Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Факултети молия ва қарз


Кафедраҳои факултет


Маълумот дар бораи факултет


Moliya600.jpgБо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Факултети молия ва қарз бо қарори Шӯрои олимони донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) таҳти рақами №1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 таъсис дода шудааст.


Факултети молия ва қарз фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат пеш мебарад. Алҳол дар факултет кафедраҳои тахассусии молия, фаъолияти бонкӣ ва фаъолияти биржавӣ фаъолият намуда, мутахассисонро ба шароиту вазъияти бозори меҳнат мутобиқ аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамоянд: 


• 1-25010401 – молия; 
• 1-25010402 - фаъолияти бонкӣ; 
• 1-25010202 - иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ; 
• 1-25010408 - бозори фондӣ; 
• 1-25010409 - молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук. 


Аз рӯйи ихтисосҳои дарҷгардида кадрҳо барои соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишвар бо дараҷаи маълумоти олӣ-бакалавр, олӣ-мутахассис (маълумоти олии дуюм) тайёр карда мешавад. Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи раёсати донишгоҳ дар факултет қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ ба магистратура ва доктор PhD ба роҳ монда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар давраи таъсиси таълимгоҳ то ба имрӯз факултети молия ва қарзро аз рӯйи ихтисосҳои мавҷудаи шуъбаи рӯзона ва ғоибона мутахассисони зиёд хатм намуда, хатмкунандагон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар фаъолият доранд. 


Базаи моддию техникии факултет низ сол то сол беҳтар гардида, тахтаҳои электронии ҳозиразамон насб ва аз тарафи устодон пурра мавриди истифода қарор гирифта шуда, ба донишҷӯён бо усулҳои муосири таълим (слайдҳо) дарс гузаронида мешавад. Дар факултет ду синфхонаи забономӯзӣ (лингафонӣ) ва як синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки он бо лавозимоти забономӯзии муосир таҷҳизонида шуда, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва информатика мусоидат мекунад. Бояд иброз дошт, ки 35,6%-и ҳайати устодони факултетро омӯзгорони дараҷаи илмидошта ташкил медиҳад. Факултет ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола натиҷаи тадқиқоти илмии устодони он дар маҷмӯаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ ва конфронсҳои сатҳи байналхалқӣ ва маҷаллаҳои дохилию хориҷӣ ба нашр мерасанд. 


Мусаллам аст, ки алоқамандии назария бо амалия ин роҳи асосии омодасозии кадрҳои баландихтисос аст. Дар факултет бо ин мақсад кушодани бонки таълимӣ ва синфхонаҳои нави компютерӣ ба нақша гирифта шудааст. Умуман, факултет метавонад дар оянда як мактаби бузурги соҳаи молия ва бонкдорӣ бошад ва дар омода намудани кадрҳои боэътимоди соҳа хизмат намояд. 


Moliya400.jpgКафедраи молия 


Кафедраи молия кафедраи тахассусӣ буда, мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва ҷаҳониро дар соҳаи молия ва қарз тайёр менамояд. Дар кафедраи мазкур нақшаи маҳфили зеҳн, ки дар доираи он устодони ҷавони кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои молиявию қарзиро таҳлил менамоянд. Бо мақсади сайқал додани малакаю маҳорат ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ҷалб кардани онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Ҷустуҷӯйи эҷодӣ» фаъолият менамояд, ки нақши он дар такмили маҳорату касбияти тахассусии донишҷӯён назаррас аст.






Bank400.jpgКафедраи фаъолияти бонкӣ 


Ташкил ва инкишофи кафедра бевосита бо таъсиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобастагии калон дорад. Дар факултети молия ва қарз кафедра ҳамеша мақоми хос дошта, он маркази омӯзиш ва тадқиқоти илмии яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти миллӣ - низоми бонкдорӣ мебошад. Бартарияти асосии кафедраи мазкур дар он аст, ки пеш аз ҳама, кадрҳои он дар бозори молиявии кишвар талабгор дошта, вазифаҳои асосиро барои устувории қурби пули миллӣ ва муносибатҳои молиявиро дар тақсим ва азнавтақсимкунии воситаҳои пулию қарзӣ ба роҳ мемонад. 


Аз давраи фаъолият то инҷониб кафедраи фаъолияти бонкӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии кишвар ҳамкории зич дошта, мутахассисонро вобаста ба самтҳои зарурӣ тайёр менамояд. Дар баробари ин, кафедра барои беҳтар ба роҳ мондани самти таълим ва илм мутахассисонро аз бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои дарсгузарӣ даъват менамояд. 



Birja400.jpgКафедраи фаъолияти биржавӣ 


Кафедраи фаъолияти биржавӣ тахассусӣ ба ҳисоб рафта, донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои бозори фондӣ, молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук тайёр менамояд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба робитаҳои таълимию илмӣ, ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар бархе аз устодон дар донишгоҳҳои Академияи молияи Нидерландия ва Гурҷистон такмили ихтисос намудаанд. Дар робита бо сохторҳои идоракунии давлатии дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ қарордошта, бо биржаи фондии Осиёи Марказӣ муносибатҳои илмӣ-таҷрибавӣ барқарор карда шудааст, ки ба сайқалдиҳии дониши назариявӣ, амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён мусоидат менамояд. 


Ҳамаи ин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар омода намудани мутахассисони баландихтисос диққати махсус зоҳир менамояд. Натиҷаи онро мо дар тариқи озмун бо ҷойи кор таъмин шудани хатмкардаҳои факултети молия ва қарз эҳсос мекунем.