ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН ВА ТИҶОРАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ»
Бизнеси байнлахалқӣ - фанни таълимиест, ки донишҷӯён дар раванди таълими фанни мазкур бо бозори ҷаҳонӣ ҳамчун фазои пешбурди бизнес, бозори байналхалқии молиявӣ, ҳамгироии иқтисодӣ ва бозорҳои минтақавӣ, назарияҳои тиҷорати байналхалқӣ, ҳаракати байналхалқӣ ва омилҳои истеҳсолот, назарияи бартарияти рақобатии фирмаҳо, муҳити адаптатсионии пешбурди бизнеси байналхалқӣ, низоми гумрукии ҶТ, таъминоти иттилоотии бизнеси байналхалқӣ ва бо мавқеъи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди бизнеси байналхалқӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди миллии кишвар шиносои пайдо менамоянд.
Иқтисоди ҷаҳон - фанни таълимиест, ки ба ҳамаи донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишкада омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълими фан оиди ташкил ва инкишофи иқтисодиёти ҷаҳон, назария ва таҷрибаи ташкили иқтисоди ҷаҳон, нишон додани хусусиятҳои механизми ташаккулёбӣ ва инкишофи фаъолияти иқтисоди ҷаҳон, равандҳо, самтҳо ва инчунин оиди марҳилаҳои қонуниятҳои инкишофи иқтисоди ҷаҳон тасаввурот пайдо менамоянд.
Минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ - фанни таълимие мебошад, ки мақсади омӯзиши он шинос намудани донишҷӯён бо механизм ва хусусиятҳои иштироки субъектони минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ мебошад.
Иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ – яке аз фанҳое мебошад, ки омӯзиши он зарурияти хосае дорад ва донишҷӯён дар раванди таълими фанни мазкур қонуниятҳои инкишофи иқтисодиёти мамлакатҳои хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои захиравӣ ва бартариятҳои нисбии кишварҳои ҷаҳонро аз худ менамоянд.