Мақолаҳо

КОРРУПСИЯ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ МУОСИР АСТ
Дар замони имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои муҳимми умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад.
Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд намуданд: “Бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додем”. Албатта, муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатамон маҳсуб меёбад.
Гарчанде мақомотҳои ваколатдор назорати давлатии молиявиро барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳи ошкорсозӣ ва дигар роҳҳое, ки қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро менамояд, то ҳол коррупсия як зуҳуроти номатлуби ҷомеа боқӣ мондааст.
Алҳол коррупсия бо маънои гуногун дар ҷомеа фаҳмида мешавад, аз ҷумла ба маънои суиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо ва хешутаборчигӣ мебошад.
Худи маънои коррупсия аз ду калимаи лотини “correi” – якчанд иштирокчӣ аз як гурўҳ ва “rumpere” – шикастан, зиён расонидан, аз байн бурдан ва бекор кардан мебошад. Баъдан, коррупсия бо маънии бо роҳи мукофотдиҳӣ ба худ моил кардан, яъне харида гирифтани шахсони мансабдор ва ба манфиатҳои шахсӣ истифода бурдани воколатҳои хизматии шахсони мансабдор пайдо гардидааст.
Мафҳуми коррупсияро Конгресси 9-уми Созмони Милали Муттаҳид ба маънои коррупсия – суиистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ пешниҳод кардааст.
Лозим ба ёдоварист, ки яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди коррупсия, ин пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади самаранок гардонидани фаъолият дар ин самт вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор, ки субъектҳои муқовимат бо коррупсия мебошанд, дар самти муқовимат бо коррупсия фаъол буда, барои баланд бардоштани нуфуз ва обрӯи байналмилалии кишвари ҷавонамон роҳбарони субъектони муқовимат бо коррупсия масъул мебошанд.
Алҳол, новобаста аз он ки дар кишвар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр мегардад ва аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи давлатӣ садҳо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкору дастгир мешаванд, вале, мутаассифона, ҳанӯз ҳам ришвахӯрӣ дар ҷомеа аз байн нарафта, баръакс, то ҳол идома дорад.
Мутаассифона, нафароне дар ҷомеа ҳастанд, ки дидаю дониста ба ҳолатҳои коррупсионӣ даст мезананд. Агар аз нигоҳи ахлоқӣ ба ин падида назар андозем, баъзе ҷиноятҳои коррупсионӣ дар байни қисми аҳолӣ ҳамчун меъёрҳои иҷтимоӣ қабул шудаанд. Аз ҷумла, додани пора барои озод намудан аз ҷавобгарии маъмурӣ, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, дохил шудан ба макотиби олӣ, аз ҳар гуна ҷавобгарӣ озод намудан, бо ҷойи кор таъмин намудан ва дигар амалҳо гӯё як кори муқаррарӣ бошанд.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомотӣ давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бо коррупсия, корҳои таблиғотию ташвиқотие, ки моҳияти зиддикоррупсионӣ доранд, ба роҳ монда шаванд.
Панҷшер Самадзода, донишҷўи курси 3-юми факултети ҳисобдорӣ ва омор