Мақолаҳо

КОРРУПСИЯ – САДДИ РУШДИ ҶОМЕА
Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб ва хатарнокест, ки дар ҳамаи зинаҳои ҷомеа - аз сатҳи шахсӣ то сатҳи байналмилалӣ реша давонда, ба рушди устувори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ монеа эҷод мекунад. Он ба маънои истифодаи ғайриқонунии мансаб ва ваколатҳои хизматӣ барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ё хешутаборӣ мебошад. Мутаассифона, ришвахўрӣ имрӯзҳо дар бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла, давлатҳои пасошуравӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ васеъ паҳн гардидааст.
Қобили зикр аст, ки коррупсия танҳо як мушкилии сиёсӣ набуда, балки омили таъсиррасон ба тамоми сохторҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва иқтисодии ҷомеа ба шумор меравад. Аслан, ин ҳолатро наметавон нодида гирифт, зеро ин амалҳо барои тамоми кишварҳои олам хатарзо буда, оқибатҳои ногуворро ба бор меоранд.
Амалҳои коррупсионӣ дар тамоми давру замонҳо миёни мардум ҷой доштанд ва имрўзҳо он дараҷаи баландро касб кардаанд ва ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука оварда, дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд монеа эҷод мекунанд.
Коррупсия ва ҷиноятҳое, ки дар умум, дорои хислати коррупсионӣ ҳастанд, дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир, аз қабили экстремизм, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир асосҳои давлатдориро заиф менамоянд, барои рушди умумимиллӣ монеа эҷод мекунанд. Он болоравии иқтисодиётро боздошта, ба некуаҳволии мардум таъсири манфӣ мерасонад, ки ин сулҳу субот ва оромии ҷомеаро низ халадор месозад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ муборизаи ҳамагониро алайҳи амалҳои коррупсионӣ таъкид намуда, решакан кардани онро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди баору номус меҳисобанд. Зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 Президенти кишвар чунин таъкид доштанд: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷўӣ карда шавад”.
Мубориза бо коррупсия кори осон нест, вале бо роҳҳои мушаххас ва ҳамаҷониба он имконпазир мегардад. Шаффофияти фаъолиятҳои давлатӣ, рақамисозии хизматрасониҳо, дастрасии оммавӣ ба маълумоти молиявии давлат ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назорат, аз ҷумлаи усулҳои муассири мубориза мебошанд. Хулоса, коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки он боиси заиф шудани пояҳои асосии ҷомеа мегардад. Мубориза бо коррупсия барои сохтани як ҷомеаи одил, солим ва пешрафта бояд қарз ва вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ бошад. Танҳо тавассути иттиҳоди давлат ва ҷомеа, тарбияи маънавии насли нав ва таъмини адолати ҳуқуқӣ метавонем решаҳои фасоду ришваситониро аз байн барем ва роҳи рушду шукуфоии миллатро ҳамвор созем.
Матлабшоҳ Ҳакимзода, муаллими калони кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