Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ

Содиков Метархон Сокибекович

Мудири кафедра

Содиқов Метархон Соқибекович

доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент


Кабинет: 205

E-mail: m.sodiqov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Инвеститсия, Муносибатҳои байналхалқии асъориву қарзӣ, Нарх дар савдои беруна, Инвеститсияи хориҷӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Арзёбии иқтисоди сармоягузорӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Самаранокии рушди соҳибкории хурду миёна дар Бадахшони Куҳӣ

Нашрияҳои асосӣ: Душанбе 2010, «Ирфон» 132-саҳ., Самаранокии рушди соҳибкории хурду миёна дар ҶТ., зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН ВА ТИҶОРАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ»

Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ дар заминаи моддӣ - техникӣ ва кадрии кафедраҳои бизнеси байналхалқӣ, пардохтҳои гумруки ва назорати асъор соли 2010 ҳамчун сохтори таркибии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ташкил шудааст. Зарурияти ташкил намудани кафедра бо талаботи тайёр кардани мутахассисони касбӣ аз рӯи тахассуси бизнеси байналхалқӣ барои ширкатҳо ва ассотсиатсияҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва фондҳои инвеститсионӣ ва нафақавӣ ва дигар корхонаҳо ва ташкилотҳои тиҷоратӣ алоқаманд мебошад.


Собиқ кафедраи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати асъор бо қарори Шӯрои олимони донишкада 16 августи соли 2004 таъсис дода шуда буд ва ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи тахассуси «Ташкилотчии умури гумрук» машғул буд.


Нахустин мудири кафедра ва таъсисдиҳанда он номзади илмҳои иқтисод Мирзоев Иброҳим буд. Соли 2006 аз сабаби ба кори дигар гузаштан ба вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои иқтисод Давлатов Х.М. интихоб карда шуд. Аз соли 2007 дар баробари тахассуси «Ташкилотчии умури гумрук» инчунин ба тахассуси «Бизнеси байналхалқӣ» донишҷӯ қабул карда мешавад.


Дар солҳои гуногун дар кафедра устодони зерин фаъолият намуданд: Мирзоев И – н. и. и., дотсент (мудири кафедра солҳои 2004 - 2006), Қурбонов А – д. и. и., и.в. профессор (солҳои 2008 – 2009), Кошонова М – д. и. и., профессор (солҳои 2007 - 2010), д. и. и., профессор Ғафуров Хушвахт (2007-2012с.), д. и. и., профессор Воҳидов Вахоб Вохидович (2007-2012с.), Абдуллоев С. – ассистент (солҳои 2005 - 2009), Шарипов Н. – ассистент (солҳои 2005 - 2009), Шамсиев Н. – муаалими калон (солҳои 2004 - 2008), Қаҳҳоров Максуд - муаалими калон (солҳои 2007 - 2012), н. и. и., дотсент Содиқов Меҳтархон Соқибоевич (2005-2012), Давлатов Ф. С. - ассистент (солҳои 2006 - 2008), Нидоев П.- ассистент (солҳои 2004 - 2008).


Ҳоло дар кафедра устодони штатии зерин фаъолият доранд: н.и.и., дотсент Давлатшоева Зарина Мехтарбодовна (мудири кафедра), д. и. и., профессор Ҷонмаҳмадов Шермаҳмад, н.и.и., Файзуллоева Сарвиноз Ҷумаевна, ассистентон Акрамова Бибималика Акбаровна, Кенҷаев Далерҷон Шарифович, Шералиев Ҷамшед Давлатович, Расулзода Фаридун Азиз, Ҳамроев Мирсаид Исмоилович, Акобирзода Абутолиби Мирзоҳиммат, Худойбердиев Ҷаҳонгир Маҳмуродович, Хоҷахонова Гулҷаҳон Комилҷоновна ва як ҳуҷҷатнигори кафедра Азизова Сурайё.


Кафедра ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи тахассуси 1-25.01.03 иқтисодиёти ҷаҳон (гуруҳои тоҷикӣ ва англисӣ), 1-26020210 – менеҷмент дар соҳаи сайёҳӣ ва 1-26.02.02.02 менеҷменти байналхалқӣ (рӯзона ва фосилавӣ), докторантон аз рӯи ихтисоси (PhD) 6D051300- иқтисодиёт ҷаҳон ва магистрони ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон машғул мебошад.


Аз аввали таъсисиёби кафедра фаъолияти худро дар асосии нақшаи таълимӣ қарорҳо ва дастурҳои ректор, роҳбарияти факултет, қарорҳои олимони донишгоҳ, ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои таълимию методӣ ва силлабусҳо аз фаннҳои тахассусии кафедра таҳия гардиданд. Мавриди қайд аст, ки кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро тайёр менамояд.


Самти корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра «Дурнамои истифодабарии самараноки неруи содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (роҳбарии мавзӯъ н. и. и., дотсент Давлатшоева З.М.) буда, муҳлати иҷрои он то соли 2022 мебошад. Дар иҷрои нақшаи корҳои илмӣ- тадқиқотии кафедра 8 нафар устоди кафедра аз ҷумла 3 –нафар н. и. и. иштирок менамоянд. Кафедра дар соҳаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар самти соҳаи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ саҳми калон дошта донишҳои соҳавии фундаминталӣ ва амалиро дар самти фаъолияти хеш барасси менамояд. Дар назди кафедра доимо тадқиқотҳои илмии ва мутобиқ раванди инкишофи иқтисодиёти ҷаҳони гузаронида мешавад. Устодони кафедра дар соҳаи тиҷорати байналмилалӣ инвеститсия ва дигар масъалаҳои алоқаманд бо иқтисодиёти ҷаҳони дараҷаи тахассусии олиро доро буда, таҷрибаи калони иштирок дар лоиҳаҳои илмии байналмилалӣ ва конфронсияҳоро доро мебошад. Қобили қайд аст, ки ба ҳар як нафар устодони кафедра мавзӯҳои алоҳидаи илмӣ ва корҳои тадқиқоти вобаст карда шудааст:


Аз ҷониби устодони кафедра доир ба зермавзӯҳои зерин тадқиқотии илмӣ бурда мешавад:


1. Арзёбии вазъи муосири истифодабарии имкониятҳои содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Давлатшоева З.М.); 

2. Диверсификатсияи ҷуғрофии содироти молии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Акрамова Б.М.; 

3. Асосҳои назариявӣ ва услубии механизми иқтисодии ҳимоя ва истифодабарии захираҳои обӣ (Ҳамроев М.И.); 

4. Омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии бунёди минтақаҳои озоди иқтисодии ба содирот нигаронидашуда ва имкониятҳои истифодабарии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Файзуллоева С.Ҷ.); 

5. Шароитҳои ниҳодии инкишофи туризми байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шералиев Ҷ.Д.); 

6. Ташаккулёбии манфиатҳои иқтисодӣ дар муҳити институтсионалӣ (Акобирзода А.М.); 

7. Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифаҳои мақомоти гумрук дар таъмини танзими тарафӣ-гумрукӣ (Хоҷахонова Г.К.); 

8. Усулҳои асосии ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ (Расулзода Ф.А.).


Аз соли 2012 кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон фаъолияти худро оиди омӯзиши касбии менеҷменти байналмилалӣ дар доираи барномаҳои омӯзиши бакалаврият дар самти менеҷменти байналмилалӣ ба роҳ монд. Вазифаи асосии кафедра тайёр намудани мутаххасисон дар сатҳи дараҷаи байналмилалӣ дар соҳаи иқтисодиёти ҷаҳони давлатҳои алоҳида ва минтақа ба ҳисоб меравад.