Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Асноди зарурӣ

Барои қабул ба аспирантура ҳуҷчатҳои зерин пешниҳод мешавад: 


Ариза ба номи ректори донишкада бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:


• нусхаи дипломи  таҳсилоти олии касбӣ бо замимааш (шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд- шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот)  
• варақаи шахсии аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқгардида ва 4 дона расми андозаи 3х4; 
• тарҷумаи ҳол; 
• рӯйхати корҳои нашршудаи илмӣ ё реферат тибқи ихтисоси интихобшуда (20-25 саҳ.) 
•  нусха аз протоколи ҷаласаи Шӯрои олимон (барои мутахассисони ҷавон);   
• шаҳодатномаи (ф 2.2.) оид ба супоридани имтиҳонҳои номзадӣ (ба шахсоне,ки имтиҳонҳои номзадиро пурра ё қисман супоридаанд ва муҳлати супоридани онҳо набояд аз 5 сол зиёд бошанд); 
• тавсиянома аз ҷои кор; 
• маълумотномаи тиббӣ (086/У) 
• розигии хаттии роҳбари илмӣ.


Шиноснома ва дипломи маълумоти олӣ шахсан ба шуъбаи аспирантура пешниҳод карда мешавад. 
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 1.09. то 31.10.2022


Довталабон  аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд: 
1. Ихтисоc 
2. Фалсафа; 
3. Забони хориҷӣ (англисӣ)


Шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро пурра ё қисман супоридаанд аз имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ҳамон фанҳо озод карда мешаванд. Натиҷаҳои имтиҳонҳои хатми магистратура ҳангоми қабул ба аспирантура ба инобат гирифта мешаванд, ба шарте, ки дар нақшаи инфиродии магистр имтиҳонҳои магистрӣ аз  фалсафа, забони хориҷӣ ва ихтисос пешбинӣ шуда бошад. 
Имтиҳонҳои қабул аз 5.11 то 5.12.2016