедра мегузоранд. 

Ҳоло кафедра мутахассисони соҳаҳои зеринро тайёр менамояд: 

• 1-26010101 – идораи давлатӣ ва маҳаллӣ (мутахассисонро дар самти фаъолияти ҳукуматҳои давлатию маҳаллӣ ва минтақавӣ, инчунин хизматчии давлатиро дар сатҳи давлат ва маҳал тайёр мекунад). 

• 1-25010728 – иқтисод ва идора дар корхонаҳои хурду миёна (мутахассисони соҳибкасбро дар самти идораи иқтисодиёт, идораи иқтисодиёти корхонаҳои хурду миёна, фирма, корпоратсия, ташкилотҳои гуногун ва умуман дар ҳама бахшҳои иқтисодиёти корхонаҳои хурду миёна тайёр мекунад. 

• 1-26020212 - идораи ҳайати кадрӣ (мутахассисони баландихтисоси идоракунии кадрҳо, иқтисодчиён, ходимони давлатӣ ва идораи маҳаллию хусусӣ омода месозад).