Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Фанҳо

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «МЕНЕҶМЕНТ»

«Менеҷмент» - ҳамчун фанни таълимӣ ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣ ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишгоҳ омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо мафҳумҳои асосии менеҷмент, усулҳои идоракунӣ, функсияҳо, принсипҳо ва мушкилотҳои идоракунӣ маълумотҳо гирифта шиносоӣ пайдо менамоянд. 


«Маркетинг» - ҳамчун фанни таълимӣ ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣ ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишгоҳ омӯзонида мешавад. Ҳангоми омӯхтани ин фан донишҷӯ доир ба тадқиқотбарии маркетингӣ, усулҳои он, стратегияи маркетингӣ, фаъолияти рекламавии корхона тассавуроти мукаммал пайдо мекунад. 


«Идоракунии сифат» - таълим дар шакли таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣи ихтисоси «1-26020200» - «Менеҷмент» ва 1-26010101 – «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» дараҷаи бакалавриат гузаронида шуда, донишҷӯён методология ва таҳлили амалии сифат – функсияҳои он, ҳолатҳо ва нақшаи инкишофи идоракунии сифат ва ҷараёнҳо дар асоси таҳияҳои объективӣ, тавсия ва роҳҳои татбиқи амалии онҳо дар ҷараёни истеҳсолӣ аз худ менамоянд. 


«Коркарди қарорҳои идоракунӣ» - фанни таълимиест, ки дар шакли таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣи ихтисоси «1-26020200» - «Менеҷмент» ва 1-26010101 – «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ». Дар раванди таълим донишҷӯён доир ба усулҳои қабули қарор, интихоби варианти беҳтарин, таснифи қарорҳо ва аҳмияти амалии он донишҳои илмӣ-таҷрибавӣ аз худ менамоянд. 


«Менеҷменти стратегӣ ва инноватсионӣ» - мақсади омӯзиши фанни мазкур иборат аст аз омӯзонидани донишҷӯёни ихтисоси 3-26020200 – менеҷмент бо малакаҳои зарурии ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳо доир ба муҳити дохилӣ ва берунӣ барои таҳияи стратегӣ, таснифи навовариҳо, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар сатҳи корхона ва истифодаи амалии он дар баҳодиҳии фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва тиҷоратӣ. 
«Назарияи ташкилот» - фанни мазкур барои донишҷӯёне, ки дар ихтисосҳои менеҷмент ва идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ таҳсил менамоянд, омӯзонида мешавад. Донишҷӯён методологияи назарияи ташкилот, шаклҳои он дар шароити нави иқтисодӣ, донишҳо ва малакаҳои худро баҳри сайқал додани фаъолиятдории хеш дар ташкилотҳои муосир истифода хоҳанд бурд. 


«Асосҳои менеҷмент» - таълими фанни мазкур дар ихтисоси 1-26020200 – менеҷмент ва идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Аз омӯзонидани ин фан донишҷӯён бо мушкилотҳои муосири идоракунӣ, сохтори ташкили идоракунӣ, усулҳои идоракунӣ ва вазифаҳои асосии идоракунӣ дар шароити муосир ошно мегарданд. 


«Менеҷменти стратегӣ» - фанни мазкур дар ихтисоси 1-26020200 – менеҷмент таълим дода мешавад. Ба донишҷӯён омӯзонидани инкишофи афкори менеҷменти стратегӣ бо истифодаи қоидаҳои махсус, усул ва тарзҳои коркарди стратегӣ, таҳлили стратегӣ, зуҳуротҳои иқтисодӣ ва ғ. таҷассум мекунад. 


«Менеҷменти инноватсионӣ» - барои ихтисоси 1-26020200 – менеҷмент ба роҳ монда шуда, дар курси чорум ва панҷум ба донишҷӯён таълим дода мешавад. Омӯзиши фанни мазкур ҷиҳати боло бурдани қобилияти фикрронӣ ва маърифати иқтисодию идоракунии навоварии донишҷӯён заминаҳои мусоид муҳайё намояд. 


«Тадқиқоти низоми идоракунӣ» - фанни мазкур принсип ва усулҳои гузаронидани татқиқоти идоракуниро дар корхонаҳо (ташкилотҳо), дар мамлакатҳои низоми Аврупоӣ ва мамлакатҳои бо иқтисодиёти давраи гузариш, ки низоми менеҷменти онҳо ба низоми менеҷменти Аврупоӣ нигаронида шудааст, дар бар мегирад. Донишҷӯёни ихтисоси 1-26020200 – менеҷмент дар раванди таълим усулҳои гузаронидани татқиқоти идоракунӣ, ба монанди мушоҳида, гузориши мақсади татқиқот, омодагӣ доир ба гузаронидани он, амалгардонии мушоҳидаи интихобӣ, ҷамъоварӣ ва вориднамоии иттилоотҳо, коркард ва таҳлили маълумотҳоро меомӯзанд. 


«Санъати роҳбарӣ» - ба донишҷӯёни курси 2 – юми таҳсили рӯзона ва фосилавӣи ихтисоси 1-26020200 – менеҷмент, дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Дар рафти омӯзиш доир ба усулҳои роҳбарӣ, тарзи суханварии роҳбарӣ, маданияти идоракунӣ ва тарзи самаранок истифода бурдани вақт донишҷӯён тасаввурот пайдо мекунанд. 


