Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Маросимҳо

Ҳар ки ба некӣ амал оғоз кард...

Ҳар ки ба некӣ амал оғоз кард...

Эҳдо ба 65-солагии д.и.и., профессор Фақеров Ҳ.Н. Расо 65 сол муқаддам, дар Дашти Ҷами овозадор (ҳамонвақта Шӯробод), дар оилаи марди хоксору ботамкин – акаи Сайид Нуриддин тифли навзоде ба дунё омад, ки падари бофарҳангаш бо ҳазорон орзу ва шукргузорӣ ӯро Ҳамидуллохон ном ниҳод. Дере нагузашта, соли 1963 хонаводаи акаи Сайид Нуриддин дар қатори садҳо хонаводаи дигар ба ҳудуди имрӯза ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар собиқа ноҳияи Москва ном дошт, муҳоҷир карда шуд. Маҳорати фитрии деҳқонӣ ба Сайид Нуриддин имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ ба боғу токпарвари номдор машҳур шавад. 


Чизе ки аз ҳамон хурдӣ қаҳрамони матлаби моро аз дигар кӯдакону наврасон фарқ мекард, майли табиию бисёр возеҳу барҷаста мушоҳидашавандаи ӯ ба сарварӣ буд. Ҳамидуллохони кӯчак ҳам дар мактаб, ҳам дар кори саҳро аз худ хислатҳои сарвариро нишон медод. Баъзан ҳолатҳое мешуд, ки ба ҳамсинфони худ дарс мегуфт. Ӯ ҳама маводро бисёр ба тезӣ дарк мекард ва илова ба ин, бо забони шевои орӣ аз алфози кӯчагӣ ба дигар ҳамдарсонаш ба осонӣ фаҳмонида метавонист. 


Ҳамин тавр, солҳои наврасию мактабхонӣ турнавор гузаштанду Ҳамидуллохон низ мактаби миёнаро хатм намуд. Мисли ҳазорон хатмкунандагон дар назди ӯ масъалаи бисёр мушкилу ҳассоси интихоби роҳи минбаъдаи зиндагӣ истода буд. Қаламкаши тақдир ӯро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он вақтҳо Университети давлатии Тоҷикистон ба В.И.Ленин), ба риштаи иқтисоди савдо овард. Дар зарфи панҷ соли таҳсил Ҳамидуллохон аз худ намунаи беҳтарини донишомӯзӣ, интизом ва саъю кӯшиш нишон дода, онро ба баҳои «аъло» хатм намуд. 


Баъди хатми донишгоҳ, бо роҳхат ҳамчун мутахассиси ҷавон ба филиали «Пажӯҳишгоҳи умумииттифоқӣ доир ба омӯзиши талаботи аҳолӣ ва вазъи савдо» дар шаҳри Душанбе ба симмати иқтисодчӣ ба кор қабул гардид. Дар ин пажӯҳишгоҳ намояндагони халқу миллатҳои гуногун кор мекарданд. Ҳарчанд дар сиёсати расмии ҳамондавра баробарии ҳамаи қавму миллатҳо тарғиб мешуд, вале дар амал ин тавр набуд. Аксаран ба қобилияти таҳқиқотчигии кадрҳои ҷавони маҳаллӣ бо шубҳа менигаристанд. Барои ҳар як мутахассиси ҷавон лозим меомад, ки малакаю маҳорати худро дар амал нишон диҳад. Танҳо дар ин сурат ҳайати кормандони корхона ӯро мепазируфт ва барояш ҳуқуқи баробар қоил мешуд. 


Фақеров Ҳамидуллохон солҳои 1986-1987 ҳамчун ходими калони илмии шуъбаи ояндабинии талаботи аҳолӣ ва вазъи савдо дар муассисаи номбурда адои вазифа кардааст. Дар баробари ин, як муддат ба ҳайси раиси кумитаи иттифоқҳои касаба дар Пажӯҳишгоҳи мазкур кор карда, барои соҳиби манзили истиқоматӣ шудани чандин мутахассиси маҳаллӣ мусоидат кардааст. Ҳамидуллохон Нуриддинович панди зерини Ҳаким Низомиро шиори зиндагии худ карда буд: 


Умр ба хушнудии дилҳо гузор,
То зи ту хушнуд шавад кирдугор. 
Сояи хуршеди саворон талаб, 
Ранҷи худу роҳати ёрон талаб. 


Умре барои ҳақталошӣ ва пуштибониаш аз кадрҳои миллӣ гапшунав шуда бошад ҳам, мавсуф аз принсипҳои худаш даст накашидааст. 26 апрели соли 1986 дар неругоҳи барқи атомии Чернобил, воқеъ дар қарибии шаҳри Припятии Украина садамаи мудҳиш ба вуқуъ омад ва ба муҳити атроф моддаҳои зиёди радиоактивӣ пош хӯрд. Ин садама дар таърихи энергетикаи атомӣ, ҳам аз теъдоди қурбониёни эҳтимолӣ ва ҳам аз нигоҳи оқибатҳои фоҷеабораш барои наслҳои минбаъда ва иқтисоди давлат ҳамто надошт. 


