Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР ДДМИТ ОИД БА  ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР ДДМИТ ОИД БА ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР

          Рӯзи 20-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Экстремизм ва терроризм – чолишҳои замони муосир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” баргузор гардид.

         Дар конференсияи мазкур Рустам Ҷумазода, подполковники милитсия, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКДҶТ, Саймуъмин Раҳимов, подполковник аз мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳбози Абдукарим, прокурори маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм терроризм ва киберҷиноятҳо ва Фатҳиддини Замон, сармуҳаррири идораи ҳуқуқ ва мудофиаи телевизиони Тоҷикистон ширкат ва ибрози ақида карданд.

           Кори конференсияро Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илм ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки терроризм ва экстремизм дар замони имрӯза бо ҳама шаклҳои зуҳури худ дар радифи масъалаҳои доғи рӯз боқӣ монда, мубориза алайҳи он дар сархат ё аввалияти кори аксари кишварҳои ҷаҳон қарор дорад. Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилан махсуси ваколатдор ва умуман тамоми ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд. 

          Таҳкими фазои ҳуқуқӣ ва рушди фарҳанги зиддиифротгароӣ миёни ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳими сохторҳои таълимӣ мебошад. Мубориза бо ин хатарҳо бояд на танҳо аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, балки бо саҳми фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирад, гуфт Фирӯз Қодиров, зимни суханронии хеш. 

          Прокурори маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм терроризм ва киберҷиноятҳо - Шаҳбози Абдукарим дар мавзуи “Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки терроризм ва экстремизм ба амният, устуворӣ ва арзишҳои ҷомеаи шаҳвандӣ таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод намуда, ҷомеаро пароканда, оилаҳоро вайрон ва пешравии фарҳангу тамаддуни моро коста мегардонад. Ҳамзамон, номбурда оиди Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсия, маълумот дода, қайд кард, ки барномаи мазкур аз 7-категория иборат буда, маҳз бо мақсади  пешгирии экстремизм ва терроризм равона карда шудааст.

        Дар ҷараёни конфронс Рустам Ҷумазода подполковники милитсия, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКДҶТ ва Фатҳиддини Замон, сармуҳаррири идораи ҳуқуқ ва мудофиаи телевизиони Тоҷикистон доир ба хатари терроризм ва экстремизм, аҳамияти риояи қонун, саҳми ҷавонон дар муқовимат бо хатарҳои замони муосир ва оқибатҳои ногувори амалҳои ифрогароӣ ибрози назар карданд.

        Баъд аз баромадҳо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин вохурӣ ва чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими фарҳанги қонуният ва таҳкими масъулияти ҷавонон алайҳи хатарҳои иҷтимоӣ аҳматияти хос дошта, дар ДДМИТ ба таври мунтаззам ба роҳ монда мешавад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия