Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Факултети иқтисод ва бизнес


Кафедраҳои факултет



Маълумот дар бораи факултет


Biznes600.jpgФакултети иқтисод ва бизнеси яке аз сохтори муҳими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла сохтори бизнес ва соҳибкорӣ, соҳаи андоз ва андозбандӣ, суғурта ва реклама ташкил карда шудааст.


Айни замон дар факултет 921 нафар донишҷӯ таҳсил доранд, ки аз инҳо дар шӯъбаи рӯзона 618 нафар, ки ба шакли буҷавӣ 143 ва шартномавӣ 475 ва дар шуъбаи ғоибона 303 нафар, аз он ҷумла 15 шакли буҷавӣ ва 188 нафар ба шакли шартномавӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ба донишҷӯён 1 нафар академик, 1 нафар профессор, 7 нафар дотсент, 4 нафар муаллими калон ва 21 нафар ассистент дарс мегуянд.


Дар факултети иқтисод ва бизнес тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:


1-25010403 - андоз ва андозбандӣ; 

 1-25010404 - суғурта; 

1-23010203 - кори реклама; 

 1-25010728 - иқтисод ва идора дар корхонаҳои хурду миёна; 

 1-26010101 - идораи давлатӣ ва маҳалӣ; 

 1-26020212 – идораи ҳайати кадрӣ;


Қисмати асосии фаъолияти факултети иқтисод ва бизнесро тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ташкил медиҳад, ки ҷараёни таълиму тарбия ҳам дар шӯъбаи таҳсили рӯзона ва ҳам дар шӯъбаи таҳсили ғоибона аз руи ду низом, яъне низоми анъанавӣ ва низоми таҳсили кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Низоми кредитӣ низоми аврупоии таҳсилот ба ҳисоб рафта, ин гуна шакли таълим дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон маъруф мебошад ва донишҷу метавонад дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳои мамлакатҳои Аврупо аз руи ин низом таҳсил намояд ва дар ҳолати интиқол шудани он ба макотиби олии дигар давлат бе мамоният таҳсили худро идома диҳад.


Дар факултет корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷузъи ҷудонашаванда ва пешбарандаи даргоҳи илму-марифат ба ҳисоб меравад. Корҳои илмӣ-тақиқотӣ дар асоси мавзӯи умумии «Тараққи ёфтани усулҳои иқтисодию молиявии танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ дар шароити ҳамгироии Тоҷикистон ва амал намудани он дар доираи бехатарии хоҷагии ҷаҳонӣ» ба роҳ монда шудааст. Дар факултети мазкур «Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон», ки аз ҳисоби устодони то синни 35 сола ташкил карда шудааст, ҳар моҳа як маротиба ҷамъ шуда, оиди ин ё он мавзуҳои мубрами рӯз мутолеа менамоянд. Инчунин дар назди факултет се маҳфили илмӣ-мубоҳисавии донишҷӯён: «Андозситони ҷавон», «Суғуртакунандаи боварибахш» ва «Иқтисод ва идора» мувофиқи нақшаи тасдиқшуда фаъолият менамоянд.истодаанд.


Дар факултет ба созмонҳои донишҷӯён диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуда, донишҷӯён берун аз дарс ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда мешаванд. Бештари донишҷӯён бо корҳои ҷамъиятӣ дар созмони ҷавонон, шӯрои сардорон, шӯрои бонувон, созмони иттифоқи касабаи донишҷӯён, қисми фарҳангӣ ва варзиш машғул мебошанд, ки роҳбарии бевоситаи ин созмонҳоро аз зумраи донишҷӯёни аълохон ва фаъол ба ӯҳда доранд. Дар самаранок фаъолият намудани созмонҳои номбурда бештар заҳмати Шӯрои кураторон, ки аз 31 нафар устодон иборат мебошанд хело ҳам назаррас аст.