Дар баробари даъвати ҳазорон нафар мутахассисон ва муҳандисон, Ҳамидуллохон Нуриддинович низ барои бартарафсозии оқибатҳои ин садама сафарбар карда шуд. Ӯ дар рафъи садамаи Чернобил ҳамчун хизмачии ҳарбӣ иштирок кардааст. 


Баъди мураххасӣ, Фақеров Ҳ.Н. дар пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Украина, воқеъ дар пойтахти он - шаҳри Киев ба таҳқиқоти илмии худ идома дода, соли 1989 дар мавзуи «Ояндабинии равнақи шабакаҳои чаканафурӯшӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва соҳиби унвони номзади илми иқтисод гардид. 


Аз соли 1992 сар карда, фаъолияти меҳнатии Фақеров Ҳ.Н. бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳамидуллохон Нуриддинович дар ин таълимгоҳ дар вазифаҳои гуногун - муаллими калон, ҷонишини декани факултаи менеҷмент ва ҳисобдорӣ, декани факултаи иқтисодию менеҷмент ва баҳисобгирӣ ва таҳсилоти ғоибона, муовини аввали ректор оид ба таълим фаъолият карда, сабзид. Ҷаҳду талоши бесобиқа, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббускорию созандагӣ, кордонию ободкориии Ҳамидуллохон Фақеровро Роҳбарияти олии кишвар ба назар гирифта, моҳи октябри соли 2000 ӯро ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъин намуданд. Дар давоми солҳои 2000-2009 бо кӯшишу талошҳои Фақеров Ҳ.Н. ва тими ӯ таълимгоҳи мазкур дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба яке аз мақомҳои пешсаф баромад. Аввалин шуда, дар ин боргоҳи илм низоми Болонии таълим ҷорӣ карда шуд, академияи “Эднет”, маркази таълимӣ ва сертификатдиҳии 1С-муҳосибот ташкил гардида, биноҳои таълимӣ обод, саҳни донишгоҳ сабзу хуррам карда шуд. Саҳми ӯ, инчунин, дар барпо намудани базаи моддӣ-техникии донишгоҳи мазкур қобили таҳсин аст. 


Дар баробари ташкилотчии моҳир будан, ҳамчун олими варзидаи соҳаи иқтисод аввалин маҳсули илмии Фақеров Ҳ.Н. «Аҳамияти омӯзиши пешгӯиҳо дар ташаккули нақшагирии шабакаҳои савдои чакана» ҳанӯз соли 1984 ба табъ расида буд. Таълифоти илмии Фақеров Ҳ.Н., аз қабили: «Методологияи пешгӯиҳои дарозмуддат дар шабакаҳои савдо», «Равандҳои бунёдсозии низоми нишондиҳандаҳои дурнамои инкишофи шабакаи савдо», «Консепсияҳои инкишофи тиҷорати молҳои алоҳидаи истеъмолӣ дар Тоҷикистон» дар соҳаи тиҷорат андешаи наву бикр буда, аҳаммияти бузурги назариявӣ ва амалӣ доранд. 


Натиҷаҳои таҳлили дақиқназаронаи Фақеров Ҳ.Н. таҳти унвони «Назария ва амалияи ташаккули зерсохторҳои бозори истеъмолӣ», «Бозори истеъмолӣ: масоили танзимкунӣ» шомили масъалаҳои танзими бозори истеъмолот аз мавқеи зарурати мутобиқсозии талаботу пешниҳод, масъалаи равшаннамоии ҳудудҳо, усул ва шаклҳои таносуби тақозо ва арза, аз ҷониби давлат ба танзим даровардани даромади аҳолӣ, ҳамчун асоси ташаккул ва такмилсозии зерсохторҳои бозори истеъмолӣ дар ташаккули илми иқтисоди миллӣ саҳми босазое гузоштаанд. Пажӯҳишҳо ва таҳқиқоти чандинсолаи илмӣ имконият дод, ки Ҳамидуллохон Нуриддинович соли 2004 дар Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Новособирск дар мавзуи «Ташаккул ва рушди бозори истеъмолии Тоҷикистон» рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи баланди доктори илмҳои иқтисодӣ бомуваффақият ҳимоя намояд. 


Мавзуи минбаъдаи таҳқиқоти Фақеров Ҳамидуллохонро масоили муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ, ба монанди истифодаи сарватҳои меҳнатӣ, шуғлнокӣ ва сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, садҳо мавзуъҳои мубрами рӯз буда, мақолаҳои илмӣ ва асарҳои пурарзише офаридааст. Ҳамаи ин хизматҳои арзанда натиҷаи он гашт, ки ӯ соли 2004 ба гирифтани унвони профессори кафедраи иқтисод ва ташкили соҳибкории донишгоҳ мушарраф гардид. 


