Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Аккредитатсия Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Фаъолияти гумрук

Муминов Абдукарим Бегович

Мудири кафедра

Муминов Абдукарим Бегович

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент


Кабинет: Бинои таълимии II

Утоқ: 210

E-mail: k.muminov@tgfeu.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Фанҳои таълимӣ: Ташкили назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, Танзими гумрукию тарифии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, Низомҳои гумрукӣ, Декларатсиякунонии молу воситаҳои нақлиёт, Номгуи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, Гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, Коргузории гумрукӣ ва ғ.

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Иктисодиёт

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Ташаккул ва инкишофи механизмҳои бозории нархи хизматҳои суғурта

Нашрияҳои асосӣ: Махсусияти нархгузорӣ дар хизматҳои суғуртавӣ.-Душанбе Ирфон,2011,175с,-8,2ҷ.ч. Танзими тарифӣ - гумрукӣ, ҳамчун усули иқтисодии танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, Паёми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, №2(47), Душанбе: «Сино» 2008, Мақомоти гумрук – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар асри XXI Нақши сиёсати гумрукӣ дар ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони дохилӣ, Паёми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, №2, 2009, Нақши мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, «Ирфон» 2010, зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ»

Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси мақомоти гумрук соли 1998 дар назди факултети «Ҳуқуқшиносӣ» - и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ кафедраи «Умури гумрук» таъсис дода шуд ва роҳбарии кафедраро полковники хадамот гумрук Насриддинов Ф. Б. ба ӯҳда дошт, ки бевосита ташкилкунандаи кафедра буд. Соли 2004 дар заминаи кафедра факултети «Умури гумрук» таъсис дода шуд ва собиқ кафедраи «Умури гумрук» ба кафедраи «Ташкили назорати гумрукӣ» (мудири кафедра дотсент Насриддинов Ф. Б.) ва кафедраи «Пардохтҳои гумрукӣ ва назорати асъор» (мудири кафедра Мирзоев И. Қ.) ҷудо карда шуд. Соли 2008 бо сабаби тағйироти сохторӣ дар Донишкада дар заминаи ҳарду кафедра кафедраи «Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ» таъсис дода шуд. Соли 2010 кафедраи «Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ» ба кафедраи «Пардохт ва назорати гумрукӣ» (мудири кафедра дотсент Насриддинов Ф. Б.) ва кафедраи «Ташхис ва ҳуқуқи гумрукӣ» (мудири кафедра генерал – майори хадамоти гумрук, н.и.ҳ. Ҳасанов К. Ҳ.) ҷудо карда шуд. Аз 1-уми сентябри соли 2011 роҳбари кафедраи «Пардохт ва назорати гумрукӣ» н.и.и. дотсент, Раҳимов Нуриддин Наъимович таъин гардид. Моҳи сентябри соли 2012 дар заминаи кафедраҳои «Пардохт ва назорати гумрукӣ» ва «Ташхис ва ҳуқуқи гумрукӣ» кафедраи «Фаъолияти гумрукӣ ва логистика» таъсис дода шуд ва роҳбарии онро то моҳи августи соли 2014 н.и.и., дотсент Раҳимов Н.Н. ба уҳда дошт. Аз охири моҳи августи соли 2014 иҷрокунадаи вазифаи мудири кафедра дотсент Мираков Қ. М. таъин гардид. Аз моҳи сентябри соли 2018 рохбарии кафедраро дотсент Муминов А Б ба уҳда дорад. 


Ҳоло дар кафедра устодони соҳибунвони ботаҷриба фаъолият мекунанд, ки саҳми бисёрии онҳо дар тайёр намудани мутахассисони баландпояи мақомоти гумрук назаррас мебошад. Аз ҷумла, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Мираков Қ. М., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Неъматов И. У., аълочии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хадамоти гумрук, устоди калон Шомудинов О. Д., устодони калон., Иматчоев З. Х., ассистентон Давлатов Ф.Ҳ., Давлатов Ф.С., Абдуллоев С.И., Ҳалимхонов З.А.,Махмадбекова Н.Сайдиев А .Акбаров С ва Давлатова Т.С., оператор – ҳуҷҷатнигор Гоибова Ф., ҳамкорони дохила н.и.и., дотсент Попов Н.А., н.и.и., дотсент Содиқов М. С., устодони беруна н.и.и., полковники хадамоти гумрук Маҳмадзода Ҳайдар, нозири калони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук лейтенанти калони хадамоти гумрук Нозимов А. Х., Инчунин дар кафедра солҳои тӯлони мутахассисони шинохтаи соҳаи гумрук Устодони кафедра ба донишҷӯён зиёда аз 40 - фанни таълимӣ дарс мегӯянд. Яке аз мақсади аввалиндараҷаи устодони кафедра ин бо маводҳои таълимӣ таъмин намудани донишҷӯён мебошад. 


Ҳамзамон оид ба фанҳои таълимие, ки аз ҷониби устодони кафедра аз рӯйи ихтисосҳои 1 – 960101 – «Хадамоти гумрук» ва 1 – 96010102 – «Таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ» таълим дода мешаванд, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ, силлабус барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули санҷишу имтиҳонот, мавзӯҳо дар шакли слайд, мавзӯҳои корҳои курсӣ ва хатм, барномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаи дурнамои корҳои илмию амалии устодони кафедра дар солҳои 2012 - 2018 нақшаи дарсҳои амалию тарбиявӣ ва дигар маводҳои таълимӣ – методӣ таҳия намуда мавриди истифода қарор дода шудаанд. 


Кафедра бо кафедраҳои бисёр муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ робитаи зичи ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, бо кафедраи “Хадамоти гумруки Донишгохи давлатии хукук бизнес ва сисати Точикистон, кафедраи “Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук” – и Фаъолияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, мудири кафедра н.и.и., дотсент Нодиров О.Ф., Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инчунин, бо мақсади мубодилаи таҷриба ва дар ин замина баланд бардоштани савияи тахассусии устодони кафедра бо як қатор Барномаҳои хориҷӣ ҳамкориҳои зич дорад. 


Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва суръати баланди рушди мақомоти гумрук талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи гумрук дучанд баланд намудааст. Бинобар ҳамин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва дониши донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шуд. 


Ҳоло кафедраи «Фаъолияти гумрукӣ» яке аз кафедраҳои асосии тахассусии факултети Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ буда, барои тайёр намудани мутахассисони мақомоти гумрук саҳмгузор мебошад. Устодони кафедра муаллифи чандин асарҳои илмӣ, аз ҷумла 8 монография, 14 китоби дарсӣ, зиёда аз 210 мақолаҳои илмӣ мебошанд. Мавзӯи тадқиқотҳои илмии устодони кафедра асосан ба масъалаҳои нақши мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили механизми ташкилию иқтисодии идоракунии мақомоти гумрук тавассути роҳу усулҳои нави фаъолияти гумрукӣ равона карда шудааст. Инчунин дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд. Кафедра дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ - техникӣ ва кадрӣ буда, аз рӯи ихтисосҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мутахассис тайёр мекунад.