Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

         Рӯзи 19-уми июни соли равон дар факултети ҳуқуқи иқтисодӣ ва гумруки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ–пояи сулҳу субот ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол” баргузор гардид.

         Нахуст, чорабиниро мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Ҷамурод Бобозода, ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки сулҳу субот яке аз дастовардҳои беназири халқи тоҷик буда, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми сарбаландӣ кишварамон мебошад. Имрӯзҳо бо ифтихор кайд мекунем, ки вахдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст.

        Сипас, пррофессори кафедраи менеҷмент Иномҷон Аминов, андешаронӣ намуда, қайд кард, ки устувории Ваҳдати миллӣ омили асосии имконияти ҳали мушкилиҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеаро фароҳам меорад. Лозим ба ёдоварист, ки таҷрибаи бобарори сулҳи тоҷикон ва ба самар расидани он дастоварди беназир ва азими дипломатияи муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. 

       Дар идома, мудири кафедраи менеҷмент Илҳом Неъматов оиди мавзуи матраҳшаванда суханронӣ карда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ маънои иттиҳоди ҳамаи халқу миллатҳо ба хотири ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ ва рушди давлатдорӣ ба шумор меравад. Яке аз натиҷаҳои муҳими Ваҳдати миллӣ ин таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти кишвар мебошад, ки ин ду унсур барои рушди иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. 

Дар фарҷом, миёни ширкаткунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт.


Маҳбуба Fафорова, эдвайзер оид ба тарбияи факултети ҳуқуқи иқтисодӣ ва гумрук