Илова бар ин, профессор Фақеров Ҳ.Н. бо ҳаммуаллифии олимони соҳаи иқтисод якчанд асарҳои илмию методии пурарзиш низ офаридааст, ки ҳар кадом барои баланд бардоштани сатҳи маърифати касбии мутахассисони соҳаи иқтисод ҳаётан заруранд. 


Устод Ҳамидуллохон Нуриддинович аз зумраи донишмандони камшумори соҳаи иқтисод мебошад, ки мактаби илмӣ дорад ва ба маънои томи ин мафҳум соҳибмактаб аст. Мавсуф дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва ғанигардонии иқтидори кадрии муассисаҳои таҳсилоти ватанӣ саҳмгузор буда, ҳафт шогирдаш соҳиби дараҷаи баланди доктори илми иқтисод шудаанд ва даҳҳо шогирдони дигараш дар мавзуъҳои гуногуни иқтисодӣ рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя кардаанд. 
Ҳамзамон, профессор Фақеров Ҳ.Н. муаррифгару мубаллиғи беҳамтои илми иқтисоди ватанӣ аз минбарҳои сатҳи гуногун буда, дар даҳҳо конфронсҳои бонуфузи байналмилалӣ дар мавзуъҳои иқтисодӣ бо маърузаҳо баромад намуда, дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифтааст. 


Илова бар ин, профессор Фақеров Ҳ.Н. ба сифати раиси комиссияи экспертии назди Кумитаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт, раиси Шурои дифои рисолаҳои докторӣ дар назди ДДТТ, раиси Шурои ректорони мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Клуби ректорони макотиби олии Аврупо ва аъзои коллегияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. 


Фаъолияти гуногунҷабҳаи профессор Фақеров Ҳ.Н. ҳамчун ташкилотчии моҳири соҳаи маориф, устоди барҷаста дар соҳаи таълиму тарбия ва навовар дар ҷодаи илму маориф соли 2000-ум бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2007 бо Ҷоизаи байналмилалии ба номи Суқрот қадрдонӣ карда шуд. Мавсуф инчунин, дорандаи мантияи профессори Донишгоҳи байналмилалии Вена ва мантияи аъзои Иттифоқи ректорони Аврупо мебошад. 


Давоми солҳои 2008-2011 устод Фақеров Ҳ.Н. дар вазифаи бисёр пурмасъулияти мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. 


Як муддат профессор Фақеров Ҳ.Н. дар вазифаи муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, давоми солҳои 2012-2017 ба ҳайси сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе ифои вазифа кардааст. Аз ин рӯ, бемуҳобо, гуфтан мумкин аст, ки на танҳо дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, балки дар ташаккули низоми мактабу маорифи кишвар, дар сатҳи ибтидоию миёна низ саҳми ӯ бузург аст. 


Чизе ки бисёр кам иттифоқ меафтад, ин аст, ки мавсуф маротибаи дувум, давоми солҳои 2017-2020 низ дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст. 


Фақеров Ҳ.Н. аз соли 2020 бо даъвати раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ин боргоҳи таълимӣ ҷалб гардида, дар як муддати кӯтоҳ, илова ба неру бахшидану таҳкими иқтидори илмӣ, бо роҳнамоии ӯ шурои диссертатсионии миллӣ аз рӯйи се ихтисос таъсис ёфта, дар афзудани сафи дорандагони дараҷаи илмӣ саҳми беназир гузоштааст. Имрӯзҳ, Фақеров Ҳ.Н. ҳамчун профессори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ, раиси шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои илмии 6DKOA-014 назди ҳамин донишгоҳ фаъолият дорад. 


Ин чанд шаммае аз рӯзгори марди накуном, инсони комил, устоди соҳибмактаб, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович эҳдо ба хотири ҷашни мавлуди эшон ва расидан ба синни мубораку бобаракоти 65-солагист. Аз ҳамин чанд сатри мухтасар аллакай ҳақиқати суханони пурҳикмати Низомии бузург ҳувайдост, ки фармуда: 


Ҳар кӣ ба некӣ амал оғоз кард, 
Некии ӯ рӯй бад-ӯ боз кард! 


Аз ин рӯ, дар фароварди сухан ба устод Фақеров Ҳ.Н. бақои умру имон, тандурустии комил, саодатмандию хонаободӣ, роҳати фарзандону наберагон ва саодати дорайнро таманно карда, умедворем, ки ба инояти Худовандӣ солиёни дароз аз иршоду раҳнамоии эшон баҳравар мешавем. Устоди азиз: 


Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ, 
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ! 


Убайдулло Фаридулло Каримӣ, н.и.и., дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон