Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ


Кафедраҳои факултет


Маълумот дар бораи факултет



F_MIB600.jpgФакултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо қарори Шӯрои олимони собиқ Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти №56/И аз 26.06.2012 сол «Оиди таъсиси факултетҳо ва кафедраҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» таъсис дода шуда, дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2012-2013 ба фаъолияти худ шурӯъ намудааст. 


Бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳтарам Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим аз соли 2023 роҳбарии факултетро н.и.и., дотсент Убайдов Фахриддин Сайфиддинович ба ӯҳда доранд. 







Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ кафедраҳои зерин амал мекунанд;
1. кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ; 
2. кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ; 
3. кафедраи фаъолияти гумрукӣ . 


Роҳбарии кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Убайдуллоев Фаридулло Каримович, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳониро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шарипов Садриддин ва кафедраи фаъолияти гумрукиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатов Хуршед ба ӯҳда доранд. 


Ба сохтори факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Шӯрои олимони факултет, Шӯрои илмӣ-методии факултет, эдвайзерони факултет оид ба таълим, тарбия, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ,Офис-бақайдгиранда иттифоқи касаба, коргузор, кафедраҳо, инчунин созмонҳои ҷамъиятии факултет дохил мешаванд. 


Вазифаи асосии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ин  тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгу ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷ ба шумор рафта, ҷараёни таълиму тарбия, дар шуъбаи  рӯзонаи факултет ба воситаи айёниятҳои муосири таълимӣ ва камераҳои мушоҳидавии замонавӣ назорат карда мешавад. 


Бо таълиму тарбияи донишҷӯён устодони варзида, аз ҷумла 3 нафар профессорон, докторони илм, 13 нафар дотсентон, номзадҳои илм,  12 нафар муаллимони калон ва 20 нафар ассистентон машғул мебошанд. Бояд қайд кард, ки факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо устодони унвондор ба ҳиссаи 42,4% таъмин карда шудааст. Аз ҷумла кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ 30%, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ 32% ва кафедраи фаъолияти гумрукӣ 30% бо устодони унвондор таъмин мебошанд. 


Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар шароити имруза аз рӯи ихтисосҳои зерин, аз ҷумла: ихтисоси 1-25010407 - молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти беруна, 1-960101 - хадамоти гумрукӣ, 1-250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ, 1-25010305 - инвеститсияи байналмилалӣ, 1-96010102 - таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ, 1-96010103-бехатарии иқтисодӣ, 1-26020202 - менеҷменти байналхалқӣ, 1-26020210 - менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ, дар шӯъбаи рӯзона  мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо дараҷаи олӣ-бакалавр тайёр менамояд. 


Бояд қайд намуд, ки дар факултет 892 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар шӯъбаи  рӯзонаи низоми таҳсили кредитӣ 41 гурӯҳи академӣ, мавҷуд мебошад. Мавриди қайд аст, ки дар ихтисосҳои ба факултет вобаста карда шуда, донишҷӯёни хориҷӣ низ таҳсил менамоянд.


Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошад. Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар асоси мавзӯи умумии «Самтҳои асосӣ ва ҳамгироии иқтисодиёти Тоҷикистон дар хоҷагии ҷаҳонӣ» ба роҳ монда шуда, аз се қисмат иборат мебошад, аз ҷумла: - Масъалаҳои методологии рушди муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ дар ҳамгироии иқтисодӣ; -Дурнамои инкишофи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - Асосҳои методии танзими давлатии иқтисод иборат мебошад. Дар факултет Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон ташкил карда шудааст, ки онҳо аз рӯи нақшаи корӣ ҷамъ шуда, масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи иқтисодиётро мутолеа менамоянд. Инчунин дар факултет Зермаҳфили «Зеҳн» таҳти роҳбарии декани факултет Убайдов Ф.С. фаъолият менамояд, ки котибии онро муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Шарифзода Г. бар ӯҳда дорад. Дар назди кафедраҳои тахассусии факултет маҳфилҳои илмии донишҷӯён, аз қабили «Бизнеси байналхалқӣ», «Гумрукчии ҷавон», «Молиячиёни ҷавони байналхалқӣ» фаъолият менамоянд. Дар факултет ба созмонҳои донишҷӯён диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуда, донишҷӯён берун аз дарс ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда мешаванд. Бештар донишҷӯён бо корҳои ҷамъиятӣ дар созмони ҷавонон, шӯрои сардорон, шӯрои бонувон, созмони иттифоқи касабаи донишҷӯён, қисми фарҳанг ва варзиш машғул мебошанд, ки роҳбарии бевоситаи ин созмонҳоро аз зумраи донишҷӯёни аълохон ва фаъол ба ӯҳда доранд. Дар самаранок фаъолият намудани созмонҳои номбурда бештар заҳмати Шӯрои кураторон хело ҳам назаррас аст. 