«Назарияи кабули карор» - таълим барои донишҷӯёни ихтисоси 1-26020200 – менеҷмент ва 1-26010101- идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дараҷаи бакалавриат гузаронида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим бо принсипҳои асосии қабули қарорҳои идоракунӣ, тарзу усулҳои қабули қарорҳои идоракунӣ, марҳилаҳои қабули қарор, ва интихоби варианти беҳтарин аз алтернатива ошно мегарданд. 


«Маркетингӣ стратегӣ ва инноватсионӣ» - таълими фанни мазкур барои донишҷӯёни ихтисоси менеҷмент ва менеҷменти байналмилалӣ тавсия шудааст. Дар раванди таълим донишҷӯён доир ба таҳлил, коркард ва таҳияти стратегияи маркетингии фирма, ҷараёни гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструктории корхона ва самаранок идоракунии равандҳои он шинос мегарданд. 


«Рафтори мутташакил» - таълими фанни мазкур ба донишҷӯёни ихтисоси 1-26020200 – менеҷмент, 126010101- идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва 126020202- менеҷменти байналмилалӣ пешбини шудааст. Аз худ кардани фанни мазкур ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки на танҳо асосҳои назариявӣ ва методологии фанни рафтори мутташакил балки маданият, этика, услубҳои роҳбарӣ, руҳияи шахсӣ, миҷоз, тавсиф ва иртиботи мутақобила дар амалияи корхонаҳои муосир аз худ карда мешавад. 


«Менеҷменти стратегӣ ва инноватсионӣ» - мақсади омӯзиши фанни мазкур иборат аст аз омӯзонидани магистрантони ихтисоси 1-26020200 – менеҷмент бо малакаҳои зарурии ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳо доир ба муҳити дохилӣ ва берунӣ барои таҳияи стратегӣ, таснифи навовариҳо, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар сатҳи корхона ва истифодаи амалии он дар баҳодиҳии фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва тиҷоратӣ. 


«Менеҷменти иттилоотӣ» - мақсади омӯзиши фанни мазкур иборат аст аз омӯзонидани донишҷӯёни ихтисоси 1-26020200 – менеҷмент бо малакаҳои зарурии ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳо доир ба муҳити дохилӣ ва берунӣ барои таҳияи стратегияи корхона, таснифи навовариҳо, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар сатҳи корхона ва истифодаи амалии он дар баҳодиҳии фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва тиҷоратӣ, инчунин, дар бозори имрӯза тобовар буданро меомӯзад. 


«Маркетинги шабакавӣ» - мақсади омӯзиши фанни мазкур иборат аст аз омӯзонидани донишҷӯёни ихтисоси 1-26020200 – менеҷмент ҳангоми омӯзиши фанни мазкур донишҷӯён бо тиҷорати электронӣ шинос мешаванд. 


«Иртиботи корӣ. Бренд менеҷмент»- яке аз фанҳои асосӣ ба шумор рафта, муносибии мутахассис, дарк намудани ҷараёни моддӣ-техникиро дар алоқаи ҷудонашаванда бо маданият мусоидат мекунад. Касбият ин, пеш аз ҳама, тасдиқи имконияти ба ин ё он фаъолият дар сатҳи баланди маданӣ ва техникӣ машғул буданро мефаҳмонад. Фанни мазкур ба магистрантони ихтисоси 1-26020200-менеҷмент дарс хонда мешавад. 


«Медиа менеҷмент»- Мақсади омӯзиши фан - ба мутахассисони оянда додани донишҳои назариявӣ ва маҳорати амалӣ дар асоси идоракунии равандҳои медиа менеҷмент ва фаъолияти идоракунии ташкилот аз ҳисоби навъҳои асосӣ ба шумор меравад. 


«Менеҷменти андоз»- доираи муҳимтарини тадқиқоти илмию амалӣ ва методӣ буда, қисми таркибии назария ва амалияи идоракунӣ мебошад. Гузариш аз иқтисодиёти маъмурӣ-ҳукмфармоӣ ба асосҳои хоҷагидории бозоргонӣ моҳияти иқтисодии андозбандиро қатъиян амиқ ва пурмазмун мегардонад, ба он ҳадафу вазифаҳои нав пешниҳод мекунад. Идораи андозбандӣ тадриҷан аз ҳолати карахтӣ раҳоӣ ёфта, ба тағйироти гуногун дар муносибатҳои ҳуқуқҳои андозбандӣ фавран аҳамияту таваҷҷуҳи худро ҷалб менамояд, хосияти онҳо ва ғайраро дар бар мегирад. 


«Менеҷменти лоиҳаҳо ва тарҳрезии он»- ин назария ва амалияи махсус ва нисбатан нав оиди идора (роҳбарӣ) кардани иқтисодиёти бозорӣ буда, дониши мукаммал, қобилияту малакаи таҳияи стратегия, банақшагирии фаъолияти хоҷагии корхона, ҳамзамон ноилшавӣ ба мақсадҳои ниҳоӣ ва ҳалли вазифаҳои мушаххаси гузошташударо бо истифодаи ақлу хирад, меҳнати пурсамар ва самарабахш таъсир расонидан ба рафтори кормандонро тақозо менамояд.