Фанҳо
• «Иқтисоди корхонаҳо» - фанни таълимиест, ки ба донишҷӯёни ихтисосҳои тахассусӣ, дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим намудҳо, шаклҳо ва усулҳои ташкили истеҳсолотро аз худ намуда, дар таҷрибаи кории корхона, ташкилот ва дигар шаклҳои моликиятдорӣ ба таври амалӣ татбиқ менамоянд.
• «Назарияи идорӣ» - фанни таълимиест, ки ба донишҷӯёни ихтисосҳои тахассусӣ, дараҷаи бакалавриат дарс гуфта мешавад.
• «Ташкил ва идораи истеҳсолот дар КХМ» - фанни таълимиест, ки ба донишҷӯёни ихтисосҳои тахассусӣ, дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Иқтисодчии касбӣ ҳамчун шахси асосӣ дар сохтори идоракунии хоҷагидорӣ донишҳоро оид ба прогрессҳо ва механизмҳои реалии истеҳсолот ва гардиши молҳо дошта бошад, ки ин имкон медиҳад аз хатогиҳо дурр шуда, барор гирифтани корро кафолат диҳад.
• «Идораи давлатӣ» - фанни таълимиест, ки ба донишҷӯёни ихтисоси 1-26010101 таълим дода мешавад. Донишҷӯён дониш ва навовариҳои амалии зарурии гирифтаашонро барои кор дар мақомотҳои идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ метавонанд татбиқ намоянд.
• «Ояндабинии иқтисодию иҷтимоӣ»- барои ихтисосҳои 1-25010201 дарс гуфта мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим ҷараёни пешгӯӣ, кор карда баромадани қобилияти идоракунии ҷараёнҳои банақшагирӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, таҳлил ва пешгӯии фаъолияти корхонаро аз худ менамоянд.
• «Идораи зиддибуҳронӣ» - фанни таълимиест, ки барои ихтисосҳои тахассусӣ, дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Метод ва методикаи таҳлилро дар баҳодиҳии вазъи идоравӣ ва милиявии самаранокии фаъолияти корхона дуруст истифода бурданашро донишҷӯён меомӯзанд.
• «Иқтисоди миллӣ» - фанни таълимиест, ки барои ихтисосҳои тахассусӣ дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Иқтисоди миллӣ маҷмӯи иқтисодиёти мамлакат буда, дар заминаи истиқлоли сиёсӣ ва дигар унсурҳои пайвастаи давлати миллӣ ташаккул меёбад.
• «Банақшагирӣ дар корхона»- барои ихтисосҳои 1-25010201 дарс гуфта мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим ҷараёни пешгӯӣ, кор карда баромадани қобилияти идоракунии ҷараёнҳои банақшагирӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, таҳлил ва пешгӯии фаъолияти корхонаро аз худ менамоянд.
• «Ҳалли муноқиша ва муҳокимаи психологии роҳбарӣ»- барои ихтисосҳои 1-26020212 дарс гуфта мешавад. Дар раванди таълим донишҷӯёнро барои идоракунии ҳолатҳои низоӣ донистани намудҳои низоъ, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои бартараф намудани онҳо бениҳоят зарур аст.
• «Коргузорӣ дар КХМ»- барои ихтисосҳои тахассусӣ дарс гуфта мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим дониши назариявии худро дар амалия оид ба сарчашмаҳои ташкил ва андухт намудани идоракунӣ ва ташкилкунандагони субъектҳои ҳуҷҷатгузорӣ ба амал дароранд.
• «Иқтисод ва идоракунии ҷамъиятҳо»-барои ихтисосҳои дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим пайдо намудани дониш дар бораи шаклҳои саҳҳомии фаъолияти хоҷагидорӣ, сармояи оинномавӣ ва молияи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, идоракунии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва тартиби аз нав ташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии онро меомӯзанд.
• «Идораи муносибатҳои ҷамъиятӣ»-барои ихтисосҳои тахассусӣ ва дараҷаи бакалавриат таълим дода мешавад. Дар раванди таълим донишҷӯён дарк намудани нақши давлат дар рушди муносибатҳои ҷамъиятию иқтисодии ҶТ, таҳлили тамоюли муосири рушди суботи иқтисодӣ ва иҷтимомм идоракунӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ғайраро меомӯзанд.
• «Идоракунии моликияти маҳаллӣ»- барои ихтисосҳои тахассусӣ дарс гуфта мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим шаклҳо ва усулҳои моликият, муносибатҳои амалисозии иқтисодӣ, ташкил ва дигар шаклҳои моликиятдориро меомӯзанд.