Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Маросимҳо

Дастоварди илмии навбатӣ

Дастоварди илмии навбатӣ

Боиси хушнудист, ки соли 2023 бо дастовардҳои илмӣ ҷамъбаст мегардад ва пайи ҳам бонувони донишщгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя менамоянд. Ин навбат рӯзи 16 декабри соли равон дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-019 Ғафорова Шаҳноза Абдуҷабборовна, ассистенти кафедраи ҳуқуқӣ молиявӣ, иқтисодӣ ва зиддикоррупсионӣ рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Хусусиятҳои криминологии зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирии он» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ зери роҳбарии Назаров Аваз Қувватович – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муваффақият ҳимоя кард. 
Аҳаммияти натиҷаҳои бадастовардаи довталаби дараҷаи илмӣ дар амалия чунин тасдиқ карда мешаванд, ки натиҷаҳои он метавонанд дар раванди такмили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти зӯроваридошта дар оила истифода шаванд, инчунин дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии оила ва аъзоёни онро муҳофизат мекунанд, ба таври васеъ ба кор бурда шаванд. 
Мо Шаҳноза Ғафороваро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод намуда, ба корҳои минбаъдааш муваффақиятҳои навинро таманно дорем.