Хабарҳо

Намояндагони ДДМИТ ғолибони озмуни ноҳиявӣ
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки устодону донишҷӯёни ДДМИТ бори дигар аз дониши фарох, қобилияти зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии васеи худ дарак доданд.
Дар таърихи 4-уми июни соли равон дар Лисейи Умари Хайёми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими Ҷоизасупории озмуни Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Дар ин озмун се нафар донишҷӯёни ДДМИТ фаъолона иштирок намуда, сазовори Ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Аз ҷумла, дар номинатсияи адабиёти муосир Эҳсон Ҳомилзода, донишҷўи курси 3 сазовори ҷойи якум, Моҳира Изатуллозода, донишҷўи курси 4 дар номинатсияи адабиёти муосир мақоми сеюмро ва Гулчеҳра Сайдализода, донишҷўи курси 1 ҷои сеюмро дар номинатсияи адабиёти классикӣ ишғол намуданд.
Хушбахтона, ин се нафар ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд. Умед бар он дорем, ки ин зинаҳоро низ бо ғолибият паси сар намуда, номи донишгоҳро боз ҳам баланд хоҳанд кард.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия