Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Кори таълимӣ-методӣ

Бо мақсади дар сатҳи талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи донишҷӯён ҳайати омӯзгорони кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор дарсҳоро бо усулҳои наву муосир ва бо тариқи тахтаҳои электронӣ бо презентатсияҳо мегузаронанд. Омӯзгорони кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо ҳар восита таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯхта дар ин замина барномаҳои гуногуни таълимиро таҳия намоянд ва ба истифодаи технологияҳои муосир ва ҷалби мутахассисони соҳибкасб ин мақсадро амалӣ созанд. Ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани нерӯи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар донишгоҳ, инчунин, таҳлили илмии сифат ва самаранокии идоракунӣ ва хизматрасонӣ зарурати баланд бардоштани мақоми донишгоҳ мебошад. 


Гузаронидани дарсҳои лексионӣ ва амалӣ, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, дар навбати аввал вобаста аст аз таҳияи Стандарти давлатии таълимии ихтисос, нақшаи таълимии ихтисос, барномаҳои таълимӣ ва корӣ, силлабусҳо, инчунин таҳияи китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастурҳои таълимию методӣ. 


Барои ихтисосҳои кафедра, ки се самтро дар бар мегирад, яъне 1-25010201-иқтисодиёти таҳлилӣ, 1-26010301-танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ ва 1-25010500 - омор Стандарти давлатии таълимии ихтисос ва нақшаи таълимии ихтисос таҳия ва тасдиқ карда шудааст. 


Инчунин мувофиқ бо нақшаи таълимӣ ва Стандарти давлатӣ 44 - адад барномаҳои таълимии зерин таҳия гардида дар ШИМ-и садорати факултети ҳисобдорӣ ва омор ва ШИМ-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шудаанд: 


1. Барномаи таълимӣ аз фанни таҳлили иқтисодӣ 
2. Барномаи таълимӣ аз фанни таҳлили иқтисодӣ (бо забони русӣ) 
3. Барномаи таълимӣ аз фанни таҳлили молиявӣ 
4. Барномаи таълимӣ аз фанни таҳлили молиявӣ (бо забони русӣ) 
5. Барномаи таълимӣ аз фанни таҳлили системавӣ 
6. Барномаи таълимӣ аз фанни назарияи таҳлили иқтисодӣ 
7. Барномаи таълимӣ аз фанни иқтисодиёти амволи ғайриманқул 
8. Барномаи таълимӣ аз фанни таҳлили инвеститсионӣ 
9. Барномаи таълимӣ аз фанни таҳлили бизнес равандҳо 
10. Барномаи таълимӣ аз фанни таҳлили ҳисоботи молиявӣ 
11. Барномаи таълимӣ аз фанни таҳлили идоракунӣ дар соҳаҳо 
12. Барномаи таълимӣ аз фанни таҳлили иқтисодии комплекси фаъолияти хоҷагидорӣ 
13. Барномаи таълимӣ аз фанни банақшагирӣ ва ояндабинӣ дар иқтисодиёт
14. Барномаи таълимӣ аз фанни бозори меҳнат  
15. Барномаи таълимӣ аз фанни шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ 
16. Барномаи таълимӣ аз фанни сиёсати даромад ва музди меҳнат 
17. Барномаи таълимӣ аз фанни иқтисодиёти миллӣ 
18. Барномаи таълимӣ аз фанни идоракунӣ ва банақшагирии минтақа 
19. Барномаи таълимӣ аз фанни асосҳои бехатарӣ ва рақобатпазирӣ 
20. Барномаи таълимӣ аз фанни танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ 
21 .Барномаи таълимӣ аз фанни асосҳои соҳибкорӣ ва нақшагирии бизнес 
22. Барномаи таълимӣ аз фанни соҳибкории истеҳсолӣ. 
23. Барномаи таълимӣ аз фанни идоракунии рушди иқтисодиёти сабз 
24. Барномаи таълимӣ аз фанни омор 
25. Барномаи таълимӣ аз фанни омор (бо забони русӣ) 
26. Барномаи таълимӣ аз фанни омори молия 
27. Барномаи таълимӣ аз фанни омори сайёҳӣ 
28. Барномаи таълимӣ аз фанни тавозуни пардохт 
29. Барномаи таълимӣ аз фанни омори макроиқтисодӣ 
30. Барномаи таълимӣ аз фанни омори бонкӣ 
31. Барномаи таълимӣ аз фанни омори гумрукӣ 
32. Барномаи таълимӣ аз фанни танзими давлатии иқтисодиёти КАС 
33. Барномаи таълимӣ аз фанни омори молияви давлатӣ 
34. Барномаи таълимӣ аз фанни омори соҳибкорӣ 
35. Барномаи таълимӣ аз фанни муқаддимаи ихтисос (3-ихтисос) 
36. Барномаи таълимӣ аз фанни назарияи умумии омор 
37. Барномаи таълимӣ аз фанни омори иҷтимоӣ 
38. Барномаи таълимӣ аз фанни омори саноатӣ 
39. Барномаи таълимӣ аз фанни омори кишоварзӣ 
40. Барномаи таълимӣ аз фанни усулҳои гузаронидани таҳқиқоти оморӣ дар корхонаҳо 
41. Барномаи таълимӣ аз фанни омори фаъолияти иқтисоди хориҷӣ 
42. Барномаи таълимӣ аз фанни усулҳои бисёрченакаи оморӣ 
43. Барномаи таълимӣ аз фанни омори ҳуқуқӣ 
44. Барномаи таълимӣ аз фанни тавозуни пардохт ва системаи ҳисоби миллӣ 


Дар соли 2022 тамоми барномаҳои таълимии мазкур таҷдиди назар карда шуда, дар асоси онҳо барномаи корӣ (силлабус)-ҳо низ таҳия карда шудаанд. 


КИТОБҲОИ ДАРСИИ АЗ ТАРАФИ УСТОДОНИ КАФЕДРА НАШРШУДА 


- Шодиев К.Қ., Фпасехзода И.С., китоби дарсӣ “Таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ” бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 29.11.2019 № 16/27 барои донишҷӯёни равияи иқтисодӣ аз нашр бароварда шудааст. 


- Шодиев К.Қ., Фасеҳзода И.С., Ҳакимов С.Н., Урунбаева Н.А. китоби дарсӣ “Таҳлили молиявӣ”, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 29.06.2023 № 9/32 барои донишҷӯёни равияи иқтисодӣ дар ҳаҷми 315 саҳифа, аз нашр бароварда шудааст. 


- Холов Р.Ш., Иматшоев З.Х., Буриева М.Ч., Мирзоев С.С. китоби дарсӣ “Омор” бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 24.06.2020 сол №11/5.5. барои донишҷӯёни равияи иқтисодӣ дар ҳаҷми 353 саҳифа, аз нашр бароварда шудааст. 


- Холов Р.Ш., Мирзоев С.С., Изатуллоев М.Н.Одинаев А.С., китоби дарсӣ “Омори гумрукӣ” бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз №3/5.2 аз 26.10.2023 сол барои донишҷӯёни равияи иқтисодӣ дар ҳаҷми 315 саҳифа, аз нашр бароварда шудааст.