Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт


Кафедраҳои факултет



Маълумот дар бораи факултет


Fac_tekh400.jpgБо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо қарори Шӯрои олимони донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) таҳти рақами №1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 таъсис дода шудааст. Бинобар сабабаи талаботи замони муосир, бо суръати баланд рушд ёфтани технологияҳои информатсионӣ ва рақамикунонии фаъолияти соҳаҳои алоҳида, татбиқи бандҳои алоҳидаи “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30 декабри соли 2019 таҳти № 642, “Консепсияи таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042” аз 31 августи соли 2022 таҳти № 439, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)” аз 30.07.2020 таҳти №427, инчунин, эълон гардидани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2024 тибқи қарори Шурои олимони донишгоҳ аз санаи 06.02.2025 таҳти № 06/5.3 номи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ба факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ иваз карда шуд.

Аз соли таъсисёбии факултет то моҳи феврали соли 2016 вазифаи декани факултетро д.и.и., профессор Кошонова Манзура Раҳматҷоновна ба ӯҳда дошт. Аз моҳи феврали соли 2016 то моҳи феврали соли 2018 н.и.и., дотсент Нурализода Амрулло Назрулло роҳбарии факултетро ба ӯҳда дошт, ки дар ин давра факултет ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи феврали солаи 2022 вазифаи декани факултетро н.и.и., дотсент Неъматов Илҳомиддин Усмонович ба ӯҳда доштанд.

Аз 15 – уми феврали соли 2022 то инҷониб вазифаи декнаи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ н.и.ф.-м., дотсент Темурбекова София Давронбековна ба ӯҳда дорад. 

Факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣмутахассисони баландихтисосро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат омода менамояд. Айни замон дар факултет кафедраҳои тахассусии иқтисоди рақамӣ ва логистика, информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт ва низоми иттилотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт фаъолият намуда, мутахассисонро мутобиқ ба шароити имрӯзаи бозори меҳнат аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода менамоянд: 

•                   1-3103060104-технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт;

•                   1-26020323-логистика;

•                   1-31030407-технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявӣ;

•                   1-40010202 -технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт;

•                   1-25 0112 00-информатикаи иқтисодӣ;

•                   1-4001020201- технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ;

•                   1-98010101- амнияти компютерӣ;

•                   1-25011026 - иқтисодиёти рақамӣ;

•                   1-31030602 - кибернетикаи иқтисодӣ.

Аз рӯйи ихтисосҳои дарҷгардида кадрҳо барои соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишвар бо дараҷаи маълумоти олӣ-бакалавр тайёр карда мешаванд. Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи раёсати донишгоҳ дар факултет қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт ба магистратура ба роҳ монда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки аз давраи таъсиси таълимгоҳ то ба имрӯз факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсиноӣ аз рӯйи ихтисосҳои мавҷудаи шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ  мутахассисони зиёд хатм намуда, хатмкунандагон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар фаъолият доранд. 

Базаи моддию техникии факултет низ сол то сол беҳтар гардида истидоааст. Дар синфхонаҳо тахтаҳои электронии ҳозиразамон насб гардида, устодон усулҳои бо усулҳои муосири таълим (слайдҳо) ба донишҷӯён дарс мегузаронанд. Дар факултет 4 синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ ва проектор мавҷуд аст, ки он барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ-лаборатории фанҳои тахассусӣ мусоидат мекунад. Бояд иброз дошт, ки 60%-и ҳайати устодони факултетро омӯзгорони дараҷаи илмидошта ташкил медиҳанд. Факултет ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола натиҷаи тадқиқоти илмии онҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи дохил ва хориҷи кишвар, маҷмӯаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ ва конфронсҳои сатҳи байналхалқӣ ва маҷаллаҳои дохилию хориҷӣ ба нашр мерасанд. 

Қобили зикр аст, ки донишҷӯёни факултет дар озмунҳои сатҳи гуногун фаъолони ширкат варзида сазовори ҷойҳо намоён гардиаастонаанд. Дар ин баробар таҳи 3- сол дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” иштирок намуда  аз руйи наминатсияи математика ва технология сазовори ҷойҳои 2-юм ва 3-юм гардиданд. 



Moliya400.jpg

Кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика

Кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ кафедраи тахассусӣ буда, мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва ҷаҳониро дар соҳаи моделсозии иқтисодӣ-математикӣ, логистика, иқтисодиёти рақамӣ ва технологияҳои иттилоотии идоракунию низомҳои молиявӣ тайёр менамояд. Дар кафедраи мазкур нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки дар доираи он устодони кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, паҳлуҳои гуногуни моделсозии иқтисодӣ-математикӣ, масъалаҳои логистикӣ ва рақамикунонии соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи мамлакатро таҳлил менамоянд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба робитаҳои таълимию илмӣ, ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар бархе аз устодон дар донишгоҳҳои ИМА, Олмон ва Украина такмили ихтисос намудаанд. Дар робита бо ин, устодони кафедра дар лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба идоракунии молияи давлатӣ, таҳлили нишондиҳандаҳои микро ва макроиқтисодӣ бо истифода аз моделсозии иқтисодӣ математикӣ ҳамкорӣ менамоянд, ки натиҷаи он барои шиносои бо корҳои таълимию-илмӣ, сайқалдиҳии дониши назариявӣ, амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён мусоидат менамояд. Барои сайқал додани малакаю маҳорат ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ҷалб кардани онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Моделсозони ҷавон» фаъолият менамояд, ки нақши он дар такмили маҳорату касбияти тахассусии донишҷӯён назаррас аст.



Moliya400.jpg

Кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсонӣ дар иқтисодиёт 

Ташкил ва инкишофи кафедра бевосита бо таъсиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобастагии калон дорад. Дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт кафедра ҳамеша мақоми хос дошта, он маркази омӯзиш ва тадқиқоти илмии яке аз соҳаҳои асосии низоми иттилоотии иқтисодӣ мебошад. Бартарияти асосии кафедраи мазкур дар он аст, ки пеш аз ҳама, кадрҳои он дар бозори технологияҳои иттилоотии кишвар талабгор дошта, вазифаҳои асосиро барои устувории соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба роҳ мемонад. Аз давраи фаъолият то инҷониб кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо ташкилотҳои давлативу тиҷоратии кишвар ҳамкории зич дошта, мутахассисонро вобаста ба самтҳои зарурӣ тайёр менамояд. Дар баробари ин, кафедра барои беҳтар ба роҳ мондани самти таълим ва илм мутахассисонро аз ташкилоту муассисаҳои берунӣ барои дарсгузарӣ даъват менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои такмилдиҳии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони кафедра бо маҷаллаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар хамкориро ба роҳ мондааст.


Moliya400.jpg

Кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт

Кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб рафта, донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои информатикаи иқтисодӣ ва амнияти компютерӣ тайёр менамояд. Вазифаи кафедра аз таъмин намудани тамоми раванди таълимии донишгоҳ дар самти технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ  дар соҳаи иқисодиёт мебошад. Потенсиали кадрӣ – ҳамагӣ 8 нафар омӯзгорон, ки аз он 5 нафарашон номзадҳои илмҳои иқтисодӣ ва физикаю математика мебошанд. Ҳамаи кормандони кафедра дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ ва барномасозӣ таҷрибаи амалӣ доранд. Омӯзгорони кафедра дар барномаҳои хориҷӣ DigEco  ва ERASEMUS ва курсҳои омӯзишӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби сертифекатҳо гардиданд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба робитаҳои таълимию илмӣ, ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар бархе аз устодон дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Олмон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва давлатҳои Осиёи Миёна такмили ихтисос намудаанд. Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои пешбари донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисонро аз рӯи ихтисоси 1-25011200 - информатикаи иқтисодӣ ва 1-98010101 - амнияти компютерӣ тайёр менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси информатикаи иқтисодӣ касби иқтисодчӣ-информатик гирифта, аз рӯи самтҳои иқтисодчии маркази ҳисоббарорӣ, иқтисодчӣ, иқтисодчӣ оид ба таъмини модию техникӣ, иқтисодчӣ оид ба ҳисоби муҳосибӣ  кору фаъолият карда метавонанд. Ихтисоси 1-98010101 - амнияти компютерӣ, мутахассисони соҳаҳои «барномасозӣ ERP, «маъмур» ё «таҳиягари базаи маълумот» ва «муҳандиси амнияти иттилоотӣ» тайёр мекунад. Хатмкунандагони ихтисосҳои кафедра дар Вазорати маориф ва илми ҶТ, Академияи илмҳои миллии ҶТ, Вазорати молияи ҶТ ва дигар ширкатҳои ватаниву хориҷӣ кору фаъолият мекунанд.