Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Аккредитатсия Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Менеҷмент

Ашуров Мухаммади Нусратович

Мудири кафера

Ашуров Муҳаммадӣ Нусратович

Номзади илмҳои иқтисод, дотсент


Ауд.: Бинои таълимии III

Утоқ: 207

E-mail: m.ashurov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Асосҳои менеҷмент, менеҷмент ва маркетинг, Технологияи иттилоотии фаъолияти бонкӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Рушди инфрасохтори бозории минтақа

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: “Рушди инфрасохтори бозор дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Нашрияҳои асосӣ: Идоракунии системаи иттилоотии бонкӣ (васоити таълимӣ), Менеҷменти иттилоотӣ (васоити таълимӣ), Усулҳои кам кардани хатари қарзӣ// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон №2/6 (120) Душанбе: «Сино» 2013. С.24-26 (мақола), Механизми ташаккул ва идоракунии инфрасохтори бозории минтақа// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон №2/2 (197) Душанбе-2016, с-37,41 (мақола), Хусусиятҳои ташкилдиҳии институтҳои инфрасохтории бозорӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Конкурентоспособность в глобальном мире: экономика, наука, технологии. 2016. № 8-1 (20). С. 35-37. (мақола), Самтҳои асосии рушди инфрасохтори бозории минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Экономика и управление: проблемы, решения. 2017. Т. 1. № 1. С. 144-149 (мақола), Заминаи асоси барои ташаккул ва рушди инфрасохтори бозор дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Финансовая экономика. 2018. № 8. С. 155-159.(мақола), Рушди зерсохтори гумрукии минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон № 10-Душанбе-2018, С.35-41.(мақола), Нақши технологияи иттилоотӣ дар рушди маркетинг// Кишоварз №1 (81) 2019, саҳ. 207-210.(мақола), Пардохтпазирӣ ҳамчун омили рушди ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон №2/2 (197) Душанбе-2019, с-31,37. (мақола).

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «МЕНЕҶМЕНТ»

Кафедраи менеҷмент бо қарори Шӯрои олимон ва фармони ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ аз моҳи августи соли 1998 таҳти № 83 дар факултаи иқтисодиёт ҳамчун кафедраи махсус таъсис дода шудааст. Дар тӯли мавҷудияти кафедра вазифаи мудири кафедраро дар солҳои 1998-2004 номзади илм, дотсент И.Т. Тоҷибоев, солҳои 2004-2010 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ш.Б. Ҷонмамадов, солҳои 2010-2012 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ш.Ш. Базаров, солҳои 2012-2016 номзади илми иқтисодӣ, дотсент Д.М. Назарамонова, солҳои 2016-2018 номзади илми иқтисодӣ, дотсент У.Н. Негматов ба ӯҳда доштанд.

Аз моҳи июни соли 2018 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ашуров Муҳаммади Нусратович ба ӯҳда дорад.

Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, шӯъбаҳои тараққиёт ва маркетинги корхона, фирмаҳои хусусӣ ва ассотсиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт, идоракунӣ ва технологияи компютерӣ талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилалии низоми идоракунӣ талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунӣ дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд. Бинобар ин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил ва дониши донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шуд. Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи кунунӣ ва раванди таълимӣ таҳия карда баромад, ки ба шароити нави таълим ва хоҷагидорӣ ҷавобгӯ мебошад. Пас аз мутаҳид шудани Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кафедраи менеҷмент ба ҳайати факултети Менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ шомил гашт. Ҳоло бошад кафедраи «Менеҷмент» яке аз кафедраҳои асосии факултети «Менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ»-Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ саҳм мегузорад. Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ профессор Бозоров Ш.Ш, Ғаниев Т.Б., дотсентон: Солеҳзода А.А., Ашуров М.Н., Назарамонова Д.М., Қосимова С.И., Ҳамидов А.Х., Алиев О., Содиқов М.С., Нуъматов И.У., ассистентон Ҳомидова М.М., Хуррамова З.М, Халилзода У.Ш., Юнусов Б.Д., Шарофова Ч.Р., Ақдодова Н, ҳамкорони дохилӣ муаллими калон Холбобоев Р.Б. инчунин ҳуҷҷатнигори кафедра Атаджанова О.Ш. кор ва фаъолият намуда саҳми худро дар рушди кафедра мегузоранд. Дар 5-соли охир аз ҷниби устодони кафедра зиёда аз 20 китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ рӯӣ чоп оварда шудааст. Дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси кафедра саҳми олимони тоҷик-д.и.и., профессорон Ш.Б Ҷонмамадов, Л.Х.Саидмуродов И.Х.Тоҷибоев ва Ш.Ш. Бозоров хеле калон аст. Айни замон барои пешбурди фаъолияти кории кафедра 22-нафар ба ҳайси ҳамкорони асосӣ ва дохиливу берунӣ ко рва фаъолият намуда истодаанд, ки аз он 2-доктори илм, 8-нафар номзадони илм, 3-нафар муаллимони калон, 8-нафар ассистентон ва 1- нафар ҳуҷҷатнигори кафедра мебошанд.

Кафедраи менеҷмент барои баландбардории сатҳи дониши донишҷӯён бо Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи менеҷмент ва тиҷорати Само, ТАҚХ Матин, ҶСК Фабрика Гулистон, ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ҳамкории зич доранд.

Кафедра бо воситаҳои техникӣ пурра муҷаҳҳаз буда, дорои се компютери ба интернет пайвастбуда, ду принтер мебошад. Устодони кафедра дар самти илмии кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мегузаронанд ва ҳамасола натиҷаи он дар конфронсҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ аз рӯи масъалаҳои мубрами кафедра рӯи чоп мебарояд. Дар кафедра инчунин маҳфили илмии ТОП-менеҷер баргузор мегардад. Кафедра дорои пойгоҳи пурқудрати зеҳнӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ мебошад, ки дар тайёр кардани мутахассисон, устодони ботаҷрибаи дорои унвони илмӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Айни замон ду нафар устодони кафедра узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ мебошанд: профессор Базаров Ш.Ш. дар маҷаллаи илмии Паёми молия ва иқтисод ва дотсент Ашуров М.Н. дар маҷаллаи илмии «Образования и наука в России и за рубежом».