Мавриди қайд аст, ки дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ таҳсил дар ихтисосҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ бо забони англисӣ, хадамоти гумрукӣ бо забони русӣ, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти беруна бо забони русӣ гурӯҳҳои академӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамаи фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ онҳо пурра бо забони англисӣ ва русӣ фаро гирифта мешаванд. 


Бо ташаббуси бевоситаи Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар асоси шартномаи мубодилаи донишҷӯ донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ имкон доранд дар донишгоҳу донишкадаҳои пешрафтаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо донишгоҳ шартномаи ҳамкорӣ доранд таҳсил намоянд. 


F_Iq400.jpgКафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ

Ташкил ва инкишофи кафедра бевосита бо таъсиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобастагии калон дорад. Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ кафедра ҳамеша мақоми назаррас дошта, он маркази омӯзиш ва тадқиқотҳои илмии яке аз соҳаҳои асосии берунииқтисодии кишвар – ҳамгирои ба иқтисодиёти ҷаҳон мебошад. Бартарияти асосии кафедраи мазкур дар он аст, ки пеш аз ҳама, кадрҳои он дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар талабгор дошта, вазифаҳои асосиро барои устувории дипломатияи тоҷик ва устувории иқтисодиёти миллӣ ба роҳ мемонад. Аз давраи фаъолият то инҷониб кафедраи мазкур бо корхонаҳои истеҳсолии кишвар, ташкилоту муассисаҳо ва бо институтҳои молиявии ҷаҳонии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ҳамкории зич дошта, мутахассисонро вобаста ба самтҳои зарурӣ тайёр менамояд. Дар баробари ин, кафедра барои беҳтар ба роҳ мондани самти таълим, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва тарбия мутахассисонро аз бонкҳо, институтҳои молиявӣ-қарзӣ, пажуҳишгоҳҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои хондани лексияҳо даъват менамояд. 

F_Qn401.jpgКафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалкӣ 

Кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалкӣ кафедраи тахассусӣ буда, мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва ҷаҳониро дар соҳаи молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна, инвеститсияи байналхалқӣ тайёр менамояд. Дар кафедраи мазкур нақшаи илмии олимон ва муҳақиқони ҷавони кафедра, ки дар доираи он устодони ҷавони кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои молиявию қарзии байналхалқӣ, сармоягузориҳоро таҳлил менамоянд. Бо мақсади сайқал додани малакаю маҳорат ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ҷалб кардани онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Молиячиёни байналмилалӣ» фаъолият менамояд, ки нақши он дар такмили маҳорату касбияти тахассусии донишҷӯён назаррас аст. 



F_Qn400.jpgКафедраи фаъолияти гумрукӣ 

Кафедраи фаъолияти гумрукӣ, кафедраи тахассусӣ буда, донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои хадамоти гумрукӣ, таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ ва бехатарии иқтисодӣ тайёр менамояд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба робитаҳои таълимию илмӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии донишҷӯён ва ба амалия пайванд намудани донишҳои назаариявии дар донишгоҳ азхуд намудаи донишҷӯён кафедра пайваста бо Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук, колеҷи созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо ва Раёсати гумрукии минтақавии шаҳри Душанбе ҳамкорӣ намуда, инчунин донишҷӯёнро барои такмили маҳорати касбиашон барои таҷрибаомӯзӣ ба мақомотҳои гумруки кишвар равона менамояд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯз то рӯз дар тайёр намудани мутахассисони арзандаи соҳаи молия ва иқтисоди кишвар мақоми хосса касб намуда, дар ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ низ дар ҷумҳурӣ мавқеи муайянеро касб намудааст. Натиҷаи ин гуфтаҳоро мо дар фаъолияти факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ мушоҳида менамоем.