Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Фаъолнокии донишҷўёни ДДМИТ дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ

Фаъолнокии донишҷўёни ДДМИТ дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ

      Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

      Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия - математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад.

       Рўзи 4-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Лисейи Умари Хайём”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир шуд.

       Дар ин озмун омўзгорону донишҷӯёни ДДМИТ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида, ба даври шаҳрии ин озмун роҳхат гирифтанд.Аз ҷумла, аз рӯйи номинатсияи математика - ҷойи 1-ум ба Ҷамолиддин Тўраев, аз рўйи номинатсияи ихтирокорӣ ва навоварӣ - ҷойи 2-юм ба Ҳумайнӣ Носиров ва ҷойи 3-юм ба Шукрона Тошбоева, аз рўйи номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ - ҷои дуюм ба Умар Умаров ва ҷои сеюм ба Муҳаммад Яқубов насиб гардид. Дар номинатсияи химия бошад, ба Сомон Мирзоев ҷойи ифтихорӣ дода шуд.

      Лозим ба ёдоварист, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баҳри дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мусоидат менамояд.


Шуъбаи иттилоот ва нашрия